logo

фарҳанг

ШОИРИ ШЕЪРАШ ЛИВО

5 ноябр бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва бо ширкати аҳли адаби ҷумҳурӣ дар ноҳияи мазкур 75 – солагии шоир ва рӯзноманигори варзидаи тоҷик Ғоиб Сафарзода ҷашн гирифта шуд. 
Дар вазъияти тантанавӣ дари китобхона ва осорхонаи Ғоиб Сафарзода ба рӯйи дӯстдорони адаб во шуд. Дар китобхона асарҳои офаридаи шоир, китобҳои ба ӯ тақдимнамудаи дӯстону рафиқон ва асарҳои бадеии солҳои шӯравию замони истиқлол офаридаи адибону олимони тоҷик ҷой дода шудаанд. Дар осорхона бошад, дастнавис, сурат, либос ва ашёҳои зиёде ба намоиш гузошта шудаанд, ки аз рӯзгор ва осори шоир ҳикоят менамоянд.  
Дар доираи чорабинии мазкур, ҳамчунин, парда аз рӯйи нимпайкараи шоир, ки дар мактаб - интернати ноҳиявии ба номи Ғоиб Сафарзода қомат афрохтааст, бардошта шуд. Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 75 – солагии шоир низ дар ҳамин мактаб – интернат баргузор гардид. 
Раиси ноҳияи Восеъ Мӯсо Ғафурзода бо ҳисси шукргузорӣ аз сулҳу субот ва арҷгузорӣ ба сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат аз корҳои анҷомдодаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия доир ба гиромидошти фарзандони сарсупурдаи миллат сухан ронда, зикр намуд, ки «ганҷинаи миллат фарзандони бонангу номуси он мебошанд. Яке аз чунин фарзонафарзандони миллат Ғоиб Сафарзода мебошад, ки дар рушди маънавиёти ҷомеа ва гиромидошти арзишҳои фарҳангиву маънавии он саҳми босазо гузоштааст». 
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад аз номи раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамдиёрони  шоир барои корҳои шоёнашон ҷиҳати гиромидошти хотираи неки шоири ширинкалом миннатдорӣ баён намуда, мавқеи Ғоиб Сафарзодаро дар назми тоҷик хеле муҳим арзёбӣ кард. «Як шамъ метавонад садҳо шамъи дигарро рӯшан намояд, - гуфт зимни суханронии хеш А. Самад. – Ҳамин гуна вазифаро дар ҳаёти фарҳангиву адабии мо Ғоиб Сафарзода иҷро намудааст». 
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб аз салосати сухан ва балоғати маъниҳои офаридаи шоир сухан ронда, навгониҳои дар шеъри муосири тоҷик вориднамудаи ӯро мавриди баррасӣ қарор дод. 
Дар фароварди маҳфил ҳунармандони ноҳия ба меҳмонон ва ширкатдорони чорабинӣ гулдастаи мусиқиеро, ки аз ашъори шоир мураттаб гардида буд, пешкаш намуданд. Дар доираи чорабинӣ вохӯрӣ ва суҳбатҳои гарму ширин бо адибони тоҷик сурат гирифтанд. 
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2016    №: 221    Мутолиа карданд: 2171

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед