logo

сиёсат

КЛАУДИО ЛАУТИТСИ: "АЗ ИШТИРОК ДАР ИН РӮЙДОДИ ТАЪРИХӢ ИФТИХОР ДОРАМ"

Суханронии Клаудио Лаутитси, директори генералӣ оид ба лоиҳаҳои байналмилалии ширкати «Салини Импре - ҷило» дар маросими оғози бунёди сарбанди НБО Роғун, 29 октябри соли 2016
 
Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Муҳтарам намояндагон ва иштирокдорони ин рӯйдоди таърихӣ, хонумон ва ҷанобон!

Барои ман ифтихори бузург аст, ки имрӯз бо шумо дар ин ҷо қарор дорам ва имкон фароҳам омад то ба сомеони муҳтарам чанд фикрамро доир ба ин рӯйдоди муҳими таърихӣ, ки бо ифтихор имрӯз дар он ширкат дорем, баён намоям. Ман бастани маҷрои дарёи Вахшро дар назар дорам, ки марҳалаи муҳими сохтмони сарбанд дар Тоҷикистон мебошад.
Пеш аз он  дар бораи  оғози сохтмон сухан кунам, иҷозат диҳед, нисбат  ба таваҷҷуҳи рӯзафзуни муҳтарам Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯшиш ва ибтикороти онҳо, ки ба ҳалли масоили муҳими баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди устувори мамлакат равона шудаанд, назари худро иброз дорам.
Рӯйдоде, ки имрӯз ба амал омад, намунаи барҷастаи таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷалб намудани тамоми воситаву сарчашмаҳо ба хотири татбиқи муваффақи ин тарҳи ояндадор мебошад.
Иҷозат диҳед, таманниёт ва табрикоти некро ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ аз номи роҳбар ва молики ташкилоти мо ҷаноби Петро Салини  баён намоям. Ҳамчун намояндаи «Салини Импре - ҷило» мехоҳам миннатдорӣ ва ифтихормандиро барои имкони иштирок дар бунёди чунин иншооти ҳаётан муҳим изҳор дорам.
«Салини Импре - ҷило» гурӯҳи байналмилалии саноатии махсусгардондашуда дар бунёди иншооти инфрасохтори миқёсан азими душвор ва созмони пешбар дар ҷаҳон дар бахши гидротехникӣ маҳсуб мешавад. Теъдоди сарбандҳои аз ҷониби мо бунёдгардида, ки ба 257 адад мерасанд, далели гуфтаҳои болост. Ба Шумо барои эътимодатон ба ширкати мо миннатдорӣ баён менамоям. Аз номи роҳбарияти ширкат, ҳамкасбонам, онҳое, ки дар ин ҷо ҳузур доранд, Шуморо бовар мекунонам, ки ин тарҳ дар мадди назари доимии мо қарор дорад ва сазовори беҳтарин ҳалли муҳандисӣ мебошад. Мо ба ҳамаи ҳадафҳоямон, чунон ки имрӯз аллакай ба он оғоз кардем, хоҳем расид. Далелҳои мавҷуда собит месозанд, ки ин тарҳ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад.
Ҳарчанд амалисозии лоиҳа якчанд солро дарбар мегирад, ҳадафи афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки навбати аввали неругоҳ, яъне агрегати якум охири соли 2018 ва агрегати дуюм  моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода шавад. Яъне, моҳи декабри соли 2018 Неругоҳи барқи обии Роғун ба истеҳсоли неруи барқ оғоз мекунад. Чунин қарор истеҳсоли барвақтии неруи барқ ном дорад ва мо умедворем, ки ин аз ҷониби дирексияи НБО Роғун муваффақона амалӣ хоҳад шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2016    №: 220    Мутолиа карданд: 1345

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед