logo

сиёсат

ПРЕЗИДЕНТ ВА ИСЛОҲОТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Муассисаҳои тандурустии кишвар дар солҳои аввали истиқлолият ба тартибу шаклҳои нави идоракунӣ, пайдо намудани сарчашмаҳои иловагии молиявӣ барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, иқтидори кадрӣ, таъминот бо маводи доруворӣ, техника ва технологияҳои муосир ниёзманд буданд. Маҳз дар ҳамин давра бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва татбиқи стратегияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ рӯйи кор омад. 
Сарвари давлат ислоҳоти соҳаи тандурустиро ба чор марҳила ҷудо намуд. Марҳилаи аввал солҳои 1993 – 1996 - ро дарбар гирифта, бо назардошти таъсири ногувори вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар  яке аз давраҳои мушкилтарини раванди ислоҳоти соҳа буд. 
Дар марҳилаи дувуми он (солҳои 1997 – 2001) бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ то соли 2005», «Барномаи соҳавии ислоҳоти нигаҳдории тандурустӣ барои солҳои 1997 - 2001» таҳия ва қабул карда шуданд, ки ба рушди соҳа таъсири бузург расонданд.  
Марҳилаи сеюм солҳои 2002 – 2009 - ро дарбар гирифта, дар амалисозии аввалин лоиҳаҳои инвеститсионӣ оғоз гардиданд. Бо супориши Сарвари давлат Вазорати тандурустӣ ҳолати мавҷудаи муассисаҳои тиббиро дар саросари кишвар таҳлил намуда, дар асоси он Консепсияи ислоҳоти соҳаро таҳия намуд, ки аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ тасдиқ гардид. Марҳилаи чоруми ислоҳот (солҳои 2010 – 2020) давраи амалисозии бевоситаи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2020” гардид. Маҳз дар ҳамин давра беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои солимӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба даст оварда шуд. Протоколҳои клиникии замонавӣ ва дигар стандартҳои кумаки тиббӣ  таҳия ва татбиқ гардиданд. Системаи омор ва иттилооти тиббӣ вобаста ба истифодаи технологияҳои муосири техникӣ ба шабакаи ягонаи омори тиббӣ (DHIS2) табдил ва мавриди истифода қарор гирифт. 
Сарвари давлат ворид намудани усулҳои мураккаб ва муосири ташхису табобатро дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ яке аз вазифаҳои асосии вазорат арзёбӣ намуд. Дар ҷумҳурӣ, бо дарназардошти арзи ҳастӣ намудани муассисаҳои хусусии тиббӣ, дастгоҳҳои томографияи компютерӣ ва магнитию резонансӣ, маммограф, ангиограф, дастгоҳҳои поксозии хун (гемодиализ), ташхисҳои рентгении рақамӣ, ташхисҳои озмоишгоҳӣ тавассути анализаторҳои автоматӣ ва дигар таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ фаъолият доранд. 
Дар доираи ҳадафҳои сиёсати «Солимӣ - 2020» - и Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои миллӣ дар самти пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои ишемияи дил, касбӣ, нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил, осеббардорӣ, диабети қанд, сил, узвҳои ҳозима, саратон, инчунин тибби оилавӣ ва ғайра таҳия, тасдиқ ва амалӣ шуда истодаанд. 
Аз ҷониби Сарвари давлат «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2023» тасдиқ гардид. Дар натиҷаи тадбиқи он нишондоди бемории сил дар ҷумҳурӣ зиёда аз 20 дарсад ва нишондоди фавт зиёда аз 50 дарсад паст гардид. 
Бо ҳидоят, дастгирӣ ва таҳти назорати Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ беш аз 1000 муассисаи тиббӣ бунёд шуд. Қисми бештари ин муассисаҳо бо маблағгузории бевосита буҷети давлатӣ, қисмати камтарин аз ҳисоби сармояи ташкилотҳои мададрасон ва соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидаанд. 
Бо таъсис ва ба кор андохтани як қатор муассисаҳои соҳавӣ дар гӯшаю канори кишвар ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва солимгардонӣ нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон ва модарон мутаносибан 2,5 – 3,5 маротиба паст гардид. Нишондоди асосии соҳа ба тамоюли беҳтар гардидани вазъи тандурустии аҳолӣ мусоидат намуда, дар натиҷа дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 73,5 сол расид.
Яке аз самтҳои асосии сиёсати Президенти кишвар ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ мебошад. Солҳои истиқлолият дар ҷумҳурӣ зимни дуруст ба роҳ мондани чорабиниҳои пешгирӣ ва зиддиэпидемикӣ сатҳи бемориҳои сироятӣ сол ба сол кам шуда, солҳои охир бемориҳои вабо, тоун ва лептоспироз тамоман ба қайд гирифта нашудаанд. Бемориҳои вараҷаи тропикӣ ва сурхча маҳв шуда, нисбат ба бемории фалаҷ ҳуҷҷати стратегии “Минтақаи озод аз фалаҷ” қабул шуд.
Ҳамин тариқ, бо ҳидоятҳои Сарвари давлат ислоҳоти пешгирифтаи соҳаи тандурустӣ ба ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои КАТС, пардохти маблағ барои ҳар як ҳолати табобат дар хадамоти бистарикунонӣ, баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳа ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ равона карда шуда, боиси сол ба сол афзудани маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва беҳтар шудани хизматрасонӣ дар соҳа гардида истодааст.
Саида УМАРЗОДА, муовини 
аввали вазири тандурустӣ 
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2016    №: 223    Мутолиа карданд: 992

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед