logo

сиёсат

КОНСТИТУТСИЯ. МЕЪЁРҲОИ ОН АЗ ПРИНСИПИ ИНСОНДӮСТӢ МАНШАЪ МЕГИРАНД

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло,
ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ

 

Таҷлили сазовори бистудуюмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даврае рост омад, ки халқи шарафманди тоҷик чанде пеш 25 - солагии Истиқлолияти давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифтанд. Ин ду ҷашнро аз ҳамдигар ҷудо намудан мушкил аст, зеро ҳар яке дар тақдири дигаре аҳамияти калон дорад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд, «Истиқлолият муқаддастарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллӣ ва нишонаи пойдориву бақои миллат мебошад». Маҳз истиқлолият боис гашт, ки мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияро қабул намуда, соҳиби бахтномаи худ гардидем. Аз тарафи дигар, қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон ба шумор рафта, натиҷаи талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи нави рушду инкишоф ва муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба оламиён мебошад.
Новобаста ба он, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони хеле ноором таҳия ва қабул гардид, дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа танзими ҳуқуқии худро пайдо карданд ва он аз ҷониби коршиносон дар қатори беҳтарин конститутсияҳои олам пазируфта шуда буд. Танҳо бо қабули Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии истиқлолият ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ пайдо гардид, амнияти милливу давлатӣ ва оромии авзои ҷомеа таъмин ва бо ҳамин роҳ пояҳои сиёсиву ҳуқуқии давлате, ки қадамҳои нахустини худро мегузошт, устувор гашт.
Дар моддаи 9 Конститутсия бори нахуст таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба се шоха - қонунгузор, иҷроия ва судӣ нишон дода шуд ва вазифаҳои ҳар шоха дар бобҳои минбаъда мушаххас гардиданд. Дар сатҳи Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шуд, ки мавҷудияти ин меъёр шаҳодати он аст, ки кишвари мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори мустаҳкам ва заминаи боэътимод гузошта истодааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос ёфтаанд.
Тавассути ин дастоварди олӣ халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон кард, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ буда, дар роҳи ҳифзи дастовардҳо ва афзоишу таҳкими онҳо пайваста кӯшиш менамояд ва рушди соҳибихтиёрии давлати миллии хешро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи он саъю талош меварзад. Арзиши волои Конститутсия боз дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун неруи тавонои ҳуқуқӣ консепсияи муосири ҳуқуқҳои фитрии инсонро, ки табиатан ба ӯ хос мебошанд, мустаҳкам намуда, уҳдадории давлатро оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар менамояд.
Дар Конститутсия халқи Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон чун вазифаи муҳими давлат сабт шуд ва кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар гашт. Маҳз аз ҳамин ҳуқуқи конститутсионии худ истифода намуда, халқи Тоҷикистон ба ин санади олии ҳуқуқӣ се маротиба тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки онҳо Конститутсияро боз ҳам такмил дода, онро ба рушди ҷомеа мувофиқ гардонданд.
Алалхусус, тағйиру иловаҳое, ки 22 майи соли равон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид шуданд, барои такмили он аҳамияти калон доранд. Ин раъйпурсӣ, ки дар фазои сулҳу суботи комил ва дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор гардид, бори дигар собит сохт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дорои фарҳанги воло, маърифати сиёсии мукаммал ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошад.
Имрӯз ба таърихи начандон тӯлонии давлатдории навинамон назар андохта, нақши муҳими Конститутсияро, пеш аз ҳама, дар таъсиси заминаи ҳуқуқии ташкили низоми нави мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон метавон таъкид кард. Аз ин рӯ, Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди соҳибкориро дар кишвар кафолат медиҳад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон, ҳамчунин озодиҳои сиёсӣ, аз ҷумла озодии сухан, гуногунандешӣ, дар доираи қонун таъсис додани ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳо ва созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, ба таври озод истифода намудан аз воситаҳои ахбори омма ва воситаҳои нави технологияи иттилоотиву коммуникатсиониро кафолат додааст. Дар заминаи Конститутсия бо ба назар гирифтани талаботи замони муосир дар кишвар ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, ки ин раванд барои рушди бонизому пурсамари самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард.
Бо назардошти аҳамияти бузурги ин санади олии ҳуқуқӣ дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат дар назди ҳар як фарди солимфикру огоҳи кишвар имрӯз вазифаҳои басо муҳим ва масъулиятнок қарор доранд, ки омӯзиш, тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти Конститутсия ва қонунҳои дигари амалкунанда аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем шуури ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ, қонунфаҳмиву қонуншиносии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонони мамлакат ва масъулияти онҳоро барои ояндаи шукуфои Ватани азизамон - Тоҷикистон баланд бардорем.
Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад. Расидан ба ҳадафҳои зикршуда аз ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, риоя ва эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо ва аз ҳокимият фаъолияти бонизоми конститутсионӣ, таъмини кафолати ҳамаҷонибаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оштинопазириро нисбат ба қонуншиканиҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ҳама гуна мақомот ва кормандони онҳо, ки тавассути қарорҳои ғайриқонуниашон ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон поймол мегардад, тақозо дорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2016    №: 220    Мутолиа карданд: 1410

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед