logo

порлумон

ҲАВОНАВАРДӢ. ҲАМКОРИҲО БО ХИТОЙ ТАВСЕА МЕЁБАНД

Вакилони порлумон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки рӯзи 2 ноябр баргузор гардид, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳавопаймоии гражданиро ба тасвиб расонданд.
 
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ, зимни шарҳи ҷузъиёти созишномаи мазкур изҳор дошт, ки тасвиби ин ҳуҷҷат ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар самти ҳавонавардии гражданӣ мусоидат менамояд. Зикр шуд, ки созишномаи мавриди назар рушди иқтисодиёту сайёҳӣ дар мамлакатро тақвият бахшида, ҳамзамон ҷуғрофияи парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро васеъ ва барои ҳифзи манфиатҳои мамлакат дар бозори хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ заминаи хуб фароҳам меорад.
Бино ба иттилои вазир, феълан байни Тоҷикистону Хитой аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон-Эйр», «Тоҷик-Эйр» ва ширкати ҳавонавардии Чин ҳафтае ҳашт парвоз анҷом мешавад. Ин парвозҳо дар хатсайри Душанбе - Урумчӣ, Урумчӣ-Душанбе ва Хуҷанд – Урумчӣ, Урумчӣ- Хуҷанд  сурат гирифта, карор аст, дар пайи тасдиқи созишнома аз сӯи порлумони кишвар хатсайри нав миёни Душанбе - Пекин низ ифтитоҳ шавад.
Дар ҷараёни баррасии созишнома вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин оид ба мушкилоти ҷойдошта дар бахши ҳавонавардӣ, аз ҷумла сатҳи хизматрасонӣ, одоби муоширати кормандони фурудгоҳ, вазъи молиявию  парки техникии «Тоҷик-Эйр», гаронии нархи чиптаҳо, бенизомӣ ва таъхир дар парвозҳои дохилӣ суол карданд. Шералӣ Ганҷалзода, дар посух ба пурсиши вакилон мавҷуд будани камбудиҳо дар ин бахшро эътироф намуда, итминон дод, ки мутахассисони Вазорати нақлиёти кишвар дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои марбута вазъ ва мушкилоти соҳаи ҳавонавардии кишвар, аз ҷумла арзиши чиптаи ҳавопайморо мавриди омӯзиш қарор дода, барои бартараф кардани он тадбирҳои самарабахш меандешанд.
Айни ҳол, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳавонавардии гражданӣ бо 22 кишвари хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2016    №: 220    Мутолиа карданд: 8857

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед