logo

фарҳанг

КИТОБ ВА МО, НА МО ВА КИТОБ!

Аз ҳама камтар дар кишвари мо китоб ба савдо меравад. Барои он харидори ҷиддие пайдо намешавад. Як бор ба мағозаҳои китоб биравед ва ин ҳақиқатро, агарчи исбот намехоҳад, бо чашми сер бубинед. Шояд ба он чи пештар шунидед, бовар ҳосил бикунед. Оҳ, шумо аз ин амал ҳам мехоҳед нафъ биҷӯед, фоида бубинед?! Дилпур бошед, меёбед, мебинед. Ба заҳматҳо дар даврони мактабхонӣ ба амри омӯзгор азёд карда будед: «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст». Ба осонӣ онро аз ёд мебароред. Ба ҷойи он маълумоти дигар, наву фоидаоварро ҷой медиҳед. Табъро ҳамчунон болида бидоред. Мабодо, ки дилатон ба ҳоли китобҳо бисӯзад? Аз гарду чанги рӯи онҳо чашм бипӯшед. 
 
Ба чашматон амр бидиҳед, то ба соли нашри китобҳо камтар бинигарад. Балки беҳтар аст, ки умуман нанигарад. Чунин имкон ба вуҷуд меояд, ки ба тааҷҷуб биёед ва аз худ бипурсед: «Дар ҳақиқат, ин китобҳо даҳ – бист сол пеш нашр шудаанд? Аз барои Худо, масали «мушт намунаи хирвор аст» - ро ҳеҷ ба зеҳнатон роҳ надиҳед. Медонам, ки роҳи он бо садди чинӣ маҳкам баста шудааст, аммо ба ҳар ҳол шубҳае метавонад ба рағму зидди андешаҳову ҳақиқатҳо кореро ба фарҷом бирасонад. Он гоҳ пас аз таҳқиқ бовар ҳосил мекунед, ки китобҳое ҳам дар интизори харидоранд, ки нашрашон ба пеш аз солҳои истиқлол рост меоянд. 
Дар хазинаи майнаи шумо сабт аст: «Беҳтар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест». Ин сабтро на танҳо ба осонӣ аз байн мебаред, балки метавонед изҳор бидоред, ки замон, вақт бар навиштаҳои пешиниён хати батлон кашида ва ҳақиқаташонро аз даст додаанд. Ба ҷойи  он навиштаи нав пайдо мешавад: «Беҳтар зи дуллор дар ҷаҳон ёре нест». Як маслиҳати бародарона медиҳам, агар мепазиред ва агар намепазиред, ихтиёр дар дасти бахтёр аст: ҳаргиз бо чанд мисрае, ки дар зеҳнатон пайдо мешавад, даъвои шоирӣ накунед. Пас аз ин даъво, охир, андешаи нашри китобатон пайдо мешавад. Кош ин бадбахтӣ дар ҳаминҷо ба поён бирасад. Не, чунин ки нест. Пули бисёр сарф мекунед. «Барои чӣ?» мепурсед. Албатта, барои нашр. Ва ҳам дӯстонатон хоҳиш мекунанд, ки ин дастовардро бо зиёфати ашрофона бишӯед. Дар ҳамин зиёфат маслиҳат медиҳанд, ки узви Иттифоқи нависандагон бишавед, маҳфили рӯнамоии китобҳои наватонро ва «ширу шакар»  - ро минбаъд баргузор намоед. Ҳар кадоми ин дар пай харҷ ва зиёфати калон дорад. Ҳама васфатон, тавсифатон мекунанд. Мегӯянд, менависанд, ки «ба бахти ин сарзамин нобиғаи шеър ё худ адабиёт арзи ҳастӣ намуд.  Мо худро хушбахт мешуморем, ки дар замони ӯ зиндагӣ мекунем». Чашми шуморо парда мегираду рӯған. Ҳақиқатро намебинед, сухани ҳақро ё паст мегӯянд, ё умуман намегӯянд, ки намешунавед. Боре шунидаед, вақте китобҳоятонро бо соядаст ба дӯстону балегӯёнатон тақдим кардаед, изҳор доштаанд: «Боз як дарди сар афзуд. Магар замон замони китоб хондан аст»? 
Не, охир. Ҳақ аст, ки «кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам». Агар дигар нашавӣ, вой ба ҳолат. Чун фарди сода, бехабар аз дунё, қафомонда дар ҷамъият муаррифӣ мегардӣ. Ба ҳолат механданду механданд. Мавзӯи гапу ғайбати мардуме мешавӣ, ки китобро на танҳо ҳеҷ ба даст намегиранд, балки ба он танаффур доранд. Агар ҳам Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ зинда бишавад ва он ашъореро, ки сездаҳ раҳ сад ҳазор баршумурдаанд, биёбаду тақдим бикунад, вуҷудҳоро ғам фаро мегирад. Намедонам, барои чӣ исбот мехоҳед, шумо, ки на ҳақиқатро мепазиред, на ба даст як китоби ӯро мегиред. Агар ин султони шоирон ба мағозаҳои китобфурӯшӣ бираваду бубинад, ки ҳазор байти ӯро ба чанд сомонӣ намехаранд, барои чӣ боқии ашъорашро тақдим бикунад?
Дидед, аз мавзӯъ дур рафтам. Сухан аз нашри китобу узвияти Иттифоқ мерафт. Аз гирифтани мукофотҳо ҳанӯз чизе нагуфтаам. Аммо ногуфтаро ҳам дар шумори гуфтаҳо биёваред. Умуман, пас аз чанд соли табъу нашри китобҳо агар амр бишавад, ки онро барои таҳлилу тақризу баррасии дастовардҳои адабиёт ақаллан як бор мутахассисони соҳа мутолиа бикунанд, дуд аз димоғи ҳеҷ кас набарояд. Мебинанд, дармеёбанд, ки одитарин талаботи иншову адабиёт дар онҳо риоя нашудаасту дар атрофи ғановати маънияшон китобҳои бузургҳаҷм таълиф гардидаанд.
Қариб буд, ки фаромӯш мекардам. Як муддат гӯё ба асли худ баргаштем. Девонҳову куллиётҳоямонро аз дасти чоп баровардем. Он замон ҳаҷму миқдор нақши асосиро намебозид. Бузургию қимати китобҳо ба килло чен карда мешуд. Ин гурӯҳ хуб медонистанд, ки дигар китобхон намонда, аммо шояд барои рафи ҷевони китобҳои хонаашон, то ҳусни нав пайдо бикунанд, онро хостор бишаванд. Не, он насл насли дигар буд. Аз китоб, агар ҳам бепул ба онҳо бидиҳӣ, яъне тақдим бикунӣ, аллергия дошт ва ба ҳафт фарсах мегурехт. Ба зорӣ ҳам онро аз дастат намегирифт, ба ин узр, ки агар замин ба нохост биҷунбаду ин китобҳои даҳманӣ аз рафи ҷевон бар болои касе биафтад, сабаби марги ӯ мешавад. Пеш аз истиқлол бархе аз ашрофзодагон силсилакитобҳои бузургонро барои зеби хона мехариданд, аммо онҳоро бо симе сахт медӯхтанд. На аз тарси он, ки дар заминларза меафтанд, балки касе онҳоро аз ҷойи худ беҷой накунад.
Ҳамаи гурӯҳҳову табақаҳо барои нахондани китоб узрҳову сабабҳои зиёд доранд, балки бештар аз теъдоди нашри китобҳо. Метавон он ҳамаро ба як ҷумла ва узру сабаб ҷамъбаст кард: «Бархе барои харидану хондани китоб вақт надоранд, бархе дигар пул». Ба забони математикҳо ё худ аҳли риёзиёт агар бигӯем, ду адади якхеларо агар бо ҳам тақсим кунем, ҳосили он як мебарояд. Яъне барои ҳар ду як чиз намерасад: маърифат.
Дод гуфтем, фарёд баровардем, ки мағозаҳои китобфурӯшӣ надорем. Сохтанд, бо ҳашамат, барҳаво, васеъ, калон. Китобҳои бисёрро дар он ҷой доданд. Чун бузургтарин рухдоди фарҳангӣ муаррифӣ намудем. Баъд чӣ? Роҳи онҳоро аз ёд баровардем, мавҷудияташонро низ, агарчи аз дод гуфтану фарёд баровардан барои он боз мондем.
Рӯзе пештар бо ҳидояти як меҳмони хориҷӣ ба бузургтарин мағозаи китобфурӯшии пойтахти кишварамон рафтем. Ангуштшумор чанд нафар дар ин китобхона арзи вуҷуд мекарданд. Ба фурӯшанда гуфтам: «Менолед, пайваста менолед, ки ба рӯзе ақаллан ду нафар ҳам намеояд, ки як китоб бихарад. Ана, чанд нафар ҳаст – ку?! Онҳо ҳатман китоб мехаранд. Мебинӣ, ба фурсатанд?! Ба фикрам, китобҳои хубу дилхоҳ меҷӯянд»! Фурӯшанда дар посух изҳор дошт: «Онҳо кормандони худамон, ин мағозаанд, на китобхарон». 
Бо ин ки теъдоди нашру харидорону хонандагони китоб кам гардидаанд, тафтиш ё худ ревизияи онҳо чун замони пешин кам нашудааст. Шукр бояд гуфт. Фарқ ин қадар ҳаст, ки тафтишгари имрӯз ба тааҷҷуб аз сарвари нашриёт мепурсад: «Чаро ба ин мисраъ, ки бисёр дароз аст, як сомонӣ ҳаққи қалам мондаеду ба ин мисраи кӯтоҳ низ як сомонӣ? Бояд фарқ дошта бошанд ё не»?! Сарвари нашриёт посухи дурусту муносиб пайдо карда наметавонад. Ё дасту по гум мекунад? Кӣ медонад? Рафиқ тафтишгар! Бисёр асрор аз чашму фаҳмат ниҳон мондааст. Барои чӣ як бор намепурсӣ, ки муаллифон ба чӣ хотир ба ҷойи ҳаққи қалам китоб мегиранд? Посухи ин пурсиш осонтар аст: «Чунки онҳо харидор надоранд».
 Медонам, агар ин фелетон дар нашрияе ба табъ бирасад, онро аз рӯи тартиботи мавҷудаи муқаррарӣ бояд ба идорае ва ё вазорате барои посух гардондан бифиристанд. Албатта, нахуст ин суол пайдо мешавад: «Ба куҷо бифиристем»? Фикр, мекунам, ки ин суолест, ки ҷавоб надорад, чунки дар ҳар идораву вазорат мегӯянд: «Китобу нахондани он ба мо чӣ иртибот дорад»? Ҷойи таассуф аст, ки пас аз он ҳам бовар ҳосил намекунем, ки китоб аз мо ва мо аз китоб дур шудаем, дур. 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2016    №: 221    Мутолиа карданд: 1754

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед