logo

фарҳанг

БОЗЁФТИ БОЗ ЯК ШАҲРИ ҚАДИМАИ ЗАМОНИ КУШОНИЁН

Тавре  иттилоъ дода будем, бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар назди деҳаи Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шаҳри қадимаеро пайдо карданд, ки  аз қалъа ва шаҳристон иборат аст. Экспедитсияи бостоншиносии осорхона давоми ду моҳ дар ин мавзеъ  корҳои ҳафриётӣ  гузаронд. Баъди бозгашт  хабарнигори рӯзнома  бо сардори гурӯҳ,  мудири шуъбаи бостоншиносии осорхона, доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ суҳбат орост.
- Қаблан дар бораи ин макони таърихӣ иттилоъ доштед?
- Ёдгории мазкурро  дар ҷараёни як  сафари ҷустуҷӯии бостоншиносӣ кашф намудем. Аввалин бозёфтҳои пайдогардида аз ин макон шаҳодат медоданд, ки он таърихи қадима дорад. Мавзеъ аз се тараф бо ҷариҳои табиӣ иҳота шуда, болояш ҳамвор аст,  қисмати дигараш баландтар. Маъмулан қисмати баланди қалъа  ҷойи ҳокимнишин  ва қисмати поёнӣ, яъне ҳамворӣ  ҷойест, ки  мардум зиндагӣ мекарданд. Мардуме, ки ҳоло дар наздикии ин мавзеъ зиндагӣ доранд, ин маконро қалъа мегӯянд. Маълум гардид, ки борҳо аз  болои ин теппа сиккаҳои гуногун пайдо намудаанд. Баъди машварат  ба хулосае омадем, ки барои пурра омӯхтани мавзеъ дар ин макон ҳафриёт гузаронем. Дар ҷараёни корҳои ҳафриётӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  бо мо ҳамкорӣ дошт. Ҳангоми  кашфи ин макон таваҷҷуҳи мардум ба ин шаҳри бостонӣ зиёд гардид.
 
- Аз натиҷаи корҳои ҳафриётӣ ба  чӣ хулоса омадед?
- Таҳқиқоти мо  собит намуд, ки ин макон воқеан шаҳри қадима аст. Мо дар 6 нуқтаи ин мавзеъ  ҳафриёт гузарондем. Маълум гардид, ки  шаҳр  ду давраро аз сар гузарондааст. Аммо ҳар ду давра ҳам ба замони ҳукумронии  Кушониён рост меояд. Дар ҷараёни ҳафриёт осори зиёд пайдо намудем, ки аз тарзи зиндагӣ ва паҳлуҳои гуногуни ҳайёти мардуми он замон шаҳодат медиҳанд. Аммо муҳимтарини онҳо сиккаҳо мебошанд. Ба ин восита  тавонистем таърихи шаҳрро муайян созем. Дар маҷмӯъ аз қабатҳои гуногун 56 сикка ёфт шуд, ки ҳамаи он марбути замони Кушонианд. Яке аз ин сиккаҳо  ба замони аввалин шоҳи Кушониён - Ҳерай тааллуқ дорад. Боқӣ  ба замони  шоҳигарии Вима Такту, Вима Татфиз ва Канишка. Пайдо шудани сиккаҳои зиёди замони кушонӣ  агар аз як тараф барои солгузорӣ аҳамияти калон дошта бошанд, аз ҷониби дигар аз муомилоти  пулӣ  ва тараққиёти тиҷорат дар ин мавзеъ шаҳодат медиҳанд. Шаҳр дар асри 1- и пеш аз милод пайдо  шуда, то ба асри 2, яъне то замони ҳукмронии Канишка, обод будааст. 
- Агар ин бозёфт ба замони Кушониён  тааллуқ дошта бошад, пас маълум мешавад, ки мардуми он замон оини Зардуштиро парастиш мекарданд.
- Бале. Ду муҷмари (оташдонҳои дастӣ) пайдошуда шаҳодати ин гуфтаҳост.  Бозёфти дигари муҳими мо се бут - ҳайкалча мебошад. Дар дутои он зан, дар яктои дигараш  мард тасвир ёфтааст. Яке аз ин ҳайкалчаҳо хеле ҷолиб аст. Дар он зане тасвир ёфтааст, ки дар домонаш тифл аст ва модар тифлашро навозиш мекунад. Дар асоси  тасвир шудани тифл дар домони модар ба хулосае омадем, ки  дар ин ҳайкалча  модархудо тасвир ёфтааст. Эҳтимол меравад ин модархудо Аноҳито аст. Зеро дар дини зардуштӣ модархудо  Аноҳито ба шумор мерафт. Ду ҳайкалчаи дигар низ ҷолибанд. Аммо муайян намудани шахсияти онҳо  вақтро талаб мекунад.  Дар маҷмӯъ бозёфтҳо муҳим мебошанд ва дар бораи мазҳаб  ва боварҳои мардуми замони Кушониён маълумоти ҷолиб медиҳанд.
 
- Ҳафриёт боз кадом паҳлуи ҷолиб дошт?
- Дар ҷараёни ҳафриёт  хонаҳои истиқоматӣ, ошпазхонаҳоро  пайдо намудем. Ба ҷуз ин, ҳуҷраҳое дарёфт шуданд,  ки ба сифати анбор хизмат мекарданд. Дар ин ҳуҷраҳо хумдонҳо, ки барои нигоҳ доштани  маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешуданд, пайдо гардиданд.
Муҳраҳои ақиқӣ, ангуштарин ва дасмонаҳои биринҷии дарёфтшуда, ки бо маҳорати баланд сохтаву ороиш ёфтаанд, аз завқи баланди зебоипарастӣ  ва аз рушди  ҳунари заргарӣ дар он замон дарак медиҳанд. Нуқтаи муҳими дигар он аст, ки шаҳри ёфтшуда  дар доманаи  кӯҳи  Хоҷамастон, дар наздикии яке аз роҳҳои корвонгузар, яъне тиҷоратии он замон ҷойгир шудааст. Он замон аз наздикии шаҳр роҳе мегузашт ба воситаи кӯҳи  Хоҷамастон ба сӯи  шаҳри Нораки  имрӯза. Аз онҷо ба воситаи Пули сангин  аз дарёи Вахш гузашта, бо Фархор,  аз он ҷо ба Афғонистон  ва аз Афғонистон  ба Ҳиндустон мерафт.  Ин маънои онро дорад, ки ин роҳ  шаҳракро ба ҳамин минтақаҳо пайваст месохт. Роҳ ҳамчунин ба воситаи Файзобод,  Рашт, Олой ва Уш то ба Хитой  мерафт. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки  шаҳр  дар масири роҳи корвонгарде  ҷойгир буд, ки  ба Роҳи Абрешим пайваст мешуд. Эҳтимол меравад, ки ҳамин роҳ  ба рушди тиҷорат таъсир гузоштааст. Ба ин далел метавон гуфт, ки  шаҳр то ҷое шаҳри тиҷоратӣ низ ба шумор мерафт.
Ин мавзеъ ҳоло пурра кашф нашудааст, аз ин рӯ, нақша дорем барои ҳамаҷониба омӯхтани он корҳои ҳафриётиро идома бидиҳем. Умед дорем, ки мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ ва мардуми он мавзеи бостониро аз нестшавӣ нигоҳ медоранд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2016    №: 218    Мутолиа карданд: 2375

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед