logo

ҳуқуқ

МИЛИТСИЯ. МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ ОМИЛИ ОСУДАҲОЛИИ ШАҲРВАНДОН АСТ

Касбияти баланд, масъулиятшиносӣ, шуҷоатмандӣ ва мушкилнописандии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ яке аз омилҳои осудаҳолии шаҳрвандон шинохта мешавад. Дар вилояти Хатлон чунин сипари боэътимоди амнияту осоиши мардум асосан Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ва ниҳодҳои тобеи он маҳсуб меёбанд. 
 
334 ҷинояткор паси панҷара рафт
Бо саъю талошҳои доимии кормандони милитсия дар нуҳ моҳи охир тартиботи ҷамъиятӣ дар вилоят боз ҳам беҳтар таъмин гашт. Дар ин муддат 95 дарсади ҷиноятҳо кушода шуданд. Шахсияти онҳое, ки солҳои пеш 218 ҷиноят, аз ин се куштор, содир намуда буданд, муайян шуд. 334 ҷинояткор дастгир ва паси панҷара рафт. Маврид ба зикр аст, ки 19 ҳодисаи куштори имсола дар натиҷаи зиракию чолокии ҳайати шахсии мақомоти милитсия дар муддати хеле кӯтоҳ кушода шуданд. 

536 килограмм маводи мухаддир мусодира гардид 
Бешубҳа, ду омили асосии афзудани ҷинояткорӣ - истифода аз силоҳи оташфишон ва маводи мухаддир боиси нигаронӣ гардидааст. Ба хотири коҳиш додану аз байн бурдани ин авомил соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти милитсияи вилоят бо роҳи ихтиёрӣ ва мусодира аз аҳолӣ 76 автомати Калашников, 64 туфангча, 34 карабин, 14 силоҳи рахмил, 169 яроқи суфтамил ва 58 найзакорд гирифта шуд. Дар самти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар 300 ҳолат 536 килограмм героин, афюн, ҳашиш ва бангдона мусодира гардид. Ба гунаи мисол, 9 октябри соли равон дар натиҷаи гузарондани чораҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди деҳаи “Меҳробод”- и ноҳияи Фархор шаҳрванди 57 - солаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Одина валади Ғуломсарвар боздошт гардид. Аз борхалтаи ӯ 18 бастаи афюн бо вазни холиси 19 килограмму 860 грамм дарёфт ва мусодира шуд. 
 
Мубориза бо терроризму экстремизм пурзӯр мешавад
Дар самти мубориза бо равияҳои тундгаро - терроризму экстремизм, ки асосан ҷавонони бетаҷрибаро ба доми найранги хеш меандозанд кормандони мақомоти милитсия низ  саҳми муҳим мегузоранд. Бо ин ҷурм то ҳол 170 шахси гумроҳ дастгир ва 175 нафари дигар мавриди кофтуков қарор гирифтааст. 

Волидони бепарво ҷазо гирифтанд
Дар ҷомеаи суннатии мо тарбияи фарзанд ва нигоҳубини он дар оила ба зиммаи падару модар аст. Ин нукта дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳам таъкид шудааст. Аммо, мутаассифона, волидоне, ки муҳимияти тарбия ва ё оқибати беназорат гузоштани кӯдаконро дуруст дарк намекунанд, ҳанӯз ҳам кам нестанд. Бад-ин минвол, дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии вилоят бо сабаби риоя накардани талаботи қонун дар 5 ҳазор ҳолат аз 3 341 падару модар ба маблағи 316 ҳазору 100 сомонӣ ҷарима ситонда шуда, нисбат ба 1 ҳазору 161 кас чораи огоҳсозӣ татбиқ гардид. 
 
Ҳоҷӣ даст ба қонуншиканӣ зад?
Бобати татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” кормандони милитсия корҳои назаррас анҷом доданд. 346 қонуншиканӣ ошкор, 245 нафар ҷарима, 6 кас огоҳ ва 5 кас муҳокима шуд. Ба гунаи мисол, нисфирӯзии 18 октябр муайян гардид, ки сокини 46 - солаи деҳаи “Ваҳдат”-и ноҳияи Шаҳритуз Ашӯр Қодиров дар рӯзи корӣ бо омода кардани зиёда аз ду хӯрок маъракаи “ҳоҷиталбон” ва “ҳоҷиошӣ” барпо кардааст. Номбурда дар ҳеҷ куҷо кор намекунад ва ба замми ин соҳиби 4 фарзанд аст. Аз рӯйи ин кирдори ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуд. 
 
Милитсияи ман - ифтихори ман
Ахиран ҷоннисорию кордонӣ ва масъулиятшиносии ҳайати мақомоти милитсияро ба инобат гирифта, дар баробари қадршиносиҳои дохилӣ, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон полковник Баҳром Шарифзода бо ордени “Шараф”, дараҷаи II, сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ҳамин раёсат подполковник Амрулло Файзуллозода ва сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Қубодиён подполковник Камолиддин Иброҳимов бо медалҳои “Ҷасорат” сарфароз гардонда шуданд. Дар ин радиф метавон номи подполковникҳо Маҳмадалӣ Сабзаалиев, Марҳабо Ҷумъаева, Фарҳод Бурҳонов, майор Сулаймон Темуров, капитанҳо Баҳодур Холов, Эраҷ Мазоризода, Саломхӯҷа Атоев ва прапоршики калони милитсия Файзалӣ Ҷонвалиевро бо ифтихор ба забон овард. Зеро онҳо ҳамеша вазифаи хидматии хешро софдилона ва сари вақт иҷро мекунанд.       
 
Шароити хуб - асоси муваффақият
- Барои ҳар як комёбию пешрафт мо, пеш аз ҳама, аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорем, - гуфт сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон полковник Баҳром Шарифзода. - Маҳз ғамхорию дастгириҳои рӯзафзуни Сарвари давлат аст, ки мо тавонистем фаъолияти хешро мураттаб, таъсирбахш ва ба талаботи замон мувофиқ гардонем. 
Ба қавли полковник, ба хотири таъмини шароити мусоиди корӣ, омодасозии мутахассисони ҳирфаӣ ва нигоҳдории саломатии кормандон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои сеошёнаи иловагӣ барои Раёсати ВКД ва иншооти муҳташами Муассисаи давлатии коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кӯлоб, шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Хатлон, шуъбаи тиббии Раёсати ВКД, шуъбаи милитсияи деҳоти “Саричашма”-и шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар фурсати хеле кӯтоҳ намунаи олии он ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат аст. Ба таъмири босифат фаро гирифта шудани дохил ва саҳни раёсат, беш аз 30 дафтари кории нозирони минтақавии милитсия ва биноҳои маъмурии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Шаҳритуз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Панҷ, Ҷайҳун, Қубодиён, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ховалинг ва Муъминобод, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидани 57 нозири минтақавии милитсия низ шаҳодати таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба мақомоти корҳои дохилӣ аст. 
Зокир ҲАСАН, 
“Ҷумҳурият”

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2016    №: 222    Мутолиа карданд: 2010

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед