logo

сиёсат

РИСОЛАТ. НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Таърих гувоҳ аст, ки таҳаввули бунёдӣ дар ҳаёти сиёсӣ, андешаи миллӣ ва шуури иҷтимоии ҷомеа бо кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, ашхосе, ки дар фазилату иродаи сиёсию маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷассум кардаанд, дар пайвастагии бевосита қарор дорад. Ба аксар сокинони сайёра рӯшан аст, ки на ҳама сарварони давлат ба таърих ҳамчун пешвои миллат ворид шудаанд.
 
Як шахсият вақте ба унвони олию ифтихории пешвои миллат сазовор мегардад, ӯ ба дарки рисолатмандӣ ва масъулияти таърихии худ бояд дар сарнавишти ҳаммеҳанон барои як кишвар барномаи комил ва масири устувори пешрафтро эҷод ва василаҳои амалӣ гардидани онро фароҳам оварад. Бемуболиға, яке аз чунин ашхоси таърихии башар ва бунёдгузори давлати тозаистиқлоли миллии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, техникию саноатии имрӯзаи кишвари маҳбубамон аз фаъолияти гуногунҷанбаи ин абармарди арсаи сиёсат ибтидо  мегиранд. Зеро маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки халқи парокандаю мардуми ба ҳам душманшударо сарҷамъ намуда, аркони давлатдориро аз нав бунёд ва эҳё намояд.
Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт ва шукуфоии ин меҳани  маҳбуб - Тоҷикистон бағоят бузург буда, номи ӯ дар баробари сарварони эътирофшудаи ҷаҳонӣ, ба монанди Ҷорҷ Вашингтон, Авраам Линколн, Мао Тсез Дун, Уинстон Черчилл, Маҳатма Гандӣ, Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ, Шарл де Голл, Махатхир Муҳаммад, Мустафо Камол, Франклин Рузвелт, Ли Куан Ю ва дигар давлатмардони сатҳи байналмилалӣ меистад. Ёдовар шудан аз ин сиёсатмадорони номдор дар таърихи давлату давлатдорӣ тасодуф нест, зеро эшон барои миллату давлати хеш хидматҳои шоистаеро анҷом додаанд. Онҳо на танҳо мақому нақши ҷаҳонии кишвари худро тақвият бахшида, ҷаҳиши стратегиро дар иқтисод, иҷтимоиёт, сиёсат ва фарҳанг барномарезӣ ва амалӣ намудаанд ва дар шароити хеле мураккаб ва тақдирсоз тавонистаанд роҳи саҳеҳ, расидан ба ормонҳои инсониву миллии ҳамватанони худро дарёфта, ҳамчун неруи муттаҳидкунандаи давлату миллат дар густариши идеяҳои ваҳдатофарин ва ояндасоз нақши муассир гузоранд.
Маҳз ҳамин заҳмату талош ва ҷоннисориҳои Эмомалӣ Раҳмонро ба инобат гирифта, ӯро ба унвони олии кишвар - Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ намуданд. Эмомалӣ Раҳмон замоне Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, яъне роҳбари аввали кишвар баргузида шуд, ки аз эълони истиқлоли Тоҷикистон беш аз як солу ду моҳ гузашта буд. Маълум, ки он замон пояҳои давлатдорӣ фалаҷ гардидаву ҳанӯз кишвари мо истиқлоли комили сиёсиро ба даст наоварда буд ва дар марҳалаи нобудшавӣ қарор дошт. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки кишвари дар вартаи нобудӣ қарордоштаро аз чанголи заҳҳоксиратону аҳриманон раҳонаду халқи куҳанбунёди тоҷикро ба сулҳу дӯстӣ биёрад ва суботу амнияти мардуми кишварро таъмин намояд. Ҳамин хизматҳо ва шуҷоатмандиҳояшонро ба эътибор гирифта, мардуми кишвар Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ хонданд. Зеро дар раванди тамаддунофарии башарият ҳар нафаре, дар ҷодае қадамҳои нахустинро мегузорад ва барои амале аввалин шуда иқдом мегирад, ӯро асосгузор ё бунёдгузор меноманд. Маҳз барои Тоҷикистони тозаистиқлол Эмомалӣ Раҳмон аввалин фардест, ки истиқлолияти комили сиёсиро ба вуҷуд оварда, ваҳдати миллиро таъмин намуда, иқтисодиёти пасазҷангиро ба маҷрои дурусти рушд расонд. Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон, ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳам Асосгузори Тоҷикистони мустақил арзанда ҳаст.
Илова ба хизматҳои мондагори Пешвои миллат дар самти сиёсати дохилӣ, заҳматҳои ӯ дар самти сиёсати хориҷӣ низ назаррасанд. Зеро маҳз ба шарофати заҳматҳои зиёд ва муаррифоти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон тамоми тоҷикону форсизабонони олам дар симои Тоҷикистони соҳибистиқлол хонаи умеди худро диданд. Яъне, акнун Тоҷикистон на танҳо ватани тоҷикистониён, балки хонаи умеди тамоми форсизабонони дунё аст.
Ҳамин тариқ, Эмомалӣ Раҳмон яке аз дурахшонтарин шахсиятҳоест, ки ин рисолати муқаддаси ормонӣ дар саропои фитраташ бо шукӯҳи тамом таҷаллӣ ёфтааст. Ӯ Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард ва ба рағми душманони дохиливу хориҷӣ бо камоли ҷасорат кишварашро дар саросари дунё аз мақоми арҷманде бархӯрдор намуд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2016    №: 218    Мутолиа карданд: 1515

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед