logo

иқтисод

КОРНАМОИҲОИ НАВИ МЕХАНИЗАТОРОН

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 1216 техникаи гуногунтамға ва 1841 таҷҳизоти кишоварзӣ харида, ба хидмати кормандони ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ вогузоштааст. Механизаторон ва муҳандисони техникии корхона барои беҳтар ба роҳ мондани хидматрасонӣ ҷаҳди зиёд мекунанд. Ҳоло дар 48 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои хизматрасонии техникӣ таъсис дода шудааст, ки мутахассисони он заҳмати вазнини деҳқононро хеле сабук мекунанд. 
- Имрӯзҳо тамоми техникаи мо ба шудгор ва кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона  равона карда шудааст, - мегӯяд директори КВДҶ «Тоҷикагролизинг» Юсуф Акрамзода.  - Бо 1230 хоҷагии деҳқонӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, 1214 техника ва 920 таҷҳизоти кишоварзиро ба тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) додаем. Як кори хуби кормандони мо имсол ин аст, ки дар мавзеи Олимтойи вилояти Хатлон аз 7 маркази хидматрасонии минтақаи Кӯлоб ду – се тракторӣ бо таҷҳизоти шудгоркунанда, моласозӣ ва кишткунанда ҷамъ карда, дар қитъаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ шудгору кишти тирамоҳиро анҷом дода истодаем. Ҳамчунин, ба кишти картошка фаро гирифтани 400 гектар замини мавзеи Канаск, барои соли оянда шудгор ва аз буттаю алафҳои бегона тоза намудан иҷро карда шуд. 
Корхона оид ба таъмини кишоварзони ҷумҳурӣ ба техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ дар соли 2016 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ  25 комбайни ғалладарави тамғаҳои “Нива - Эффект”, “Палессе GS812” ва “Енисей”, 13 трактори тамғаи МТЗ - 82.1 ва аз ҳисоби маблағҳои фаъолияти хоҷагидорӣ (маблағҳои бозгашт) 98 техникаи кишоварзии гуногунтамға ва 441 адад таҷҳизот ворид намуда, дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳо қарор додааст. 
Мавриди зикр аст, ки аввалин маротиба соли ҷорӣ дар хоҷагии деҳқонии Мир Сайид Алии Ҳамадонии ноҳияи Кӯлоб кишти тухмии пиёз бо истифода аз тухмипошаки дақиқ амалӣ карда шуд.  Агар ба тариқи дастӣ дар як гектар 18 - 20 килограмм тухми пиёз сарф шавад, бо ин усули нав дар як гектар ҳамагӣ то 6 килограмм тухмӣ харҷ гардид. 
Корхона дар асоси дархости хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат новобаста аз шакли моликият ва шахсони инфиродӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавии соли 2017 миқдори зиёди техникаҳои муосир, аз ҷумла тракторҳои бисёрҳадафа, комбайнҳо, мошинҳои пахтачин, экскватору дигар техникаҳои пуриқтидорро харида,  ба хидмати онон мегузорад. 
Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон механикунонии соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакатро яке аз ҳадафҳои афзалиятнок дониста, моро ба он ҳидоят менамоянд, ки дар амалисозии он саҳмгузор бошем, гуфт дар хотима Юсуф Акрамзода.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2016    №: 222    Мутолиа карданд: 1576

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед