logo

ҳуқуқ

ХУДКУШӢ. ПЕШГИРӢ АЗ ИН ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ ВАЗИФАИ МАН ВА МОСТ

Худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ буда, барои пешгирии онҳо бояд тамоми қишрҳои ҷомеа саҳмгузор бошанд. Вобаста ба ин, моддаи 5 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти инсонро баробари дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯ дахлнопазир шуморидааст. Дар моддаи 18 - и ин санади олии ҳуқуқӣ омадааст, ки: «Ҳар кас ҳаққи зандагӣ дорад». Мутаассифона, дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки хилофи ин меъёр амал намуда, даст ба худкушӣ ё суиқасд ба ҷони худ мезананд. 
 
Ҳамин тавр, дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи прокуратураи шаҳри Сарбанд ду ҳодисаи даст ба худкушӣ задан ва ду ҳолати суиқасд ба ҷони худ намудани шаҳрвандон ошкор гардид, ки дар натиҷа се нафар қурбони ин амали номатлуб гардид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳодисаҳо асосан ҷанбаи иҷтимоӣ дошта, дар пайи  рашк, вазъи саломатӣ (касалии рӯҳӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ) баҳсҳои оилавӣ ва мунтазам паст задани шаъну эътибори шахс ба вуқӯъ меоянд. 
Пайдост, ки худкушӣ дар лаҳзаҳои ҳассостарини ҳаёт рух медиҳад ва таъсири равонӣ низ дар пай дорад. Ба ақидаи олимони ҷомеашинос, ин амал дар зеҳни одамон дар натиҷаи номутобиқатии равонию иҷтимоӣ ва ҳолатҳои номусоиди зиндагӣ пайдо мешавад. Барои сарриштаи онро пайдо кардан мебояд ҳолати рӯҳии инсонеро, ки даст ба худкушӣ задааст, дарк кард, зеро аслан ин ҳодисаҳо дар ҳолатҳои маъюсию ноумедӣ рух медиҳанд. 
Чанде пеш дар пайи як ҳодисаи қасди худкушӣ кардани фарзанд модараш ба наҷоти  ӯ шитофт, ки оқибат боиси марги ҳардуи онҳо А. Ҳ. ва А. И. гардид. Маълум гашт, ки сабаби қасди худкушӣ намудани писар рашки зиёд будааст. Ин ҳолат метавонист роҳи хеле содаи ҳал дошта бошад. Вале, мутаассифона, бо фоҷиаи як оила анҷом ёфт. 
Ҳамин тавр, шаҳрвандон Ш.Д. ва Б.Р., ки бо чунин сабабҳои беарзиш қасд ба ҷони худ намуда буданд, баъди наҷот додан аз кӯтоҳандешии худ изҳори пушаймонӣ карданд. Ҳеҷ як эҳсос ё мушкилӣ, ҳатто сахттарин рӯз ва гаронтарин мушкилот арзиши онро надорад, ки бо чунин роҳ дунёро тарк намуда, наздикони худро мувоҷеҳ ба ғаму андуҳ созем. Вақте ки мушкиле пеши рӯ меояд, инони андешаро на ба дасти эҳсосот, балки ба ақл вогузор бояд кард. Яъне, аз андешаву идроки солим мадад бояд ҷуст. Аммо, на ҳама соҳибиродаву таҳаммулпазиранду метавонанд ба танҳоӣ аз уҳдаи ҳалли мушкилоти пешомада бароянд. Ба ин қисмати осебпазири ҷомеа ёриву дастгирии бевоситаи атрофиён хеле зарур аст. Вале аз санҷишҳо хулоса кардан мумкин аст, ки кор дар ин росто ҳанӯз мувофиқи матлаб нест. 
Барои пешгирӣ аз худкушию суиқасд ба ҷони худ ҳамкории бахшҳои маориф ва илм, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳалла, равоншиносон ва ниҳодҳои қудратиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондан лозим аст. Ходимони дин ва имомхатибони масҷидҳо имконияти бештари пешгирӣ аз ин равандҳои носолими ҷомеаро доранд. Ишора ба он меравад, ки агар дар зеҳни мардум аҳкоми шариат, аз ҷумла ҳалолу ҳаром, зиёни худкушӣ ва оқибатҳои дигар кирдорҳои ношоиста бо овардани ҳадису фармудаҳои дини мубини Ислом рехта шавад, ҷомеа баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб муваффақ хоҳад шуд.
Бояд зикр кард, ки моддаи 109 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба худкушӣ ва ё суиқасд ба ҷони худ расондани шахсро ҷиноят эътироф карда, қонунгузор дар ҳамин модда ҷавобгарии ҷиноятӣ низ пешбинӣ намудааст. Дар прокуратураи шаҳри Сарбанд бо аломатҳои ин модда як парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванд Ч.Б. барои ба худкушӣ оварда расондани модарандараш Қ.Ҳ. кушода шуда, пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ кардан ба суди шаҳри Сарбанд ирсол гардидааст. 
Набояд фаромӯш кард, ки ҳеҷ як амали носавоб беҷавоб намемонад. Гунаҳгорон мувофиқи талаботи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Барои мо аз ҳама муҳим он аст, ки барои ҷилавгирӣ аз чунин амалҳо бетарафӣ ихтиёр накунем ва ҳамкориро бо мақомоти дахлдор дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем.
Хусрав ҒУРАЗОДА, 
прокурори шаҳри Сарбанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2016    №: 223    Мутолиа карданд: 2091

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед