logo

иҷтимоиёт

ТУСЁН ДАР АРАФАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ СОҲИББИНО ШУД

Дар остонаи Рӯзи Президенти мамлакат бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Тусёни ноҳияи Роштқалъа мавриди истифода қарор дода шуд. Бино аз ду ошёна, 10 утоқи корӣ, даҳлези васеъ, як маҷлисгоҳ ва иншооти ёрирасон иборат аст. Сохтмони бинои нави ҷамоат, ки бо харҷи қариб 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардид. Иншооти мазкур аз тарафи шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағгузорӣ гардида, сохтмони онро идораи сохтмонии рақами 2 - и ҶСК “Помирсохтмон”- и ноҳия ба зима дошт. 
 
Ҷамоати мазкур, бо вуҷуди он ки дар миқёси на танҳо ноҳия, балки вилоят яке аз калонтарин ҷамоатҳо ба шумор меравад, то ҳол дар се утоқи як бинои куҳнаи фарсуда, ки солҳои шастуми асри гузашта сохта шуда буд, фаъолият дошт. 
Ба гуфти Манзура Раҷаббекова, раиси ҷамоат дар бинои куҳна ҳатто ҷой барои ҳифз ва нигаҳдории ҳуҷҷату санадҳо вуҷуд надошт. Дар рӯзи қабули шаҳрвандон маҷбур будем, арзу шикояти шаҳрвандонро дар саҳни бино қабул намоем. Бинобар ин қарор додем, ки бо истифода аз мавқеи созандагиву бунёдкории Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилотамон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ муроҷиат карда, ҷиҳати беҳтар намудани шароити кориамон хостори кумак шавем. Ҷаноби Олӣ арзи моро қабул намуд. Бо дастури Сарвари давлат моҳи декабри соли 2014 дар сохтмони ин бино хишти аввал гузошта шуд ва инак сохтмон бо сифати баланд, бо тарҳи замонавӣ ба анҷом расида, мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. 
Дар маросими ифтитоҳи бинои нав раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед изҳор намуд, ки анҷоми сохтмон ба санаҳои муҳим ва таърихии халқи тоҷик - яъне, Рӯзи Президенти кишвар рост омад. Раиси вилоят ба масъулони ноҳия ва ҷамоат дастур дод, ки бахшида ба Рӯзи Президент, ки 16 ноябр дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, дар ин бинои боҳашамат барномаи ҷолиби фарҳангию маърифатӣ баргузор карда шавад.
Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2016    №: 223    Мутолиа карданд: 1711

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед