logo

иқтисод

АРГУС. ЯКЕ АЗ РЕАКТОРҲОИ БЕХАТАРТАРИНИ ҶАҲОН

Ҷониби Тоҷикистон якҷо бо намояндагони Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ) ва кишварҳои иштирокчии гурӯҳи А 25 дар машварати кории «Табодули таҷриба доир ба татбиқи талаботи байналмилалӣ дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ дар санадҳои роҳбарикунандаи миллӣ» масъалаи бехатарии ядроӣ ва радиатсиониро ҳангоми мавриди истифода қарор додани Реактори ядроии «Аргус» - и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бехатарии физикии онро мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
Мақсади асосии иштироки ҷониби Тоҷикистон дар машварати корӣ  ба инобат гирифтани талаботи байналмилалӣ ҳангоми барқарорсозии реактори ядроии «Аргус» - и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. «Аргус» яке аз реакторҳои бехатартарини ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар он тамоми қоидаҳои бехатарӣ ба инобат гирифта шудааст. Фаъолияти реактор бо мақсадҳои осоишта равона гашта, барои истеҳсоли маводи дорувории радиофармасевтӣ пешбинӣ гардидааст, - иброз дошт Фарҳод Раҳимӣ.
Машварат дар пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон - шаҳри Берлин бо иштироки намояндагони кишварҳои Русия, Беларус, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Олмон, Словения, Қирғизистон, Украина ва Гурҷистон баргузор гашт.
Дар он Фарҳод  Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳикмат Муминов, директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умаров ва Ҳокимбек Содиқзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат варзиданд.
Президенти Академияи илмҳо зикр кард, ки дар вохӯрӣ перомуни масъалаҳои бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ, талабот нисбат ба санадҳои танзимкунандаи онҳо, инчунин таъмини бехатарӣ ҳангоми фаъолияти реактор, таъсиси ниҳодҳои буҳронӣ барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва дигар мавзӯъҳои муҳим табодули афкор сурат гирифт. 
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2016    №: 219    Мутолиа карданд: 2128

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед