logo

иқтисод

СОҲИБКОРОН. САҲМИ ОНҲО ДАР ОБОДИИ БАДАХШОН БЕШТАР МЕГАРДАД

Солҳои охир бо мақсади ба танзим даровардани раванди ҳамкорӣ бо соҳибкорони бурунмарзӣ дар кишвар корҳои зиёде ба анҷом расонда шуданд.
 
Бино ба иттилои Мулкамон Каниев, сардори шуъбаи хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, феълан танҳо дар Федератсияи Русия 15 диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангии тоҷикон фаъолият мекунанд.
Мулкамон Каниев мегӯяд, ки робитаи доимии соҳибкорони бурунмарзӣ ба саҳми бештари онҳо дар рушди кишвар мусоидат мекунад. Аз тарафи ҳамин гурӯҳи соҳибкорон якчанд иншооти иҷтимоӣ - иқтисодии вилоят маблағгузорӣ гардиданд.
Бо ҷалби 4500 доллари амрикоии соҳибкорон дар Ҷамоати деҳоти Барвоз майдончаи варзишӣ сохта шуд. Ҳамчунин, таъмири якчанд майдончаҳои варзишӣ дар ин ҷамоат, навсозии як қисми роҳҳои маҳаллӣ ва дигар корҳои ободониву созандагӣ намунаи корҳои анҷомдодаи соҳибкорон мебошад.
Чунин амали ватандӯстонаи онҳо дар дигар ноҳияҳои вилоят низ вусъати тоза гирифтааст. Худоёр Давлатов, соҳибкор аз ноҳияи Ванҷ, харидории қубури обгузарро ба маблағи 10 ҳазор доллар, Шеров Саломат таъмири 2 синфхонаи мактаби деҳаи Ровандро 10 ҳазор сомонӣ, Тоҷиддин Замонов барои ободонии деҳааш 1200 доллар, Нурулло Қурбонов таъмири роҳи мошингарди деҳаи Тихоҳро 4 ҳазор доллар, Нуралӣ Назаралиев ва Баҳор  Мирзоев соҳилмустаҳкамкунии рӯдхонаи Ҷамоати деҳоти Ҷовидон 50 ҳазор рубли русӣ маблағгузорӣ намудаанд. Дар ин қатор даҳҳо нафари дигар низ шомиланд, ки дар ободонии маҳали худ саҳм гузоштаанд.
 Дар ноҳияи Дарвоз аз тарафи соҳибкор Абдулҳаким Ризоев барои кашидани хати оби нӯшокӣ ва дигар корҳои ободонии деҳаҳои Зинг ва Рӯзвайи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб 7500 сомонӣ кумак ҷудо гардид.
Ба 80 хоҷагии зарардида аз офати табиӣ дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон аз тарафи як гурӯҳ соҳибкорон ба монанди Хилват Шаболов, Алимамад Алимамадов, Акобиршо Саидмамадов, Гулрӯз Шониёзов ва Ғарибшоҳ Шаҳбозов кумак расонда шуд.
 Дар ноҳияи Рӯшон низ бо кумаки молиявии гурӯҳе аз соҳибкорон толори варзишии деҳаи Баррушон таъмир гардида, барои мактаби деҳа 11 адад компютер харидорӣ гардид. Барои осебдидагон аз офати табиӣ 64 ҳазор рубли русӣ кумак расонда шуд. Соҳибкорони ноҳия ҳамчунин барои сохтмони мактаби деҳаи Рухчи Ҷамоати деҳоти Савноб, ки дар натиҷаи заминларзаи моҳи декабри соли 2015 пурра хароб гардида буд, тақрибан 240 ҳазор сомонӣ кумак расонданд.
Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ, ҳамкории мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар ин самт ҳанӯз ғайрикифоя арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, гарчанде дар ин самт корҳои зиёд анҷом дода шуданд, вале ин самараи фаъолияти шуъбаи хадамоти муҳоҷират ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нест. Зеро бисёре аз корҳои анҷомдода маҳз бо ташаббуси худи соҳибкорон сурат гирифтааст. Дар ин самт имкониятҳо ҳанӯз зиёданд, ки баҳри амалигардонии онҳо бояд мақомоти маҳаллӣ чораҷӯӣ намоянд. Робитаи доимӣ бо соҳибкорони бурунмарзӣ ва диаспораҳои тоҷикон дар кишварҳои хориҷа муттаҳид менамоянд, беш аз пеш густариш додан зарур аст. Бо мақсади шиносоӣ бо шароити зисту зиндагонӣ ва кори соҳибкорон ба ин минтақаҳо гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати рӯзноманигорон ва коршиносон, кормандони масъули соҳа фиристода, робитаро бо диаспораи тоҷикони Русия густариш бояд дод.
Раиси вилоят бо мақсади ҷалби соҳибкорони бурунмарзӣ дар рушди соҳаҳои хоҷагии вилоят тарҳрезии барномаи махсусро зарур шуморид. Таъкид намуд, ки барои онҳо ва тоҷикони муқими хориҷи кишвар фароҳам овардани шароити корӣ зарур аст, то битавонанд дар кишвари худ корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва хонаҳои истиқоматӣ бунёд намоянд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2016    №: 219    Мутолиа карданд: 2036

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед