logo

туризм

БАРТАНГ. АЗ ЗАРУРАТИ ТАҲҚИҚИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ ТО РУШДИ САЙЁҲӢ

Водии Бартанги ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои имкониятҳои васеи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва мавзеи ҷолиби сайёҳӣ мебошад. Манзараҳои дилфиреби ин диёри зебоманзар  ба як дидан касро мафтун месозанд. Иқлими хос, ҳайвоноту набототи нодир, урфу одат ва тарзи зисту зиндагии мардуми водӣ  ҳамоно мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар қарор дорад. Табиати нотакрори кули Сарез солҳост, ки диққати ҳазорон сайёҳи хориҷиро ба худ ҷалб кардааст.
Аммо манбаъҳои зиёди сайёҳӣ ҳанӯз дар ин водӣ чандон баҳрабардорӣ намешаванд. Махсусан, набудани инфрасохтори зарурӣ ва норасоии мутахассисони соҳавӣ боиси  ҷалб нашудани туристон гардидааст.
Бештари сайёҳон ба водии Бартанг бо мақсади туризми кӯҳнавардӣ, варзишию истироҳатӣ, таърихию омӯзишӣ, этнографӣ ва шикор меоянд. Феълан дар ин минтақа намуди туризми экологӣ ривоҷ ёфтааст. Наврӯзмаҳмад Баҳодуров, сокини деҳаи Сипонҷи водии Бартанг, се сол инҷониб бо истифода аз манзили зисти худ ҳамчун меҳмонхона - «Home - stay» ба сайёҳони хориҷӣ хидмат мерасонад. Тавре ӯ иброз медорад, сайёҳоне, ки ба водии Бартанг меоянд, пеш аз ҳама ба маводи хӯроквории аз ҷиҳати экологӣ тоза, расму ойин, ҳунарҳои миллӣ ва ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Дар баробари ин, дар деҳаи Сипонҷ, сайёҳонро махсусан петроглифҳо ба худ ҷалб менамоянд. Сайёҳон пайваста аз маънӣ ва муҳтавои нишонаи дар сангҳо дарҷёфта суол мекунанд. Вале сокинон аз сабаби надонистани таърихи пайдоиши петроглифҳо ба суолҳои сайёҳон ҷавоб гуфта наметавонанд.
Роҳандозии қисматҳои инфрасохтори рушдёфта: роҳ, меҳмонхонаҳои дорои тарҳи миллӣ, таъмини амнияти сайёҳон дар роҳ, таъсиси мактаби кӯҳнавардӣ, хизматрасониҳои алоқа ва бонкҳо дар мавзеъҳои туристӣ ба пешрафти соҳаи туризм дар ин минтақа мусоидат мекард. Бояд гуфт, ки туризм имрӯзҳо дар қатори савдои сӯзишворӣ, воситаҳои нақлиёт ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, яке аз бахшҳои сердаромад дар иқтисоди ҷаҳон маҳсуб меёбад. Бартарияти соҳа дар он аст, ки харҷи хеле кам фоидаи зиёд меорад. Аз ин лиҳоз, беҳтар намудани инфрасохтори истироҳату фароғати мавзеъҳои сайёҳӣ дар водии Бартанг аз манфиат холӣ нест. Зеро ҳадди ақал чанд нафар сокини водӣ мисли Наврӯзмаҳмад Баҳодуров  соҳиби шуғли муайян мегардад.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2016    №: 219    Мутолиа карданд: 9248

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед