иҷтимоиёт
СОМОНА ДОШТАН НАМЕХОҲАНД, ЧАРО?
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун мақолаи танқидии Зокир Ҳасан «Сомона доштан намехоҳанд, чаро?», ки 19 сентябри соли 2016, № 187 (23009) дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, дар асоси талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 7 феврали соли 2009, таҳти № 622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» бо масъулони дахлдори соҳа мавриди баррасӣ ва бозпурсии ҷиддӣ қарор дода, барои ислоҳи он муҳлати муайян таъйин намуд.
Дар ҳақиқат, доштани сомонаҳои расмӣ хеле зарур буда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, сомонаи расмиро фаъол менамояд.
Х. ЛАТИФОВА, муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.11.2016 №: 223 Мутолиа карданд: 1656