logo

фарҳанг

ФАЛСАФАИ ФАЛАК ОН БА ДУРУСТӢ ШИНОХТА НАШУДААСТ, ЧАРО?

Ба ақидаи Фароғат Азизӣ, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, доктори илми санъатшиносӣ, профессор, «Фалак» фалсафаи бузург дорад». Ҷойи таассуф мебошад, ки ин фалсафа ба дурустӣ шинохта нашудааст. Чаро? Чунки таҳқиқ ва омӯзиши ин мероси бадеию фарҳангӣ то ба ҳанӯз қаноатбахш сурат нагирифтааст. 
Махсусан фалаки даштӣ, ки барои иҷрои он сози мусиқӣ истифода намегардад, ниёз ба таҳқиқу омӯзиши  беҳтару бештаре дорад. Хондани ин навъи фалак, воқеан, на ҳар ҳунармандро даст медиҳад. Ҳатто, устодону ҳунармандони асилро дар тамоми умр беш аз як ё чанд маротиба даст намедиҳад, ки фалаки даштиро бо ҳама шукӯҳу шаҳомат, самимият ва дигар талаботи мавҷуда ба самъи шунавандагон бирасонанд. Сабаби онро муҳаққиқон чунин арзёбӣ намудаанд, ки ҳунармандон ба василаи он бояд бо Офаридгор роз бигӯянду арзи дил бикунанд.
Роз гуфтану арзи дил бо Худованд, албатта, сохтакорию тақлидро ҳаргиз намепазиранд. Аз ин рӯ аст, ки мо на ҳама вақт, дар иҷрои на ҳар ҳунарманд, ҳатто ҳунарманди маъруфу машҳур ва фалаксарои моҳир фалаки асили даштиро шунида метавонем. Дар ин сурат фалак дуруст ва бо ҳама шукӯҳаш муаррифӣ намешавад. Яъне, агарчи иҷрои ин навъи фалак мушкил аст, ё нофаҳмида ва ё қасдан бархе аз ҳунармандон матнҳоеро низ месароянд, ки ба фалаки даштӣ ва тарзи иҷроиши он ҳеҷ иртибот надоранд. Баъзе аз матнҳои сусту номувофиқ эҷоди худи ин ҳунармандонанд, ки дар ҳеҷ сурат қобили қабул шуда наметавонанд. Чунин муносибат мардумро аз фалак дур мекунад ва хулосаҳои манфиро ба вуҷуд меоранд. Мутаассифона, мутахассисон дар ин маврид муҳри хомӯшӣ ба лаб мезананд ва ҳақиқатро на баён медоранд, на менависанд.
Ба андешаи Ҳ.Саката, муҳаққиқи амрикоӣ, фалаки озод ё худ даштиро сарояндагони нимкасбии деҳот иҷро мекунанд. Хуб мебуд, агар ин масъала бештару беҳтар таҳқиқ мегардид. Инчунин, мутахассисони варзида барои хазинаи тиллоӣ сабтҳои фалаки асили даштиро ба хотири ҳифзу таҳқиқ ва парвариши завқҳо интихоб менамуданд. Пеш аз он, албатта, зарур аст, ки онҳоро пайдо ва сабт бинамоянд. Дар миёни мардум сарояндагоне ҳам ҳастанд, ки онҳо ба гурӯҳи сарояндагони нимкасбӣ дохил намешаванд. Дар лаҳзаҳои ғаму фироқи ҷонсӯз рубоиҳои халқиро бе сози мусиқӣ месароянд. Чанд сол пеш як хешовандам, ки дарз медӯхт, бо дарду ҳасрати зиёд месуруд:
Як апаву як хоҳари ҷонӣ будем,
Дар ҳасрати рӯи зиндагонӣ будем.
Мо гуфта будем: ҷона ба ҷон мемонем,
Чӣ медонем, миёни раҳ мемонем.
Ман медидам, ки ба ҳангоми сурудан оби чашмонаш шаш қатор мерехт, аммо онҳоро хушк намекард. Чанд ҳафта пеш марг хоҳарашро аз ин дунё, аз назди ӯ бурда буд. Ман ба маънии пурдарди рубоӣ бо ҳама эҳсосоти амиқ он замон, фикр мекунам, пурра расидам. Аз нафаре ҳам, ки ин рубоиро дар кадом як замони дур бо ҳасрат эҷод кардааст, андешидам. Инсон оҷиз аст, ки чунин тарзҳои самимии хонишро бо сухан ифода бикунад. Онҳоро фақат бояд сабт карду шунид. Сабти ин гуна хонишҳову иҷроишҳо бошад, басо мушкил аст. Чунки агар сароянда бидонад, ки ӯро сабт мекунанд, он шукӯҳу шаҳомат ва самимияти фалаки даштиро ба самъ расонда наметавонад.
Ин зан, ки бо хонишаш сӯзиши дилро хомӯш карда натавонист, дарунӣ, зери лаб, бе сухан фарёд баровард. Ба истилоҳ номи ин тарзи иҷроиш «Фалаки бунгак» ё худ «Фалаки димоғӣ» аст. Он аз замонҳои қадим роиҷ мебошад, аммо маълум нест, ки бо чӣ сабаб ин фалакро кам ба самъи шунавандагон мерасонанд. Дар хусуси «Фалаки бунгак» Абурайҳони Берунӣ дар «Осор – ул – боқия» - и худ  чунин маълумот медиҳад: «Куруш нахустин касе буд, ки ба замзама амр кард ва он иборат аст аз ишорае, ки лаббаста адо шавад, на ба гуфтори мафҳум».
Мусаллам аст, ки бахшҳои омӯзиши фалак дар мактабҳои олии мусиқӣ, коллеҷҳо таъсис ёфтаанд ва инчунин бо саъю кӯшиши муҳаққиқи санъатшинос Фароғат Азизӣ чандин ҳамоишҳои илмӣ – амалӣ дар сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Ин ҳама самараҳои нек ба бор оварданд. Ба андешаи муҳаққиқони соҳа ва иҷрокунандагони навъҳои гуногуни фалак таъсиси экспедитсияи махсус дар дохили кишвар ва берун аз он, хоса Афғонистон дар ин шабу рӯз бисёр ногузир аст. Дар ин ҳол беҳтарин иҷроишҳо дастраси худи мардум ва барои омӯзиши ҳунарпешагони ҷавон чун маводи асосӣ истифода мегардад. Ин дар шинохти беҳтари миллат бо арзишҳои бузурги фарҳангӣ ва мероси ғанияш махсусан дар замони ҷаҳонишавӣ мусоидат мекунад. Зарур ба ёдоварист, ки бо муаррифии бештару беҳтар ин мероси ғании миллатро дар баробари рушду такомул ҳарчи зудтар соҳибӣ бинамоем, то дар оянда дигарон онро аз худ накунанд.
Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2016    №: 223    Мутолиа карданд: 2009

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед