logo

иқтисод

НӮШОР РУШД МЕЁБАД

- Дар Ҷамоати деҳоти Нӯшор - калонтарин деҳоти ноҳияи Тоҷикобод соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хеле пеш рафтаанд. Заминҳои дашту васеи корам, боғҳои навбунёдгардидаи серҳосили деҳот дили ҳар бинандаро мафтун мекунанд. Бинои наву замонавии дуошёнаи маъмурии ҷамоати деҳот дар як гӯшаи хушбоду ҳаво қомат афрохта, ба ҳусни ин мавзеъ зебогии  хос мебахшад.
 
Шуғли асосии сокинони ин маҳал мисли дигар мардуми навоҳии кӯҳистон кишоварзист. Дар ҳудуди деҳот 3 хоҷагии коллективӣ ва 527 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият менамояд. Имсол дар майдони 65 гектар картошка, 116 гектар ғалладонаи тирамоҳӣ, 76 гектар гандум ва ҷави баҳорӣ, 8 гектар сабзавот ва 4 гектар лӯбиёӣ кишт, намуда, ҳосили хуб гирифтанд.  Кишоварзон аз ҳар гектар 250 - сентнерӣ картошка ва 32 - сентнерӣ  ғалла, ба даст овардаанд. Соли ҷорӣ дар майдони 5 гектар боғи нав бунёд гардид. Ҷамъи умумии майдони боғот дар ҳудуди ҷамоат 78 гектарро ташкил дода, аз ҳар гектар беш аз 70 - сентнерӣ мева ҷамъоварӣ мешавад.
Чорводорӣ  ва занбӯриасалпарварӣ низ аз шуғли асосии сокинони деҳоти Нӯшоранд. Саршумори чорво ва оилаи занбӯри асал меафзояд. Барои пешгирӣ намудани касалиҳои гуногуни чорво пайваста чораҳои байторӣ андешида мешаванд.
Корҳои ободонию созандагӣ дар асоси Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2013-2017 роҳандозӣ гардида, ба шарофати таҷлили Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза гирифтанд. Тайи ду соли охир (солҳои 2015-2016) аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бинои дуошёнаи маъмурии ҷамоати деҳот иборат аз 16 кабинети корӣ, 8 синфхонаи иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Сари Пул, мактаби таҳсилоти ибтидоӣ дар деҳаи Навобод, аз ҳисоби маблағгузории ташкилоти хориҷӣ  ду бинои  бунгоҳи саломатӣ дар деҳаҳои Сари Пул  ва Файзбор, хатти оби нӯшокӣ дар ҷониби деҳаҳои Навобод (дар масофаи 7 километр), Файзбор (18 километр) ва Чашмасорон (4 километр) ва аз соҳибкорон дар деҳаи Нӯшори Боло корхонаи коркарди чӯбу тахта, корхонаи истеҳсоли хишт, корхонаи коркарди тунука ва дигар масолеҳи сохтмонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Барқарорсозии канали Сари Пул ба маблағи 268 ҳазор сомонӣ ёрии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои рушди соҳаи кишоварзӣ шароити беҳтар фароҳам овард. Бо барқарорсозии ин канал зиёда аз 300 гектар замини кишоварзӣ бо оби полизӣ таъмин гардид.
Ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода мешавад. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар назди ҷамоат комиссияи махсус амал намуда, пайваста рейду санҷишҳо мегузаронад, бо падару модарон ва наврасону ҷавонон вохӯриҳо менамояд.
Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз масъалаҳоест, ки роҳбарияти ҷамоат ва фаъолон ба он диққати ҷиддӣ медиҳанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки ин ҷамоат ҳамасола  яке аз аввалинҳо шуда дар ноҳия нақшаи даъвати ҷавононро ба хизмати ҳарбӣ иҷро мекунад.  Аксари ҷавонон ихтиёран мехоҳанд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар қарзи фарзандии худро адо намоянд.
Таъмини талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" устувор роҳандозӣ гардидааст. Бо саъю талош Комиссияи ҷамъиятии назди ҷамоат дар ин самт  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо роҳандозӣ гардида, намояндагони комиссия барои камхарҷ гузаштани маросиму чорабиниҳо назорат мебаранд.  Хайриддин Исоев, сармутахассиси дастгоҳи раиси ҷамоат, зимни суҳбат иттилоъ дод, ки дар давоми як сол кӯшиши 3 нафар шаҳрвандоне, ки мехостанд духтарони ноболиғи худро ба шавҳар диҳанд, пешгирӣ гардид.
Шиносоӣ бо  вазъи корҳои ободонию созандагии Ҷамоати деҳоти Нӯшор барои мо хеле хуш омад. Шукри соҳибистиқлолии кишвар, ки дар як деҳоти дурдаст соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар муддати кӯтоҳе ин қадар рушд кардаанд. Танҳо дар давоми ду сол 13 иншооти бузург ва муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. 
- Мардуми деҳоти мо, воқеан ҳам, меҳнатқаринанд. Шукр, ки дар даврони созандагию бунёдкорӣ зиндагӣ дорем ва мо, ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ, пайравони Пешвои миллатему маромамон созандагист. Бовар дорам, ки бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зиндагиамон дар фазои сулҳу ваҳдат боз ҳам беҳтару гуворотар мешавад, - гуфт дар хотимаи суҳбат  Хайрулло Миршоев, раиси ин ҷамоат.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2016    №: 218    Мутолиа карданд: 1976

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед