logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН. ОМИЛҲОИ ТАЪСИРРАСОН БА ВАЗЪИ ДЕМОГРАФӢ

Натиҷаи таҳлилҳои олимони ватанӣ нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон дараҷаи афзоиши аҳолӣ муътадил аст ва айни замон дар миёни давлатҳои ИДМ яке аз нишондиҳандаҳои баланди оморӣ ба шумор меравад. Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, иброз дошт, ки дар давраи солҳои 2000 - 2015 афзоиши аҳолӣ 26,3 дарсад афзудааст. Ин нукта зимни ҷаласаи Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушд, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, баён шуд.
 
Аҳолии кишвари мо ҷавон буда,  мувофиқи пешбиниҳо то соли 2030 ҳаҷми бозори меҳнат аз ҳисоби афзудани теъдоди аҳолии  қобили  меҳнат васеъ шуда, баъдан тамоюли нисбатан таназзулро хоҳад гирифт. Зеро коэффитсиенти таваллуд зина ба зина танзим гардида, ҳиссаи аҳолии аз 65 сола меафзояд. Тибқи омори расмии Тоҷикистон теъдоди аҳолӣ дар соли 2015 ба 8,37 миллион  нафар расидааст ва аз соли 1998 шумораи аҳолӣ ҳамасола доиман ба бузургии 2,1 дарсад  афзоиш ёфта истодааст. Агар  чунин сатҳи афзоиш идома ёбад, теъдоди аҳолӣ дар соли 2020 - 10,65 миллион  нафарро ташкил медиҳад. Таҳлилҳои раванди демографӣ нишон медиҳанд, ки то соли 2025 синну соли миёнаи аҳолӣ то 26 ва то соли 2035 то 35 сол мерасад ва минбаъд ин тамоюл боқӣ мемонад. Дар давраи  пешбинишуда аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ пешниҳоди қувваи корӣ дар бозори меҳнат тадриҷан меафзояд».
Дар ҷараёни ҷаласа қайд гардид, ки сиёсати демографии  Ҳукумат имконият фароҳам  овард, ки дараҷаи эҳтимолияти дарозумрии инсон нисбат ба соли 1990 хеле зиёд шуда, аз 65 сол ба 73,4 дар соли 2015 расид, фавти кӯдакон аз 120 дар соли 1998 то ба 27 нафар ба 1000 нафари таваллудшуда дар соли 2014 паст шудааст. Нишондиҳандаи  фавти  модарон аз 34,6 нафар ба 100 000 зинда таваллудшуда ба 11,8 нафар дар соли 2014 расид. Таҳлили табақаҳои гуногуни ҷамъиятии аҳолӣ нишон доданд, ки муносибати онҳо ба масъалаҳои оила, никоҳ, талоқ, таваллуди  фарзанд аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ки сабаби он дар миқдори даромад, шароити манзилӣ, шуғл, хусусан шуғли занон мебошад.
Иштирокчиёни ҷаласа зикр карданд, ки ба инкишофи демографии аҳолӣ омилҳои зиёде таъсир мерасонанд, лекин аз байни ин омилҳо омилҳои иқтисодӣ асосӣ ва муайянкунанда буда, ба равандҳои демографӣ ва дараҷаи фарҳангии одамон таъсир мерасонанд. Беҳтар гардондани саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва соҳаи маорифу фарҳанг воситаҳои асосии таъмини рушди иқтисодиёт мебошанд. Соли 2015, бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллии мо рушди мусбати иқтисодӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ, суръати афзоиши он ба 6 дарсад баробар шуд ва сатҳи таваррум 5 дарсадро ташкил кард.
Ба гуфтаи Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон, сатҳи камбизоатӣ то 31 дарсад паст гардид ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафари аҳолӣ 3,8 дарсад зиёд шуд. Нишондиҳандаҳои зикршуда ба идома пайдо кардани тамоюли беҳтар гардидани вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолӣ мусоидат намуданд.
Ҳ. САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2016    №: 219    Мутолиа карданд: 2262

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед