logo

ҳуқуқ

ҲОМИЁН. МИЛИТСИЯИ ТОҶИК 25 - СОЛА ШУД

РАҲИМЗОДА Рамазон,
вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
генерал – лейтенанти милитсия
 
 
Вазорати корҳои дохилӣ аз бузургтарин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст 
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Мақомоти корҳои дохилӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба як ниҳоди муқтадир, боэътимод, кафили амнияти дохилии  кишвар ва фаъолтарин сохтори қудратии давлат табдил ёфт. 
Дар ин давра дар назди вазорат як қатор сохторҳои нав, назири Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, раёсатҳои қӯшунҳои дохилӣ, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил, амнияти дохилӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъйиноти махсус, воҳиди махсус оид ба таъмини бехатарӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр, Бюрои марказии миллии Интерпол, Маркази хадамоти кинологӣ, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» таъсис дода шуданд. Бо таъсиси ин сохторҳо ва зиёд гардидани воҳидҳои корӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба як сохтори пурқудрат табдил ёфта, масъулияти асосӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини суботу оромӣ ва пешгирии ҷинояткориро метавонад пурра ва мустақилона иҷро намояд. 
Ҳайати шахсии вазорат дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ, муборизаи беамон алайҳи душманон ва бадхоҳони миллат, гурӯҳҳои муташаккили мусаллаҳи ҷинояткор, террористиву экстремистӣ аз худ маҳорату малакаи баланди касбӣ нишон дод. Маҳз натиҷаи сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Сарвари муаззами кишвар,  матонату устуворӣ, шуҷоату мардонагӣ ва дарки баланди масъулиятшиносии кормандони милитсия ва дигар сохторҳои қудратӣ буд, ки муноқишаҳои дохилӣ хотима ёфта, тинҷиву осудагӣ ва амнияти шаҳрвандон барқарор, сокинони  мамлакат дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ба сар мебаранд. 
Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» таҳкимбахши ҳамкории кормандони ғайриштатӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ гардид. Бо назардошти шароити имрӯза самтҳои асосии ҳамкориҳо ба танзим дароварда шуд ва ҷамъбасти фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ нишон дод, ки ҳоло зиёда аз 15 000  нафар кормандони ғайриштатӣ зимни ҳамкорӣ бо мақомот дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният фаъолона иштирок карда истодаанд. Омӯзиш ва таҳлили фаъолияти кормандони ғайриштатӣ бо нозирони минтақавӣ нишон дод, ки онҳо барои иштирок дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ҳавасманд мебошанд. Имрӯзҳо якҷо бо 955 нафар нозири минтақавии милитсия беш аз 4900 нафар корманди ғайриштатӣ дар таъмини амнияти мардум ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ фаъолона саҳм мегиранд.
 
Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар мақомоти корҳои дохилӣ ислоҳоти милитсия оғоз гардид. Бо мақсади ҳамкории зич бо аҳолӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти кормандони милитсия Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 ва Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020  қабул гашт. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31 июли соли 2014 ва фармони вазири корҳои дохилӣ, аз 6 августи соли 2014, воҳиди штатии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар Вазорати корҳои дохилӣ таъсис ёфт. Вазифаҳои асосии ин ниҳод аз амалӣ намудани Барномаи ислоҳоти милитсия, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар самти ислоҳот пешбинӣ шудаанд, инчунин, роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилаи субъектони ҳамиҷрочиёни барнома - вазорату идораҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ, дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, фаъолияти якҷояи онҳо дар ҳалли масъалаҳои ислоҳоти милитсия иборат мебошад.
Яке аз ҳадафҳои стратегии ислоҳот дар сатҳи қонун ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба танзим даровардани фаъолияти милитсия мебошад.  Дар ин росто, бо дастгирии роҳбарияти вазорат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» дар доираи гурӯҳи кории дохилиидоравӣ, шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ мавриди коркард ва такмили ҳамаҷониба қарор дода шуд. Ҷиҳати татбиқи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия бо ҷалби намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин фаъолони ҷомеа Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсатҳои минтақавии он дар ВМКБ, Суғд, Хатлон, шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Душанбе, ноҳия ва минтақаи Рашт таъсис дода шуданд. Дар ин давра як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия», Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, Кодекси одоби кормандони политсия ва Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ таҳия ва коркард гардида, барои баррасии ҷомеа дар сомонаи вазорат ҷойгир карда шуданд.
Ҳадафи дигар ва асосии ислоҳоти милитсия, ин такмили қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти танзимкунандаи фаъолияти милитсия арзёбӣ гардидааст. Дар ин радиф, ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми бақайдгирии электронии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо» бо фармони вазири корҳои дохилӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд, ки айни замон самаранок фаъолият намуда истодааст. 
Бо мақсади решакан кардани ҷиноят ва роҳ надодан ба амалу кирдорҳои вазнини ҷинояткорона аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил  даҳҳо гурӯҳи ҷиноятӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳи Саидмухтор Ёров, Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккалов (ноҳияи Рӯдакӣ), Иброҳимов Ёрибек бо тахаллуси «Шайх» (ноҳияи Тоҷикобод), гурӯҳҳои иттиҳоди ҷиноятии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, пешвоён ва аъзои ҷараёни экстремистии «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Шамшери ислом», «Ансоруллоҳ», узви қувваҳои зиддиконститутсионии полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев, Абдуҳалим, ки ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд, ошкор ва безарар гардонда шуданд.   
Бо назардошти торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав - терроризму экстремизм фаъолияти оперативӣ - хизматии раёсат ба куллӣ тағйир ёфта, вазифаҳои асосӣ ба муқовимат бар зидди ин мушкилоти глобалии ҷомеа равона шудааст. Бо мақсади мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, дар сохтори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил Маркази муқобилиятсозӣ бар зидди экстремизм таъсис дода шуд. Ин раёсат дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ яке аз субъектҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба ҳисоб рафта, ҳамчун ҳамоҳангсоз фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро  дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин пешгирии ҷалб ва гаравидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба воҳидҳои мусаллаҳ барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ, таҳти назорат ва таҳлили доимӣ қарор додааст. 
Милитсияи тоҷик дар тӯли таърихи фаъолият, баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, безарар гардондани дастаҳои муташаккили ҷиноятӣ ва  гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ, инчунин бетартибиҳои оммавӣ аз имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, ба як сохтори пурқудрату боэътимод ва кафили осоиштагии давлату миллат табдил ёфтааст. Афзудани эътимоду боварии мардум ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон дар симои кормандони милитсия ҳимоятгари ҳуқуқу озодӣ, моликият ва суботу оромиро дар ҷомеа дида, ҳамкории худро бештару беҳтар менамоянд.
Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ва дастгирии моддиву маънавии ҳайати шахсӣ ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба ин Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматии хеш боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2016    №: 223    Мутолиа карданд: 2272

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед