иҷтимоиёт
ДАРВОЗ БО БАРҚ ТАЪМИН АСТ
Ноҳияи Дарвоз низ дар қатори шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъаю Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 сол ба истиқлолияти энергетикӣ расид.
Тибқи иттилои Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон, раиси ноҳия, тавассути ғамхориҳои Пешвои миллат, маблағгузориҳои Ҳукумати кишвар барномаи ба истиқлолияти энергетикӣ расидани Дарвоз корҳои зиёд ба ҷо оварда шудаанд. Дар нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ хати баландшиддати барқии Норак – Шугнов – Сангвор – Сағирдашт - Қалъаи Хумб кашида шуд. Ҳамчунин, хатҳои барқии 10 киловолтаи Қалъаи Хумб – Зиғар - Курговад ба хатҳои тавоноиашон 35 киловолта иваз карда шуданд. Чор сол муқаддам дар канори рӯдхонаи Хумбов неругоҳҳои барқи обии «Ширг-1» ва « Ширг-2» ба истифода дода шуданд ва дар расми ифтитоҳашон Президенти мамлакат иштирок намуданд. Тайи ин солҳо деҳаҳои баландкӯҳи Убағн, Дараи Висхарв, Марғак, Хост, Мадраса, Зингироғ бо барқ таъмин гаштанд. Дар деҳаҳои навбунёди Яхчисор ва Гишун низ неругоҳҳои хурди барқӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Иншооти муҳим, аз қабили кохи «Меҳри модар», корхонаи коркарди сангҳои қиматбаҳои мавзеи Даштак ва даҳҳо муассисаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва самти хизматрасонӣ ва аҳолӣ бо неруи барқ таъминанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.11.2016 №: 218 Мутолиа карданд: 2380