logo

фарҳанг

НИЯТИ НЕК НИМИ ДАВЛАТ

Назар Қосимов зодаи деҳаи хушманзари Шаҳбачаи ноҳияи Муъминобод буда, ҳоло дар шаҳри бостонии Хуҷанд зиндагӣ ва фаъолият менамояд. Дар замони шӯравӣ бо ҳамсараш фурӯшандаи мағозаи давлатӣ буданд. Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ба тиҷорат машғул шуданд. Айни замон Назар Қосимов  яке аз тоҷирони муваффақи вилояти Суғд ба шумор меравад. 

Ҳеҷ гоҳ ӯ аз деҳаи азизаш дур шуда натавонист. Ҳар сари чанд вақт ба зодгоҳаш меояд. Зимни суҳбат бо дӯстон дарёфт, ки аҳли деҳа бо мушкилоти зиёде даргиранд. Пеш аз ҳама, хати фарсудаи интиқоли барқ сабаб мешуд, ки зуд – зуд барқ  қатъ шавад. 
Нахуст тоҷир ба кашидани хати нави интиқоли барқ даст зад. Рӯзе, ки корҳои сохтмонӣ анҷом пазируфтанд, ҳеҷ аз ёдаш намеравад. Мардум ҳама аз ин амали хайри ҳамдиёрашон эҳсоси хурсандӣ намуда, дар ҳаққи ӯ ва наздиконаш дуои нек мекарданд. 
Ҳамчунин, аҳли деҳ аз кашондани оби нӯшокӣ мушкилӣ мекашиданд. Чунки чашмаи дар баландии деҳа ҷойгиршуда ин корро мушкилтар менамуд. Соҳибкор аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва дар ҳамбастагӣ бо аҳли деҳа лӯла гузаронда, оби чашмаро ба поин фаровард. Бо ин роҳ мушкилӣ рафъ гардида, дастрасии мардум ба оби ошомиданӣ таъмин гардид. 
Яке аз мушкилоти асосии деҳоти кишвар роҳҳои ноободи он мебошад. Ин мушкилиро Н. Қосимов низ ҳини ҳар сафараш эҳсос мекард. Баҳри ислоҳи он Қосимов роҳҳои деҳаро таъмир намуд. 
Ҳамеша кӯшиш менамояд, ки сатҳи маърифатнокии мардум боло рафта, ҷавонон пайи илму маърифат гарданд. Бо ин мақсад бинои нави мактабро иборат аз ҳашт синфхона сохта, онро бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла 6 бастаи компютерӣ муҷаҳҳаз гардонд. 
Дар деҳот бунгоҳҳои тиббӣ аҳамияти хоса доранд. То гузарондани ташхис ва гирифтани табобати зарурӣ ёрии аввалини тиббии расондаи кормандони он хеле муҳим аст. Бо ибтикори Назар Қосимов дар деҳаи Шаҳбача бунгоҳи тиббӣ низ сохта шуд. Он аз се дафтари корӣ иборат буда, дар он панҷ нафар табиб дар ҳифзи саломатии мардум камари ҳиммат бастаанд. Акнун мардум барои ташхису табобат ба маркази маъмурии ноҳияи Муъминободу шаҳри Кӯлоб намераванд. Барои бунёди бунгоҳ ва дастрас намудани таҷҳизоти зарурӣ соҳибкор зиёда аз 1 миллион сомонӣ сарф намуд. 
Ӯ ният дорад, ки дар ду гектар замин боғи наздимактабӣ бунёд намояду бинои боғчаи кӯдаконаро барои 50 нафар тарбиятгиранда сохта ба истифода супорад. 
Назар Қосимов шаҳрҳои ободу сарсабзи зиёдеро дидааст. Ҳар дафъа бо дидани сарсабзиҳои кишварҳои дигар зодгоҳаш ба ёдаш меояд. Ӯ кӯшиш менамояд, ки деҳааш ба шаҳрак монанд ва дар он тамоми шароити зарурӣ муҳайё бошад.
Нурулло ҲАСАНОВ, ноҳияи Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2016    №: 222    Мутолиа карданд: 2034

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед