logo

иқтисод

ХАТЛОН. ЧАРО ТАЛАБОТИ ҚАРОРИ ҲУКУМАТРО НОДИДА МЕГИРЕМ?

Безараргардонии лампаҳои симобдори азкормонда маблағи ҳангуфт тақозо намекунад. Бо вуҷуди ин, аз рӯзи мавриди истифодаи умум қарор гирифтани онҳо, дар вилояти Хатлон чунин тадбир асло роҳандозӣ нагардидааст.  
Шумораи чунин лампаҳо, ки дастикам 5 сол боз аз аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо ҷамъоварӣ мешаванд, дар анборҳои муваққатии ҳудуди вилоят ба камобеш 205 ҳазор расидаанд. Бо ин амали хеш масъулон муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор», аз 3 марти соли 2011, рақами 97 - ро сарфи назар мекунанд. Мақсад аз тасвиби ин қарор эмин нигоҳ доштани саломатии шаҳрвандон ва ҳам дар замони буҳрони энергетикӣ 5 баробар бештар сарфа кардани қувваи барқ аст. Азбаски симоб метали бухоршаванда аст, пас аз дохили узвҳои нафаскашӣ шудан оҳиста-оҳиста метавонад оқибатҳои сангин ба бор орад. 
Дар асоси қарори болозикр ва қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 майи соли 2011 мебоист баҳри безараргардонии лампаҳои корношоям яктоӣ дастгоҳ дар минтақаҳои Қӯрғонтеппаю Кӯлоб насб мегардид. Лек то ҳол маълум нест, ки чунин дастгоҳ кай харида мешавад, ҳарчанд ғарами ин навъ лампаҳо дар 945 нуқтаи нигоҳдории вилоят дигар нағунҷида истодааст.
Дар ин қарор возеҳ навишта шудааст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардидаанд, то ҷиҳати коркарди лампаҳои симобдор ва интиқоли лампаҳои каммасрафи барқии люминессентӣ ва дигар лампаҳои симобдори аз истифода баромада маблағҳои муайян ҷудо намоянд. Аммо, мутаассифона, дар истинод ба Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то кунун ҳамагӣ 16 шаҳру ноҳия бо ин мақсад андаке маблағи ночиз ихтисос додаанду бас. Ин маблағҳо, ба қавли мутасаддиёну мутахассисон, фақат барои харидани маҳлулҳои безараргардонӣ, ҷиҳозондани нуқтаҳои нигоҳдорӣ бо лавҳаҳои огоҳкунанда, насби бодбезакҳои барқӣ, сохтани рафҳои махсусу қуттиҳои интиқолдиҳӣ, харидани қуттиҳои сарпӯшида ва бар ивази як дона лампаи корношоям ба шаҳрванд додани як ё якчанд лампаи нав кифоят намекунад. 
Иқтисодчии намояндагии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” - и  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  Дилшод  Раҳимов мегӯяд, ки  бо ин мақсад дар зарфи 5 сол ба корхонаҳои  шаҳриву ноҳиявии онҳо ҳамагӣ 32 ҳазору 45 сомонӣ ҷудо гардидааст. “Аз ҳама бештар шаҳрҳои Сарбанду Қӯрғонтеппа маблағ ҷудо намудаанд. Шаҳру навоҳии Вахш, Шаҳритуз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Н. Хусрав, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Темурмалик, Муъминобод ва Балҷувон ҳанӯз як дирам ҳам ихтисос надодаанд”, - афзуд ӯ.
Чуноне мо мушоҳида кардем, дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят бинобар набудани ҷойи махсус лампаҳои симобдори шикаставу азкорбаромадаро ҳамроҳи дигар анҷомҳо – китобу коғаз, компютеру принтер, бухорию ҳавополо ва ҳоказо якҷо нигоҳ медоранд, ки ин, албатта ба саломатии худи масъулон беасар нахоҳад монд. 
Сармуҳандиси КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Сарбанд Искандар Мингяров иқрор шуд, ки ҳарчанд анбори нигаҳдории лампаҳои корношоямашон ба талабот ҷавобгӯ нест, вале то ҳол илоҷи ҳалли мушкилро наёфта истодаанд. 
Ҳамтои ӯ аз КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” - и ноҳияи Хуросон Абӯсаид Набиев низ аз камбуди молиявиашон изҳори нигаронӣ кард. “Мо то моҳи сентябри соли равон 3 ҳазору 677 лампаи корношоям ҷамъ овардем. Ва то имрӯз дар тӯли 5 сол ягон донаи онҳо безарар гардонда нашудааст. Бо мақсади фақат ҳамин миқдорро бехавф сохтан ба мо тақрибан 3 ҳазор сомонӣ лозим аст. Лекин аз буҷети ноҳия боре  800 сомонӣ ҷудо шуда буд”, - изофа кард сармуҳандис.
Зимни суҳбат бо мо раисони чанде аз навоҳии вилоят гуфтанд, ки барои безараргардонии лампаҳои симобдори азистифодамонда аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ маблағ ҷудо  карда наметавонанд. 
Раиси ноҳияи Қубодиён Саидумрон Абдураҳмонзода изҳор дошт, ки беш аз 50 дарсади қисмати хароҷотии буҷети ноҳия аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ таъмин мегардад. “Барои ҳамин, мо масъалаи мазкурро ҳал карда наметавонем. Баъдан, КФД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” - и ноҳия худмаблағгузор аст. Яъне метавонад, ки ин масъаларо мустақиман дида барояд”, - илова кард вай.
Ба гуфтаи раиси ноҳияи Ҷайҳун Фотеҳ Аминзода, вазъи ҷамъоварию безараргардонии лампаҳои каммасрафи корношоям ӯро қонеъ намекунад. “Аммо дар ноҳияи мо қисми даромади буҷет бо машаққат иҷро мешавад. Аз ин рӯ, фақат барои пардохти музди меҳнат маблағ меёбему тамом”, - афзуд раиси ноҳияи Ҷайҳун. 
Мусаллам аст, ки мушкили безараргардонии лампаҳои симобдори аз истифодабаромада набояд саҳл гирифта шавад. Манзурам, дар сурати наандешидани тадбир онҳо метавонанд ба партовгоҳи маишӣ баргарданд. Ва ҳам муддати дароз бидуни наандешидани тадбир, ҳар як кадоми ин лампа метавонад ба заҳри оҳистакор табдил ёбад. Дар миён масъалаи ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва муҳити зист истодааст. Масъулонро мебояд ҷанбаи иқтисодии ин ноҷӯриро сарҳангом ҳал намоянд. Дар акси ҳол ҳаҷми зарар метавонад то ба ҳадди тасаввурношаванда рафта расад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2016    №: 222    Мутолиа карданд: 1559

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед