logo

ҳуқуқ

ПЕШГИРӢ АЗ ГАРОИШ БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону коршиносони масоили сиёсӣ дар нишасте таҳти унвони «Самтҳои асосии фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи пешгирии тундгароии динӣ» раванди ифротгароӣ дар ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
Ин ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, мизони ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ ҳамоно ташвишовар арзёбӣ шуд.
Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, гуфт, ки бо вуҷуди роҳандозии тадбирҳои судаманд дар ин самт, ҳанӯз ҳам вазъият ташвишовар боқӣ мемонад. Номбурда изҳор дошт, ки «Дар кул вазъият назар ба соли 2015 беҳтар шудааст, аммо то кунун мо натавонистем, ки камари ифротгароиро шиканем».
Бо таассуф иттилоъ дода шуд, ки шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла «Давлати исломӣ» аз марзи 1100 нафар гузаштааст. Зикр гардид, ки бар пояи маълумоти расмӣ дар ҳоли ҳозир 394 сокини вилояти Суғд дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок доранд, ки аз ин шумора 24 нафар бо ҳамсар ва фарзандони ноболиғанд. Илова бар ин, дар нимсолаи аввали соли 2016 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 130 нафар бо шумули роҳбарону аъзои ҳизбу ҳаракатҳои динию экстремистӣ дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Инчунин, нисбат ба 16 имомхатиб ва дигар ходимони масоҷиди вилояти Суғд низ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар давоми ҳашт моҳу бист рӯзи соли ҷорӣ танҳо дар шаҳру деҳоти Исфара нисбат ба 74 нафар бо иттиҳоми иштирок дар иттиҳодияҳои ҷиноятии хусусияти террористиву экстремистидошта, ки мақсадашон бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва дар заминаи он барпо намудани давлати исломии хилофат, инчунин барои ҷалб намудан дар муҳорибаҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои Ироқ ва Сурия 43 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва мавриди тафтиш қарор гирифтааст. Бино ба маълумоти дастрас, аз вилояти Хатлон низ то кунун 210 нафар ба сафи гурӯҳи тундгарои «Давлати исломӣ» пайвастаанд. Аммо, Зикруллоҳ Саидзода, муовини сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баҳси мавзӯъ изҳор дошт, ки бо вуҷуди ҷой доштани камбудиҳо дар самти ҷилавгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ, ин раванд то андозае коҳиш ёфтааст.
Дар бисёр маврид, зимни таҳлили омилҳои пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ коршиносон ба сатҳи фақр, муҳоҷирати меҳнатӣ ва заъфи маърифати динӣ ишорат мекунанд ва мегӯянд, ки маҳз бекориву нодорӣ нафарони ноогоҳро туъмаи гурӯҳҳои ифротӣ месозад. Вале полковники милитсия Зикруллоҳ Саидзода мегӯяд, ки «Мо далелҳое рӯи даст дорем, ки шахсони дорову мансабдор низ фирефтаи дасисаи ин гурӯҳҳо шудаанд».
Дар ҳамин ҳол, Нуралӣ Саидов, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, омилҳои аслии гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгароии диниро дар сатҳи ҳанӯз ҳам нокифояи корҳои фаҳмондадиҳӣ медонад. Ба қавли ӯ, то кунун бархе аз шаҳрвандон ба мафҳуми ифротгароиву радикализм сарфаҳм намераванд. «Ҳатто дар байни мутахассисон ҳам оид ба ин мафҳумҳо андешаи воҳид нест ва ақидаҳо гуногунанд». Омили дигар, аз нигоҳи Нуралӣ Саидов муҳоҷирати корӣ аст, ки гуфта мешавад, дар айни ҳол хусусияти дигар касб карда, шумораи занони муҳоҷир ва наврасон зиёд шудааст.
Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ин назар аст, ки масъалаи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ дар муҳити пасошӯравӣ ва қаламрави густариши дини ислом вижагиҳои фарқкунандаи худро дорад ва давраи таҳрик ёфтани он бо суқути Иттиҳоди Шӯравӣ тавъам аст. - Ин раванд бо болоравии андешарониҳои динӣ оғоз гардида, тадриҷан ба сиёсишавӣ ва таъсис ёфтани ҳаракату ҳизбҳо ва гурӯҳҳои исломии тундгаро оварда расонд. Иллати ин ҳолат на танҳо ба фурӯпошии пояҳои идоеологии як давлати абарқудрат, балки ба барҳам хӯрдани сиёсати дуқутбаи ҷаҳонӣ ва пайдо шудани бозингарони нави саҳнаи геополитикии ҷаҳон вобаста буд. Гузашти айём нишон дод, ки дар ҳоли ҳозир пайравони дини ислом мавқеъгирӣ ва ҳассосияти бештар зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, ҳангоми баҳогузории ҳама гуна рӯйдодҳои нохуш дар атрофу акнофи олам нахуст зарфияти унсури исломиро дар он ҷустуҷӯ мекунанд, - мегӯяд Файзулло Баротзода.
Баҳси коршиносони тоҷик сари ин масъала дар ҳолест, ки хатари терроризму экстремизм ва мубориза алайҳи он дар маҳофили байналмилалӣ низ аз мавзӯъҳои пурбаҳс аст. Дар ин робита, беш аз дигар ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои даҳшатафкании гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»  боиси нигаронии аҳли башар гардидааст. Амалҳои тахрибкоронаи ин гурӯҳи хатарзо дар мисоли қатли ваҳшиёнаи мардуми осоишта дар хоки Ироқу Сурия, ҳаводиси хунини Париж ва суқути ҳавопаймои мусофирбари A 321-и Русия дар нимҷазираи Синайи Миср, ки соли 2015 анҷом шуданд, чеҳраи аслии терроризмро бори дигар нишон дода, ҷомеаи ҷаҳонро дар мубориза бо ин вабои аср таҳрик бахшиданд.
Ҳоло муборизаи шадид алайҳи терроризму ифротгароӣ дар мисоли «Давлати исломӣ», ки пойгоҳои асосии ҷангиёнаш дар хоки Ироқу Сурия аст, идома дорад. Вале  таҳлилгарон мегӯянд, ки қудратҳои ҷаҳони муосир дар мубориза бо терроризм дунболи манофеи геополитикии худ ҳастанд ва агар манфиати онҳо дар муқовимат алайҳи хатарбортарин гурӯҳи ифротӣ - «Давлати исломӣ» аз ҳам тафовут намедошт, кайҳо он аз байн мерафт.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2016    №: 219    Мутолиа карданд: 1999

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед