logo

фарҳанг

ТАМОШО. СУХАН ДАР БОРАИ ТАСВИРҲОИ АКСБАРДОРИ ОЛМОНӢ МЕРАВАД

Бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷониба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Сафорати Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои  суратгири машҳури олмонӣ Волфганг Кораллро зери унвони «Тобистон дар Берлин» баргузор намуданд. 
Экспозитсияи онро мутахассисони шуъбаҳои бозсозии экспозитсионӣ ва дизайн, санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳамбастагии мутахассисони олмонӣ омода намуданд. Экспозитсия  диққати тамошобинони зиёдро ба худ ҷалб намуд.
Дар намоиши  «Тобистон дар Берлин» намунаи беҳтарини аксҳои Волфганг Коралл, ки беш аз 50 ададро ташкил медиҳанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.  Аксҳои бардоштаи ин суратгир зебоии нотакрори шаҳри Берлинро  инъикос менамоянд. Тамошои аксҳо ба кас рӯҳу илҳом мебахшад. 
Суратгири номдори олмонӣ Волфганг Коралл дар мамлакатҳои мухталиф фаъолият намуда, аз ҳаёти ин кишварҳо китобҳои зиёдеро нашр намудааст. Аксҳои ӯ дар беш аз 70 фотоалбом ва роҳнамоҳои нашриётҳои машҳури Олмон нашр шудаанд. Волфганг Коралл ният дорад, ки дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон омада,  аз ин кишвари офтобиву мардуми меҳмоннавози он армуғони суратҳои хешро ба Олмон бибараду дар он ҷо намоиши бузургеро доир намояд.
Тамошобини тоҷик Берлини сарсабзу хуррамро аз нигоҳи як нафар аксбардори олмонӣ хеле зебо дармеёбад.
Шаҳло АБДУЛЛОЕВА, 
корманди калони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2016    №: 222    Мутолиа карданд: 1950

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед