logo

иқтисод

НАВОВАРӢ. СУХАН ДАР БОРАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА БЕ ҶАЛБИ ҲАШАРЧИЁН МЕРАВАД

Ноҳияи Зафаробод аз ҷиҳати ҷойгиршавии ҷуғрофӣ сирф кишоварзӣ мебошад. Даромади асосии мардум аз ҳисоби зироаткорӣ буда, наздик ба 30 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Масъалаи асосӣ барои мардуми ноҳия, ин дастрасӣ ба оби полизӣ мебошад, ки тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. 
 
Ҳоло пойгоҳҳои обкашӣ бо сабаби аз солҳои шастум инҷониб мавриди истифода қарор гирифтанашон хеле  фарсудаву корношояманд. Ҷиҳати таъмиру азнавсозии пойгоҳҳо ва дастрасии аҳолӣ ба қисмҳои зарурии он Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ноҳия зиёда аз 10 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба хотири ҳаллу фасли ин масъала ҳар сол ба буҷети ноҳия то як миллион сомонӣ маблағ ҷудо месозад. Аз ин ҷост, ки дар ноҳия соҳаи кишоварзӣ ҳамчун соҳаи калидии рушди иқтисодӣ равнақ ёфта, дар самти пахтакорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти полизиву сабзавот дастовардҳои назаррас ба чашм мерасанд. Деҳқонони ноҳия дар мавсими имсола бо таъмини муътадили оби полизӣ ба ҳосили фаровони пахта ноил гардиданд, нисбат ба ҳамин, ки давраи соли гузашта қариб 7 ҳазор тонна зиёд аст. Агар соли гузашта дар ноҳия 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда бошад, имсол дар назар аст, ки истеҳсоли он ба 20 ҳазор тонна расонда шавад. Даромади молиявӣ аз ҳисоби пахта чоряк миллион сомониро ташкил хоҳад дод. 
Тавре Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, раиси ноҳия иброз медорад, соли сеюм аст, ки дар ноҳия ҷамъоварии ҳосили пахта бидуни ҷалби ҳашарчиён ҷараён мегирад ва аз ин ҳам худи хоҷагиҳо манфиати хуби иқтисодӣ мебардоранд. Аз рӯйи ҳисобу китоби мутахассисон, танҳо аз ҳисоби даст кашидан аз хидмати ҳашарчиён 10 миллион сомонӣ маблағи хароҷоту пардохти чиниш дар ихтиёри худи ноҳия мемонад, ки бешубҳа, дар  ҳалли бисёр масоили иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Ин аст, ки то имрӯз аз ҳисоби таҷдиди хоҷагиҳо дар ноҳия 4 ҳазору 766 хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис ёфта, садҳо нафар соҳиби замин ва ҷойи кори доимӣ шуданд. То шаст дарсад коҳиш ёфтани муҳоҷирати меҳнатӣ дар ноҳия низ ба ҳамин ислоҳот вобаста мебошад. Ҳамчунин, бо суръати риояи қатъии технологияи парвариш ва таваҷҷуҳ ба тухмии хушсифат метавон ҳосилнокии ин зироатро боз ҳам афзоиш дод, аз ҳисоби коркарди ниҳоии нахи он фоидаи дилхоҳи иқтисодӣ бардошт. Масалан, агар арзиши як кило пахта дар бозор то 1 доллари амрикоӣ бошад, аз як кило нахи он то 5-6 доллар фоида гирифтан имконпазир аст. Дар сурати коркарди нахи пахта ва то ҳадди ниҳоӣ расондани маҳсулот манфиати молиявии он боз ҳам афзун мегардад. Ба истифода додани корхонаи нассоҷии «Наврӯз» бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат соли 2011 маҳз бо ҳамин мақсад буд. Корхонаи мазкур имконият фароҳам овард, ки 120 нафар ҷавони ноҳия соҳиби шуғли муайян гардад. Ба хотири он ки арзиши аслии маҳсулоти корхонаи мазкур поин бошаду маҳсулот дар бозори дохиливу хориҷӣ харидор пайдо кунад, тасмим шудааст, ки соли  2017 дар ноҳия бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ коргоҳи ресандагӣ бунёд гардад. Раиси ноҳия муътақид аст, ки аз ҳисоби рушди соҳаи саноати сабук – ресандагӣ ва бофандагӣ дар ноҳия талаботи макотиби таълимӣ ҷиҳати таъмини либоси мактабӣ пурра қонеъ гардонда мешавад.  Самти дигари рушди саноат ин муътадил фаъолият кардани коргоҳҳои пахтатозакунии ноҳия мебошад, ки истеҳсоли равған ва хӯроки чорворо дар ин замина метавон вусъат бахшид.
Коршиносони соҳаи кишоварзӣ бо мушоҳида ва таҳлилҳо афзалияти рушди соҳаи полизӣ ва сабзавот, аз ҷумла парвариши пиёзро дар ноҳия таъкид доранд. Дар мавсими имсола, дар ноҳия наздик ба 21 ҳазор тонна маҳсулоти полизӣ ва 9 ҳазору 866 тонна сабзавот, аз ин зиёда аз 5 ҳазор тонна пиёз  истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ ба маротиб зиёд гардидааст.
- Раванди татбиқи «Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2015-2020» шароити мусоид фароҳам меорад, ки иқтисодиёти ноҳия боз ҳам рушду нумъӯ ёфта, ба зиндагии шоистаи мардуми ноҳия мусоидат мекунад, - иброз дошт Зиёзода Сулаймон Ризоӣ.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2016    №: 221    Мутолиа карданд: 1614

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед