logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

200 метр - дарозии қонуни асосӣ
Дарозтарин нусхаи конститутсияи Ҷумҳурии Қазоқистонро сокини шаҳри Кентау Турар Омаров омода намудааст. Он ба ду забон – қазоқӣ ва русӣ тартиб ёфта, аз 300 варақи ватман иборат мебошад ва дарозиаш 200 метрро ташкил медиҳад.
Вақте Қонуни асосӣ дар Хиёбони истиқлолият ба маъраз гузошта шуд, бинандагон аз ҳашамати он ба ҳайрат омаданд.
Акнун, Турар Омаров ният дорад, соли оянда конститутсияро ба се забон (қазоқӣ, русӣ, англисӣ) таҳия созад, ки дарозии он 300 метр хоҳад буд.
Таҳияи  С. Алимова
 
15 грамм - вазни конститутсия
7 декабри соли 2011 рассом Игор Степанов барои таҳияи хурдтарин нусхаи конститутсияи Украина аз ҷониби коршиносони Феҳристи рекордҳои миллӣ сазовори сертификат гашт.
Нусхаи хурдтарини конститутсия аз 160 саҳифа иборат буда, ҳаҷмаш 2 ба 3 сантиметрро ташкил медиҳад. Вазнаш ҳамагӣ 15 грамм мебошад. Ҳангоми омодасозии он Игор Степанов аз ранги нодири истеҳсоли Ҳиндустон, қалами пӯлодии маҳин ва коғази баландсифати финӣ истифода намудааст.
Таҳияи Гулнисои С.
 
Унсурулмаолии Кайковус
Дар одоби нарм будан
Ба тундию тезӣ одат макун ва аз нармдилӣ холӣ мабош. Лекин якбора чунин нарм мабош, ки аз хушиву нармӣ бихӯрандат ва низ чунон дурушт мабош, ки ҳаргизат дасти навозиш ба сарат наоранд.
Бо ҳама гуна одам созиш кун, бо созиш аз дӯсту душман ҳосил тавон кард.
Ҳар касро бадӣ маёмӯз, ки бад омӯхтан дувуми бадӣ кардан аст. Агарчи бегуноҳ касе туро биёзорад, ту ҷаҳд кун, ки ӯро наёзорӣ, ки камозорӣ сифати инсонпарварист. Ва асоси одамгарӣ камозорист.

Талхтарин ва ширинтарин чиз
Ҳакимеро гуфтанд:
- Талхтарин чиз андар ҷаҳон ва ширинтарин чиз чист?
Гуфт:
- Талхтарин чиз андар ҷаҳон сухани сард аст, ки аз носазо бишнавад ва воми (қарзи) гарон ва тангдастӣ.
Ширинтарин чиз фарзанд аст ва сухани хуш ва бениёзӣ.
Фароҳамсоз Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Нютон ва кашфи қувваи ҷозиба
Физик, математик, ситорашиноси машҳури англис Исҳоқ Нютон  қонунҳои зиёдро кашф намудааст. Аммо миёни онҳо кашфи қувваи ҷозиба  ҷолиб аст. Ривояте ҳаст, ки гӯё Нютон боре дар боғ қадам мезад. Ногоҳ себе аз шохи дарахт канда шуда, ба замин меафтад. Ин манзара Нютонро ба андеша водор месозад. Чаро себ ҳангоми аз дарахт канда шудан ба поён ҳаракат кард, на ба боло. Баъди омӯзиши зиёд ба хулосае меояд, ки замин қувваи ҷозиба дорад. Аз  ин рӯ, ҷисмҳоро ба худ мекашад.
Яке аз дӯстони Нютон Уилям Стеклӣ дар ёддоштҳояш аз вохӯриҳои худ бо ӯ ёдовар шуда менигорад: «Азбаски ҳаво гарм буд, чойи пас аз нисфирӯзиро дар сояи анбуҳи себзор менӯшидем. Мо танҳо будем. Нютон гуфт, ки айнан дар ҳамин ҳолат бо сабаби афтидани себ андешаи ҷозиба ба сараш омадааст».
Пас аз бист соли ин ҳодиса  Нютон китоби «Ибтидои математикии фалсафаи натуралӣ» - ашро рӯйи чоп овард. Дар ин китоб  ӯ собит мекунад, ки ҳатто моҳро дар меҳвари худаш қувваи кашиш (ҷозиба) нигоҳ медорад.
Соли 1998 Казинг, устоди Донишгоҳи Ню-Йорк дар маҷаллаи «Физикаи муосир» («Contemporary Physics») мақолаеро бо номи «Таърихи дарахти себи Нютон» ба табъ расонд. Казинг менависад, ки гӯё дар боғи Нютон як дарахти себ буд ва то соли 1820 вуҷуд дошт. Ин дарахт баъдтар дар натиҷаи раъду барқ аз байн рафт. Курсие, ки аз ин дарахт сохта шудааст дар яке аз коллексияҳои шахсӣ дар Англия нигоҳ дошта мешавад.
Ҳамин тавр, афтидани себ ба замин боис гардид, ки Нютон дар ҷаҳон кашшофи ҷозибаи замин шинохта шавад. Ин кашфиёт на танҳо ба ӯ, балки ба дарахти себ шуҳрат овардааст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
Фитбол
Тӯб ашёи дӯстдоштаи кӯдакон мебошад. Аз давраҳои қадим онро бо пову даст ва ракеткаи теннис ба бозӣ медароранд. Солҳои 60 – уми асри 20 физиотерапевти швейтсарӣ Сюзон Кляйнфогелбах бозӣ бо тӯбро барои рушди кӯдакони афзоишашон суст тавсия намедиҳад. Аммо тӯби калони аэробикиро барои ҳама одамон тавсия дод, ки зуд байни варзишгарон ва одамони одӣ шуҳрат ёфт. Имрӯзҳо он бо номи фитбол (тӯб барои фитнес) машҳур гаштааст. Одатан қутри  он аз 60 то 90 сантиметр буда, то 300 килограмм вазнро бардошта метавонад. Барои бехатарӣ он аз резини махсуси пластикӣ сохта шудааст. Дар ҳолати машқ баданро баробарвазн нигоҳ медорад. Бардавом машқ кардан бо фитбол фоидаи зиёд дорад. Аз ҷумла, барои беҳтар гардидани ҳолати умумии бадан, ҳаракати мушакҳо, ҳамоҳангсозии ҳаракат, таҳкими мушакҳои тамоми бадан, беҳтар намудани гардиши хун, пешгирии бемориҳои эндокринӣ, бозгашт ба шакли пешаззахмӣ ва халосӣ ёфтан аз вазни зиёдатӣ.
Таҳияи Зафари АКРАМ
 
Андарзҳои зиндагӣ
1.  Дарахтони серҳосил ҳам мисли мардони бузург хоксор мешаванд, аммо шохаҳои беҳосилу одами нодон мешикананду хам намешаванд.
2.  Ҳеҷ кас наметавонад моро беҳтар аз худамон фиреб диҳад.
3.  Тӯл кашидани муолиҷа ду сабаб дорад: надонистани духтур ё саркашии бемор.
4.  Одамонро он гунае ки ҳастанд, бояд қабул намуд, на он гуна ки худ мехоҳем.
5.  Инсон агар нохуш бошаду кор кунад, беҳтар аз он аст, ки саломат бошаду кор накунад.
6.  Муваффақият рӯи сутунҳои шикаста шакл мегирад.
7.  Барои он ки дар зиндагонӣ налағжӣ, доимо дили худро пок нигаҳ дор.
8.  Бадбахтӣ низ метавонад моро биомӯзад, ки чӣ гуна хушбахт бошем.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
Ҳавопаймои «офтобӣ»
Ҳавопаймои бо энергияи офтобӣ ҳаракаткунандаи “Solar Impulse – 2” аз пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб – шаҳри Абу-Дабӣ ба фазо бархост ва пас аз 12 соати парвоз ба шаҳри Маскати Умон фуруд омад.
“Solar Impulse – 2” бо ду сарнишин дар таърихи авиатсия аввалин маротиба сайёҳати даври оламро анҷом медиҳад ва панҷ моҳ бидуни таваққуф дар фазо гардиш хоҳад кард.
Субҳи сешанбе сарнишинони ҳавопаймои мазкур парвозро ба самти  Ҳиндустон, Мянма, Чин оғоз намуданд ва ин сайёҳат болои уқёнуси Ором, ИМА ва қисми ҷанубии Аврупо идома меёбад. Баъдан боз ба пойтахти АМА – шаҳри Абу-Дабӣ бармегарданд.
“Solar Impulse – 2” дар фазои Русия парвоз анҷом намедиҳад.
Дар саёҳати панҷмоҳа ҳавопаймои “Solar Impulse – 2” масофаи 35 000 километрро тай мекунад. Ихтироъкорони ин ҳавопаймо сарнишинон Бертран Пикар ва Андре Бошберг шаҳрвандони Швейтсария мебошанд.
Вазни умумии «Solar Impulse - 2» - 2,3 тонна ва вазни аккумуляторҳояш 633 килограмм аст. Ин ҳавопаймо дорои 17,2 ҳазор элементҳои офтобӣ (батарея) буда, бо суръати ниҳоии 140 километр дар як соат ҳаракат мекунад.
Таҳияи Р. КАРИМОВ

МУАММОИ 1
Дар ин катакчаҳои 4 ба 4 рақамҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16-ро тавре ҷойгир намоед, ки ҳосили ҳамаи тарафҳо (ҳам амудию ҳам уфуқӣ ва ҳам диагоналҳо) 34 – ро ташкил диҳад.
 
МУАММОИ 2
Дар ин катакчаҳои 5 ба 5 рақамҳои  аз 1 то  25 - ро тавре ҷойгир намоед, ки ҳосили ҳамаи тарафҳо (ҳам амудию ҳам уфуқӣ ва ҳам диагоналҳо) 65 – ро ташкил диҳад.
Таҳияи Умедҷон ҲАИТОВ,
омӯзгори МТМУ № 20 – и ноҳияи Айнӣ
 
Ҳайрон нашавед
Наполеон – Гитлер
Наполеон соли 1760 таваллуд шудааст.
Гитлер соли 1889.
(Фарқият – 129 сол)
 
Наполеон ба сари қудрат соли 1804 омад.
Гитлер соли 1933.
(Фарқият – 129 сол)
 
Наполеон соли 1812 вориди шаҳри Вена шуд.
Гитлер соли 1941.
(Фарқият – 129 сол)
 
Наполеон соли 1816 ҷангро бохт
Гитлер соли 1945.
(Фарқият – 129 сол)
 
Ҳар ду ҳам дар синни 44-солагӣ сари ҳокимият омаданд.
Ҳар ду ҳам дар синни 52-солагӣ ба Русия ҳуҷум намуданд.
Ҳар ду ҳам дар синни 56-солагӣ ҷангро бохтанд.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР
 
Пойафзоли калонтарин
Соли 2002 дар Филиппин калонтарин ҷуфти пойафзоли ҷаҳон тайёр карда шуд . Дарозии он  5,29 метр, паҳноияш  2,25 метр ва баландияш 1,85 метрро ташкил медиҳад.
Таҳияи Зебо НАЗАРОВА
 
Чароғчашм
Дар музофоти Гуансии Чин писарчаи нуҳсолаи кабудчашм ба сар мебарад, ки дорои қобилияти нодир мебошад. Ӯ дар торикӣ бемалол хондаю навишта метавонад.
Пас аз муоина табибон иброз доштаанд, ки чунин хусусият нуқси модарзодӣ буда, алъон тиб дар табобати он оҷиз аст.
Гуфта мешавад, ки ба ҳар ҳол ин қобилияти фавқулода ба инкишофи муътадили писарча халал намерасонад.
Таҳияи Х. ҶОВИД
 
Дучархаи худрав
Марсин Пятковски, дизайнери бритониёӣ, дучархае сохтааст, ки воқеан  дилкаш аст. Ин дизайнер бо харҷи 70 ҳазор фунт-стерлинг тавонист дар ҳаёт ба орзуяш бирасад. Марсин ба дучархаи сохтааш «JIVR» ном гузошт ва дар он таҷҳизоти навтаринро насб кард.
Ин дучарха занҷира надорад ва ҷойи онро трансмиссияи механикӣ гирифтааст. Яъне низоми ҳаракати дучарха монанд ба мошин аст.
Дучархаи  “JIVR“ бо муҳаррики электрикӣ, бо гирифтани як маротиба неру беш аз 32 километр роҳро тай карда метавонад. Он аз соҳибаш умуман педалзаниро талаб намекунад.
Ба сифати манбаи нерудиҳӣ дар зери рамааш аккумуляторҳои литий-ионӣ насб шудааст, ки дар ним соат пурра неру мегиранд. Илова бар ин, дучарха таҷҳизоти назораткунандаи энергия дорад, ки масрафи энергияро ба танзим дароварда, назорат мебарад. Суръати дучарха вобаста ба талаботи стандарти аврупоӣ - 25 км/с ва аз рӯйи қонунгузории ИМА - 32 километр дар як соат муқаррар шудааст.
Ин дучарха дар худ алоқаи беноқили “Bluetooth 4.0” дорад ва барои гирифтани маълумот бо смартфону соатҳои боҳуш ва планшет кумак мерасонад. Вазни дучарха ҳамагӣ 15 килограмм мебошад.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ
 
Ручкаҳои доно
Боарзиштарин ручкае, ки ба китоби «Рекордҳои Гиннес» дохил шудааст ин авторучкаи «Montegrappa»  бо қимати 1 миллион евро мебошад.
Дар ҷаҳон дар ҳар як сония 125 чунин ручкаҳо ба фурӯш мераванд. Умуман нахустин ручкаҳои шарикӣ соли 1945 дар шаҳри Ню – Йорк ба фурӯш бароварда шуданд.
Имрӯз дар Амрико ручкаҳое вуҷуд доранд, ки «ручкаҳои компютерӣ» ном гирифтаанд. Онҳо бо қоғази махсус фурӯхта мешаванд. Хусусияти хоси ин ручкаҳо дар он аст, ки хатоҳои имлоии матнро ислоҳ намуда, қобилияти тарҷума аз  забони англисию испаниро доранд ва  шакли дурусти матнро мехонанд.
Таҳияи Г. САЪДОНШО
 
Кӣ ва барои чӣ Василий Сталинро қатл кард?
Василий Сталинро баъди якуним моҳи вафоти падараш — 28 апрели соли 1953 ба ҳабс гирифтанд. Дар ҳуҷҷатҳое, ки баъди ним аср ошкор сохтанд, ягон сухан дар хусуси дастандаркорони ин амалиёт нест. Танҳо метавон тахмин зад, ки ин ташаббус аз тарафи собиқ ҳамсафони Сталин  — Берия, Молотов, Маленков, Хрушев амалӣ гаштааст.
 
Воқеан ҳам дар ҳамин рӯзҳо Лаврентий Павлович бо пайроҳаи тахту ҳамвор ба сӯи тахт қадам мениҳод: вай кумитаи амнияти давлатиро бо милитсия як кард, артиши қувваҳои дохилиро ба худ тобеъ намуд, аз зери айнак – пенснеи тиллоӣ бо ғазаб ба рафиқони ҳамҳизбаш менигарист ва онҳо аз тарс дарақ – дарақ меларзиданд ва дар андешаи он буданд, ки бо кадом роҳ ин «рафиқи ҳизбии худиро» ба маҳбас тиқонанд. Эҳтимол, Берия (ва на танҳо ӯ) бим дошт, ки Василий Сталин метавонад ба курсии падараш нишинад? Албатта, на ба маънои рӯбаросташ (охир кӣ ба вай инро ҷоиз мебинад), аммо муҳаббати халқ ба доҳии ҷаҳон Сталин метавонист ба ин мусоидат намояд, агар Вася дар озодӣ бошад, хотираи мардум пайваста таваҷҷуҳи бузургро ба тарафи ӯ хоҳад кашид.
Чӣ тавр Василий Сталинро «аз байн бардоштанд»? Дар ин хусус ҳуҷҷатҳои расмӣ низ хомӯшанд. Вале хотираҳои охирин зани Василий – Мария Николаевна боқӣ мондаанд.
Писари Сталин аз эҳтимоли ҳабс шуданаш ба воситаи телефон аз рафиқонаш фаҳмид. Маълум нест, ки он лаҳзаҳо дар бораи чӣ меандешид, вале шояд як андеша дар сараш чарх зада бошад: «фурӯхтанд, қанчиқҳо!». Субҳ муштамзӯрон – чекистҳо омада гуфтанд: «Рафиқ генерал, мана ордер барои ҳабси шумо!».
Ҳамон рӯз генерал–лейтенант Василий Сталин ба синни 32 расид. Сарфармондеҳи неруҳои ҳарбии ҳавоии округи ҳарбии Маскав буд. Бисёр менӯшид. Ба варзишгарон ёрӣ мерасонд. Бо маъшуқаҳо мезист. Вале барои чунин сифатҳо ба зиндон намепартоянд ва ё эҳтимол барои писари Сталин буданаш ба маҳбас афтод!? Ба он гунаҳкор донистанд, ки гӯё амволи давлатиро тороҷ намудааст…
Истинтоқи Василий 9 майи соли 1953 оғоз ёфт. Ин кори масъулиятнок ба уҳдаи сардори қисми тафтишотии парвандаҳои махсусан муҳим генерал – лейтенант Влодзимерский ва муовини ӯ полковник Козлов вогузор гашт. Мазмуни парвандаи айбдорсозӣ, ки дар рафти 3 рӯзи пурсиш мураттаб ёфт, чунин буд: Василий Сталин дар вазифаи сарфармондеҳи неруҳои ҳарбии ҳавоии округи ҳарбии Маскав буданаш, ба талаву тороҷи моликияти давлатӣ ва ба сарфи ғайриқонунии маблағҳо роҳ дода, бо ин амал ба Давлати Шӯравӣ хисороти зиёди молиявӣ ворид кард».
Василий ин айбро бар дӯш нагирифт. Воқеан, шахсеро, ки ду моҳ пеш тамоми чизро доро буд, ба бод додани пули қисми ҳарбӣ гунаҳкор кардан мантиқ надошт. Вале Василий ба варзиш аз ҳад зиёд шавқ дошт ва ёрӣ расонданаш ба варзишгарон мумкин аз ҳисоби маблағи давлатӣ сурат мегирифт. «Дар давраи солҳои 1947 - 1949, - гуфтааст ҳангоми истинтоқ Василий, - дар округи ҳарбии мо қариб аз рӯи ҳамаи намудҳои варзиш дастаи устодон ташкил ёфта буд ва зиёда аз 300 нафарро дар бар мегирифт ва барои онҳо соле 5 миллион сӯм сарф мешуд. Бо иҷозати маршал Василевский, вазири мудофиаи СССР, чандин марказҳои варзишӣ сохта шуданд». Аммо маршалро ба Лубянка, маҳбасхона, даъват накарданд. Дар ёди варзишгарони баъдиҷангӣ бошад, Василий ҳамчун «ҷавонмарди асил» боқӣ монд. Зеро онҳоро бо хона, ҷойи кор, даромади хуб, унвонҳо таъмин мекард.
Тафтиш боз бисёр гуноҳҳои Василийро ошкор сохт: ба шикор бо тайёраи хизматии «Дуглас» мепарид, мошини давлатиро барои корҳои шахсиаш истифода мебурд, дар бӯстонсарояш саисхона ва ҳаммом сохт, аз Олмони мағлубшуда лоқу пари зиёде овард ва ғайраву ҳоказоҳо…
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 
Расми одамкуш?
Асари Билл Стоунхэм «Дастҳо ба ӯ муқовимат мекунанд» , ки соли 1972 офарида шудааст, расми мудҳиштарин дар дунё ба ҳисоб меравад. Дар назари аввал барои ин ҳеҷ асос нест. Дар расм, ки нусхаи сурати куҳна мебошад, Билли хурдсол бо хоҳари хурдияш тасвир шудааст. Тааҷҷубовар ин аст, ки вақте  онро дар намоишгоҳ гузоштанд, бо тамошобинон ҳолатҳои ғайричашмдошт рӯй дод: баъзеашон аз ҳуш рафтанд, дигарҳо ба гиря даромада, баъзеҳо худро нохуш ҳис карданд.
Эҳтимол, мудҳиш эътироф шудани асарро марги санъатшиноси рӯзномаи «Лос – Анҷелес Таймс» - аввалин тамошобини расм сабаб шуд. Ҳунарманд Ҷон Марли низ баъди харидории ҳамин асар соли 1984 нобуд шуд. Пас аз чанде расмро аз партовгоҳ одамони  аз санъат тамоман дур пайдо карда, ба хонаашон оварданд. Шаби аввал духтарчаи чорсола тозон назди волидон омада, ҳаросон гуфт, ки кӯдакони расм бо ҳамдигар занозанӣ доранд. Сарвари оила барои ҳақиқати ҳолро аниқ кардан дар хонае, ки асарро овехта буданд, видеокамераи сабти ҳаракат гузошт.  Аҷиб, он шаб камера чанд маротиба ба кор даромад. Яъне духтарча дурӯғ нагуфта буд. Шаби ҳаракати расм барои соҳибони хона мудҳиштарин шаби зиндагиашон гашт…
Таҳияи Ш.  ҚУРБОН

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2016    №: 220    Мутолиа карданд: 2234

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед