logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ. ЗЕРБИНОИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

Суҳроб РУШАНЗОДА,
муовини якуми раиси Суди
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

 

Яке аз унсурҳои муҳими ифтихору сарфарозии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ин  қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барҳақ бояд китоби рӯимизии ҳар фарди  бедордилу ватандӯсти мамлакат бошад. Зеро нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии ҳар давлат Конститутсияи он маҳсуб меёбад. Бар асоси назарияи ҳуқуқи конститутсионӣ Конститутсия - шиносномаи давлату миллат ҳисобида шуда, эътибору ҷойгоҳ ва қувваи олии ҳуқуқӣ дорад.
Амалияи сиёсӣ ва таҷрибаи ҳуқуқии кишварҳои мутамаддини ҷаҳон  собит месозанд, ки ҷараёни тағйироту таҳаввулоти ҳаёти ҷамъиятӣ зарурати  такмили меъёру муқаррароти Конститутсияро ба унвони шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдориҳои миллӣ ба миён меорад ва  ин раванд ҳамчун ислоҳоти конститутсионӣ пазируфта шудааст. Дар таърихи 22 - солаи мавҷудияти Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр  рушди устувори ҷомеа тақозо намуд, ки меъёрҳои он такмил дода шуда, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон амалӣ  гардад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид карданд: «Такмили Конститутсия ба мо имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯю нуфузи  Тоҷикистон  дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем».
Конститутсия ҳамчун зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократӣ танҳо бо посухгӯӣ ба ниёзҳои замон ва заруратҳои дар марҳалаҳои муайяни рушди ҷомеа пешомада тавассути такмил ёфтани меъёру муқаррароти худ метавонад  омили таъминкунандаи татбиқи ҳадафҳои рушди миллӣ ва сарчашмаи фардои дурахшон бошад. Аз ин нигоҳ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти такмили  асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммал намудани низоми давлатӣ мавриди ислоҳоти конститутсионӣ қарор гирифт. Паҳлуи муҳими масъала дар он аст, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҳисси саршори ватанхоҳӣ  дар баррасии тағйиру иловаҳо иштироки фаъолона варзиданд.
Агар ба нақши Конститутсия дар  ҳаёти судҳои ҷумҳурӣ нигоҳ кунем, аён мегардад, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ бори нахуст ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шудани ҳокимияти судӣ  маҳз  ба меъёри муқаррароти Конститутсияи амалкунандаи кишварамон асос ёфтааст. Паҳлуи дигар ва басо муҳими тағйиру иловаҳои воридшуда ба Конститутсия, ҳамчун заминаи асосии ҳуқуқии бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди тоҷикон ба  ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон, хусусан ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ алоқамандӣ дорад.
Мазмуну муқаррароти Конститутсияи Тоҷикистон, ки ба рӯҳи замон ва марҳалаи кунунии созандагиву бунёдкорӣ, воқеияти имрӯзаи пойдории  давлатдории миллӣ ва бақои Истиқлолияти давлатӣ дар натиҷаи ислоҳоти дуруст, ҳадафманд, бобарор ва мантиқии конститутсионӣ  мувофиқ гардид, бешубҳа баҳри пирӯзиву дастовардҳои тозаи Ватани маҳбубамон  заминаи боэътимод гузошта, фардои дурахшон ва дурнамои боифтихорро асос ва бунёди воқеӣ хоҳад бахшид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2016    №: 219    Мутолиа карданд: 2064

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед