logo

ҳуқуқ

ФИРЕБ. Ё ҲАБДАҲ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ ДАР ҲИМОЯИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

Прокуратураи генералӣ ҳолати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ», «Дар бораи стандартонӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон вобаста ба фурӯш баровардани бозичаҳои гуногуни кӯдакона ва воридоти ғайриқонунии онҳоро дар ҶДММ «Корвон», «Саховат», марказҳои савдои «Ашан», «Беби - шоп» «Садбарг» дар давраи соли 2015 ва ҳашт моҳи соли равон мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дод.
 
Маълум гашт, ки дар ин давра 196 ширкати тиҷоратӣ ба миқдори 1214, 902 килограмм бозичаҳои гуногуни кӯдаконаро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Туркия, Эрон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Белгия, Италия, ИМА, Фаронса, Испания, Канада, Олмон, Корея, Нидерланд, Словения, Ӯзбекистон, Полша, Ҳонконг ва Чехия ба минтақаҳои гумрукии кишвар, аз ҷумла вилоятҳои Хатлон 192 055 килограмм, Суғд 323 932 килограмм, шаҳри Душанбе 872 662 килограмм ва шаҳри Турсунзода 22 733 килограмм ворид намудаанд. Аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 4 085 788 доллари амрикоӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонда шудааст.
Санҷиш муайян намуд, ки дар ҶДММ «Корвон» - и шаҳри Душанбе понздаҳ нуқтаи фурӯши бозичаҳои гуногуни кӯдакона фаъолият менамояд. Ҳангоми санҷиш соҳибкорон вобаста ба бозичаҳои ба фурӯш баровардаашон ҳуҷҷатҳои гумрукӣ ва сертификатҳои мутобиқати сифат пешниҳод карда натавонистанд. Аз ин нуқтаҳои фурӯш намунаи бозичаҳо гирифта шуда, барои ташхис ба Маркази стандартизатсияи ҷумҳуриявӣ ирсол карда шуд, ки мувофиқи хулосаи ташхис бозичаҳои пешниҳоднамуда ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ набуда, ба саломатии кӯдакон зарар мерасонанд. Санҷиши дар марказҳои савдои «Беби-шоп» ва «Ашан» гузарондашуда бошад, маълум намуд, ки бозичаҳо сертификати мутобиқат дошта, аз расмиёти пурраи гумрукӣ гузаштаанд.
Мутаассифона, бо вуҷуди саъю талошҳои пайвастаи мақомоти гумрук дар самти пешгирии қочоқи молу маҳсулот, ҳолатҳои ба ҷумҳурӣ ворид намудани бозичаҳо, ки ба талаботи стандарти давлатӣ ва бехатарӣ ҷавбгӯ нестанд, ҷой доранд. Чунончи, намояндаи ҶДММ «Лотус - М» Шуҳрат Ризвонов 25 - уми августи соли равон тариқи дидбонгоҳи гумрукии Кулма аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бозичаҳои кӯдаконаро ба миқдори умумии 36 804 адад ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ворид намудааст. Ҳолати мазкур муайян карда шуда, аз анбори ҷамъияти мазкур, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ - 6 - и шаҳри Душанбе, 171 қуттиву халта иборат аз бозичаҳои кӯдаконаи «Лӯхтак», «Гитара», «Кубик» (Лего), «Пистолет» ба маблағи 279 000 сомонӣ дарёфт ва мусодира гардиданд. 
Ба ҳамин монанд, шаҳрванд Раҳматулло Саъдуллоев аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба роҳи қочоқ ба миқдори зиёда аз 8 000 килограмм бозичаҳои кӯдаконаро ба ҷумҳурӣ ворид намуда, бе гирифтани сертификати мутобиқат дар мағозаҳои шахсиаш, воқеъ дар ҶДММ «Корвон», ба шаҳрвандон фурӯхтааст. Зимни санҷиш аз мағозаи номбурда 87 номгӯйи бозичаҳои кӯдакона гирифта шуда, ба Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташхис ва додани хулоса пешниҳод карда шуд. Тибқи хулосаи агентии мазкур 76 намуди он аз рӯи сифат ва бехатарӣ ба талаботи ГОСТ 25779-90 мутобиқ набуда, ба саломатии кӯдакон зараровар мебошанд. Дар маҷмӯъ, ҳамаи бозичаҳои пешниҳодшуда аз рӯи тамғагузорӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ нестанд.
Мувофиқи маълумоти омории Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо қисми зиёди бозичаҳои кӯдаконаи аз Ҷумҳурии Мардумии Чин воридшуда ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавоб намедиҳанд. Дар асоси санҷиши гузарондашуда ду ҳолати қочоқ ва ҳабдаҳ ҳолати фурӯши молу маҳсулоти пастсифат ошкор шуда, 17 парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 209 (истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани мол ё маҳсулот, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.
Музаффар ЮСУФӢ,
сардори раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2016    №: 218    Мутолиа карданд: 1680

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед