logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРИ ҲИСОР

Субҳи 5 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим, бо сафари корӣ ба шаҳри бостонии Ҳисор ташриф оварданд.
Сокинони шаҳр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳи хоса ва эҳтироми самимӣ истиқбол гирифтанд.
 
Ифтитоҳи кӯдакистони «Табассум» 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор дар расми ифтитоҳи кӯдакистони «Табассум» иштирок карданд.
Кӯдакистони мазкур имкон дорад ҳамарӯза 220 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад, ки ин раванд ҳадафҳои давлату Ҳукумати кишварро дар самти бештару беҳтар фаро гирифтани кӯдакон дар зинаи аввали таълиму тарбия пиёда месозад.
Муассисаи томактабии «Табассум» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Темур Алиев бунёд гардида, дорои беҳтарин шароити таълиму тарбия мебошад.  Сохтмон соли 2015 оғоз гардида буд ва  бо сифати баланду ҷавобгӯ ба меъёрҳои замонавӣ ба анҷом расид. Бинои наву замонавии боғча бо маблағи умумии 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар "Табассум" ба корҳои сохтмонӣ ва шароитҳои муассиса баҳои баланд доданд. Ҳамзамон ин муассисаи томактабиро туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони шаҳри Ҳисор арзёбӣ карданд.
Бо ифтитоҳи ин муассисаи томактабӣ 40 нафар сокини шаҳр имкон пайдо кард, ки бо ҷойи кор ва маоши то 1200 сомонӣ таъмин гардад. Бояд гуфт, ки кӯдакистон аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати умумии 3 ҳазору 991 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Дар он тамоми асбобу анҷом барои хониш, машғулиятҳои гуногун ва буду боши кӯдакон муҳайё карда шудаанд.
Дар муассиса омӯзиш ба се забон: тоҷикӣ русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Боғчаи "Табассум" аз 14 синфхона, 2 толори варзишӣ ва майдончаи варзишӣ, толорҳои мусиқӣ, рассомӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва ошхона, инчунин 5 айвонча иборат буда, тибқи лоиҳаи ҶДММ "Сармоя - Лоиҳа" бунёд ёфтааст.
Пешвои миллат аз тарбиятгарон даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз чунин шароит кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намоянд, то ки ин насл дар оянда созандагони Ватани худ бошанд.
 
Меҳмонхонаи “Усто Набот”  фаъол шуд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Ҳисор ба фаъолияти меҳмонхонаи муҳташами “Усто Набот”, ки аз панҷ ошёна ва таваққуфгоҳ иборат аст, оғози расмӣ бахшиданд.
Иншоот аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Абдуҳаким Усмонов бунёд ёфта, дар он айни замон 35 нафар бо кори доимӣ таъмин гардид. Ба қавли соҳибкор, теъдоди коргарон ба 50 нафар расонда хоҳад шуд. Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2015 оғоз гардида, соли 2016 ба анҷом расид.
Меҳмонхонаи “Усто Набот” дорои 30 ҳуҷра буда, барои хизматрасонии 60 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Маблағи лоиҳавии меҳмонхона 10 миллион сомонӣ муайян шуда буд, вале бо сабаби анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ аз тарафи худи соҳибкор он нисбатан арзонтар бунёд шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шароитҳои хизматрасонии меҳмонхона ошноӣ пайдо намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва иқдоми соҳибкорро ибратбахш маънидод карданд.
Меҳмонхонаи “Усто Набот” дорои тарабхона бо 200 ҷои нишаст ва толори маҷлисгоҳ барои 60 ҷои нишаст мебошад. Дар толори барҳавои тарабхонаи меҳмонхона ҷашнҳои суннатии 50 нафар писарча ва хонадоршавии 6 ҷуфти ҷавон доир гаштанд.
Сарвари давлат ҳини табрикоти писарон ва ҷавонони навхонадор, ташаббуси мазкурро амри башардӯстона арзёбӣ карда, ба соҳибҷашнҳо хушбахтӣ таманно намуданд.
 
«Сироҷиддин» - саҳми соҳибкор дар ободии шаҳр
Нақшаҳо ба хотири фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардум ва ба маротиб баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон дар шаҳри Ҳисор дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд.
Имрӯз боз як маркази бузурги хизматрасонӣ дар шаҳри Ҳисор бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Маркази хизматрасонии «Сироҷиддин» дар деҳаи Ҳисори Ҷамоати деҳоти Ҳисор аз тарафи соҳибкор Салоҳиддин Қараев сохта шуд. Иншоот аз 4 ошёна иборат буда, дар масоҳати 930 метри мураббаъ бунёд ёфтааст ва масоҳати бино 344,4 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат баъди буридани лентаи рамзӣ ва мавриди истифодабарӣ қарор додани марказ аз шароити он дидан намуданд.
Иншоот бо фармоиши соҳибкор Салоҳиддин Қараев дар асоси лоиҳаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сармоя-лоиҳа» тарҳрезӣ гардида, пудратчӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Таъмиргар - 2010» мебошад. Корҳои сохтмониро дар марказ соли 2014 оғоз намудаанд.
Мутахассисони соҳибтаҷриба ва баландихтисос дар зарфи ду сол тавонистанд иншоотро бо тарҳи зебо, мутобиқ ба талаботи замон ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи тарҳрезишуда ба анҷом расонанд.
Арзиши умумии маркази хизматрасонии «Сироҷиддин» дар асоси лоиҳа 2 миллион сомониро ташкил медод, аммо бо харҷи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт. Дар ошёнаи якум кошонаи ҳусн, мағоза ва қаҳвахона, дар ошёнаи дуюм маркази дилхушӣ барои кӯдакон ва дар ошёнаи сеюм толори варзишӣ фаъолият мекунанд.
Айни замон 26 нафар сокини маҳал бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
 
Шиносоӣ аз фаъолияти фермаи навтаъсис
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти фермаи чорводории навтаъсиси «Абдурауф Юсупов» шинос шуд. Тибқи иттилоъ бунёди ферма 27 августи соли 2013 аз ҷониби ҶДММ «Абдурауф Юсупов» фармоиш шуда, корҳои сохтмониро ҶДММ «Абдурауф Юсупов» ба анҷом расондааст. Дар асоси лоиҳаи Корхонаи фаръии воҳиди давлатии лоиҳакаши шаҳри Ҳисор корҳои сохтмонӣ бо арзиши умумии 10 миллиону 834 ҳазор сомонӣ соли ҷорӣ анҷом ёфтанд.
Масоҳати умумии бино 14 ҳазору 274 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар ферма 240 сар модагови ширдеҳ ва 410 сар ғуноҷини зоти сиёҳалои тоҷикӣ парвариш карда мешаванд, ки аз нутфаи зоти Голштини олмонӣ дурага шуда, ба иқлими Тоҷикистон тобовар гардонда шудаанд.
Ширдӯшӣ дар соли 2012 ба 800 литр баробар буд, соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 3500 литр расид. 
Ферма барои дӯшидани чорво технологияи ҳозиразамони аврупоиро ворид намудааст, ки қувваи ками ҷисмониро талаб намуда, дар як баст 32 гови ҷӯшоро медӯшад. Агар пеш барои дӯшидани 32 гов як говҷӯш беш аз як соат вақт сарф мекард, пас имрӯз дар давоми 10 -  15 дақиқа ин кор анҷом дода мешавад. Шир тавассути дастгоҳи махсус ба яхдон ворид шуда, пас аз сард кардан ба  комбинати шири шаҳри Душанбе интиқол меёбад.
Вазнгирии чорво низ беҳ гардидааст. Агар дар соли 2013 дар як шабонарӯз тибқи ҳисоби миёна як чорво 200 грамм вазн мегирифт, ҳоло вазнгирии чорво ба 650 грамм расидааст.
Дар ферма беш аз 50 нафар бо кор таъмин гардид, ки аз ин шумора 6 нафар мутахассиси дорои маълумоти олӣ, 2 нафар миёнаи техникӣ, 43 нафар миёнаи нопурра мебошанд. Музди коргарон дар як моҳ зиёда аз 1000 сомониро ташкил дода, бо хӯроки гарм низ таъмин карда мешаванд. Барои баланд бардоштани малакаи коргарон олимони хориҷӣ даъват шуда, усули замонавии нигоҳубини чорво омӯзонда мешавад.

Ифтитоҳи комбинати металлургии тоҷик 
Ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор дар вазъияти тантанавӣ комбинати металлургии тоҷикро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар майдони умумии 15 гектар бунёд шуда, барои корҳои сохтмониву васлкунӣ 250 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Дар рафти бунёди корхона наздики 500 нафар сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
6 - уми декабри соли 2012 зимни як сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ин корхона ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуданд. Зимни мулоқот бо сохтмончиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба иҷрои босифати корҳо ҳидоят намуданд.
Фармоишгар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фароз» ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТНК» мебошанд.
Комбинати металлургии тоҷик аз 6 сехи истеҳсолӣ, аз ҷумла сехи тайёрии истеҳсолот, рехтагарӣ, ҳаллоҷӣ, пойгоҳи азоти оксигенӣ, пойгоҳи насос ва зеристгоҳи 100 мегавата иборат аст.
Аз рӯйи нишондодҳои лоиҳавӣ корхона соли аввал 120 ҳазор тонна маҳсулоти маъданиро истеҳсол ва коркард мекунад. Солҳои оянда имкон аст, ки ин шумора то ба 200 ҳазор тонна расонда шавад.
Дар ин ҷо 7 намуди металлҳои сиёҳи сохтмонӣ, аз ҷумла арматура, оҳани секунҷаю чоркунҷа, лӯлаҳои оҳании гуногуншакл, лӯлаҳои қутрашон гуногун ва дигар хӯлаҳои оҳанӣ истеҳсол мекунанд. Дар корхонаи металлургӣ таҷҳизоти навтарин аз Федератсияи Русия ворид ва насб карда шудааст. Корхона дар марҳилаи аввал истеҳсоли арматураҳои қутрашон аз 12 то 27 миллиметраро ба роҳ мемонад.
Бо ифтитоҳи комбинати металлургӣ дар навбати аввал 500 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гашт, ки маоши миёнаи онҳо 1200 сомониро ташкил медиҳад. Баъди ба роҳ мондани истеҳсоли дигар маҳсулоти оҳанӣ шумораи коргарону мутахассисон афзоиш ёфта, ба беш аз 1500 нафар мерасад.
Айни замон комбинати металлургии тоҷик яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар раванди саноатикунонии мамлакат, таъмини соҳаҳои хоҷагии халқ бо маҳсулоти худӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, болоравии иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ саҳми муносиб хоҳад гузошт.
 
Мулоқот бо фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор
Дар шаҳри Ҳисор пас аз ифтитоҳи комбинати металлургии тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинон мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки ҳамасола 6 ноябр таҷлил мегардад, ҳамчунин ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳри Ҳисор ба ҳозирин ва кулли шаҳрвандони мамлакат муборакбод гуфтанд.
Оид ба анҷоми корҳои ободонию созандагӣ сухан ронда, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ин тадбирҳо минбаъд низ ба хотири рушди иқтисодиёт, ободу зебо гардондани сарзамин ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум вусъат дода мешаванд.
Соли 2015 барои мардуми Ҳисор пурфайзу бобарор ва соли таърихӣ буд. Дар доираи корҳои созандагӣ ба ифтихори 3000 - солагии Ҳисори бостон ва баҳри мақоми шаҳрро соҳиб шудани Ҳисор корҳои муҳим, аз ҷумла бунёди инфрасохтори зарурӣ амалӣ гардид.
Имсол дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳудуди шаҳр иншооти нави таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд, ки дар иҷрои он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорони ватандӯсту бонанги шаҳри Ҳисорро назаррас маънидод карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ба фаъолият оғоз кардани корхонаи бузурги саноатӣ, комбинати металлургии тоҷик, баҳри таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, торафт ободу пешрафта гардидани шаҳри Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти нави иҷтимоӣ ба беҳдошти сатҳи зиндагии сокинон саҳми арзишманд хоҳанд гузошт.
Ҳамчунин дар мулоқот бо сокинон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушди босуръати соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ тадбирҳои заруриро амалӣ гардонда истодааст. Дар натиҷаи дастгирии доимии Ҳукумат соли 2015, бо вуҷуди вазъи ногувори иқтисоди ҷаҳонӣ, корхонаҳои саноатии мамлакат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро беш аз 11 фоиз афзоиш дода, ба маблағи қариб 12 миллиарду 200 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти муҳимияти нақшаву барномаҳо ва ҳадафҳои созанда Ҳукумати мамлакат,  вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки минбаъд ҳам тавассути воридоти технологияҳои муосир ҳарчи бештар афзоиш додани истеҳсоли молҳои рақобатпазир ва тақвияти иқтидори содиротии кишварро таъмин намоянд.
 
Боздид аз заминҳои корпоратсияи “Баракат” 
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти меҳнаткашон дар хоҷагии намунавӣ ва бисёрсоҳаи корпоратсияи «Баракат» аз наздик шинос шуданд.
Соли 2016 хоҷагӣ 15 ҳазор тонна ангури хуштамъ истеҳсолу ба хориҷи мамлакат содирот кардааст. Дар ин хоҷагӣ 11 навъи хуби ангур, аз ҷумла кишмиши сиёҳ парвариш карда мешавад ва имсол аз ҳосили фаровони токзор 5 ҳазор тонна мавизи хушсифат тайёр намудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти намунавии боғдорон шинос шуданд. Аз майдони боғоти хоҷагӣ себҳои гуногун ҷамъоварӣ ва ба хориҷ содирот мегардад, ки аз ин ҳисоб ҳам фоидаи зиёд ба даст меояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорони пуртаҷрибаи «Баракат» барои фаъолияти пурсамар баҳои баланд доданд ва ба онҳо барои ҷамъоварӣ, нигоҳубин ва содироти ин маҳсулоти серхарид маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.
Роҳбарияти хоҷагӣ бо бунёди боғоти нав 360 нафар сокини шаҳрро бо ҷойи кори доимӣ таъмин карданд, ки ин боиси аз байн бурдани мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мегардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2016    №: 221    Мутолиа карданд: 925

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед