logo

иҷтимоиёт

СИПОС БА ҲУКУМАТ БАРОИ БАРТАРАФСОЗИИ ОФАТҲОИ ТАБИАТ

Оилаҳои аз офати табиат осебдидаи як қатор минтақаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Ванҷ аз он сипосгузоранд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то кунун хисороти ба хоҷагии халқ воридшуда пурра бартараф гардида, ҳамоно ёрӣ расонда мешавад.
 
- Аҳли хонаводаи мо ва боз чандин оилаҳои маҳаллаҳои 8 - март,  Сабзига,  Гулистони маркази ноҳияи Ванҷ ва деҳаҳои Убари Даргов, Пшихарв, Баравн, Роғ ва Хаспои деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев, Вотхуд ва Техарви ноҳияи Ванҷ,- гуфт яке аз зарардидагони офати табиат, собиқадори меҳнат Хушвақт Назаров,-  солҳо боз дар канори дарёи Рохарвоб ва дигар рӯдхонаҳо зиндагонӣ мекунем. Манзилҳои зист ва киштзорону боғоти обод доштем. Мутаассифона, борони пуршиддат ва сели даҳшатбор тобистони соли гузашта  ба сокинони соҳилнишин хисороти калоне расонд. Хушбахтона, ин ҳодиса аввали шаб рух дод ва ҷони мардум дар амон  монд. Тайи  рӯзҳое, ки мо  ташвиши ҷиддӣ  доштем ва зери хавфу хатар будем, ба мисли дигар бошандагони минтақаҳои осебдидаи ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон,  Дарвоз, Роштқалъа, Ишкошим, Мурғоб ва манотиқи дигари кишвар ҳар соату ҳар рӯз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳис менамудем.
Пешвои миллат ба вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ванҷ дастур доданд, ки ба хонаводаҳои зарардида ҳамаҷониба ёрӣ расонда шавад. Оилаи серфарзанди мо ва дигар хонаводаҳо аз сӯзану ришта сар карда, то телевизору яхдон, компютер, сарулибос ва маводи ғизоӣ таъмин гаштанд. Ҳамчунин, барои даҳ хонаводаи тамоман бесарпаноҳмонда дар Дашти Бовуд ва шаҳраки Ваҳдат дар кӯтоҳтарин вақт манзилҳои нави зист бунёд шуданд, ки аз хонаҳои пешинаамон беҳтар мебошанд.
Аз меҳрубониҳо, дилсӯзиҳо ва дар ғаму шодии мардум шарик будани Президенти кишвар мардуми ин мулки кӯҳистон бо арзи эҳтиром ва самимият сухан меронанд. Сарвари раъиятпарвари мамлакат ҳамон вақт ба пайвандону наздикони ҳалокушдагони офати табиат изҳори ҳамдардӣ баён карда, ёриҳои зиёди моддӣ низ  расонданд. Аз ҷумла,  панҷ нафар бародару хоҳар аз деҳаи Техарви водии Ванҷи Боло - Меҳринисо, Шамил, Насим, Мусаллам ва Исмигул, ки ҳангоми фаромадани сел падарашон, капитани милитсия Саидаҳрор Раҳмоновро аз даст додаанд, ба ғамхориҳои давлат фаро гирифта шуданд.
Фарҳод Ноёфтов, сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ , низ он рӯзҳоро ба хотир оварда мегӯяд, ки дар аввалин соатҳои фаромадани сел бо супориши Сарвари давлат пули мошингузари мавзеи Лугади деҳоти Водхуд  ва сангу кӯҳпораҳои ба хамгашти роҳҳо фаромада дар қитъаи Курговад - Даштаки шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Мурғоб -  Кулма аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар дар давоми ду рӯз барқарор гардиданд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2016    №: 218    Мутолиа карданд: 2133

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед