ҳуқуқ
ПУРСИШ ва ПОСУХ
Ба саволҳо Ғуфрон БОЙМАТОВ, узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар вилояти Суғд ва Айналишо АЙНАЛИШОЕВ, муовини сардори Раёсати адлияи ВМКБ ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Дар асоси ҳалномаи суд манзили истиқоматие, ки амволи муштараки ману собиқ ҳамсарам маҳсуб меёфт байнамон тақсим гардида, ҳиссаи охирон аз ҳисоби ман ба тариқи маблағи пулӣ рӯёнда шудааст. Ҳамзамон, дар қисми хулосавии ҳалномаи суд дар КДФ «БММГ» ба номи ман ба қайд гирифта шудани манзил дарҷ гардидааст. Пас аз қувваи қонунӣ гирифтани ҳалномаи суд собиқ шавҳарам ҳар гуна баҳона пеш оварда, маблағи пулиеро, ки аз ҳисоби ман ба фоидаи ӯ рӯёнда шудааст, гирифтан намехоҳад. Ман ба КДФ «БММГ» - и маҳали зистам ҳалномаи судро пешниҳод намуда, ба номам сабт кардани манзилро хоҳиш намудам. Вале, масъулони КДФ «БММГ» аз ман талаб намуда истодаанд, ки аввал аз иҷрочии суд ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба пардохт шудани ҳисссаи пули шавҳаратро пешниҳод намо, баъд манзилро ба номат ба қайд мегирем.
Ман маблағи лозимаро ихтиёран пешниҳод намуда будам, аммо собиқ шавҳарам аз қабул кардани он саркашӣ карда истодааст. Бигӯед, ки дар ин ҳолат ман аз иҷрочии суд чӣ гуна ҳуҷҷат талаб намоям?
С. Миробидова, шаҳри Гулистон
- Агар дар асоси ҳалномаи суд манзили истиқоматӣ байни шумо ва собиқ шавҳаратон тақсим шуда бошаду дар қисми хулосавии ҳалнома дар хусуси дар КДФ «БММГ» - и маҳали ҷойгиршавии манзили истиқоматӣ ба номи шумо ба қайди давлатӣ гирифта шудани манзил навиштаи дахлдор дарҷ гардида бошад, дар ин ҳолат масъулони КДФ «БММГ» ҳуқуқи аз шумо талаб намудани ҳуҷҷати иҷроро надоштанд. Зеро, вобаста ба рӯёндани он маблағи пулие, ки ҳамчун ҳиссаи собиқ шавҳаратон аз ҳисоби шумо рӯёнда шудааст, ба охирон аз тарафи суд якҷоя бо ҳалнома варақаи иҷро дода шудааст, ки дар сурати ихтиёран аз тарафи шумо пардохт нагардидани маблағ он ба тариқи маҷбурӣ аз тарафи иҷрочиёни суд бояд ситонда шавад.
Дар ин маврид шумо метавонед аз амал ва ё беамалии КДФ «БММГ» бо ариза ба суд муроҷиат намоед.
- Кадом категорияи кормандон ба вақти кории ихтисоршуда ҳуқуқ доранд?
Х. Ақназарова, сокини ноҳияи Мурғоб
- Ба вақти кори ихтисоршуда корманди ноболиғ (ба синни 18 нарасида), онҳое, ки шароити корашон вазнин ва зараровар (масалан, корҳои зеризаминӣ) ё махсус аст (духтурон, муаллимон) ҳуқуқ доранд. Давомнокии ҳафтаи кории онҳо набояд аз 35 соат зиёд бошад.
Барои кормандони синни 14 - 15 вақти корӣ набояд ҳафтае аз 24 соат зиёд бошад. Ба вақти кори ихтисоршуда, ҳамчунин, маъюбон ҳуқуқ доранд.
Давомнокии вақти кории онҳо набояд дар як рӯз аз 6 соат зиёд бошад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.11.2016 №: 223 Мутолиа карданд: 2181