logo

фарҳанг

БИБЛИОМАРАФОН ДАР РАШТОН

Тибқи қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявӣ библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» идома дорад. Дар доираи озмун дар маркази ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагони вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми ҷумҳурӣ  ва Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китоб ва адабиёти тозанашр баргузор шуда, тавассути он мардуми китобдӯст аз чопи китобу адабиёти навин огаҳӣ пайдо карданд.
 
Дар озмун хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ иштирок  ва  ҳунарнамоӣ намуда, маҳорату малакаи худро санҷиданд. Тибқи шартҳои озмун байни хонандагон саволу ҷавоб аз рӯи китобҳои хондашуда (мавзӯи асар, каҳрамонони асосии он, муҳтавои он),  иншо дар мавзӯҳои озод, шарҳи калимаву ибораҳо, огаҳӣ аз сомонаҳои машҳури иттилоотӣ, сатҳи фарҳанги иттилоотӣ, ҳамчунин китобхон, китобхона ва китобдори беҳтарин сурат гирифт. Ғолибони озмун пас аз анҷомёбии даври дувум дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ муайян гардида, ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд.  
Ҳадафи баргузории озмуни мазкур ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, бедор намудани майлу рағбат ба хондани он, тарбияи насли наврас дар заминаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ - худшиносӣ, ватандӯстӣ, зебоиписандӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳамчунин пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ ва таассуби динӣ миёни чавонон мебошад.
Тибқи нақша ҷамъбасти даври дувуми озмун 23 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе - дар Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар ва даври сеюми он 24 ноябр дар Рӯзи Парчами миллӣ дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баргузор мегардад. Ғолибонро Шоҳҷоиза,  мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ интизор аст. 
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2016    №: 222    Мутолиа карданд: 1974

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед