logo

сиёсат

БОЗДИД АЗ МУАССИСАИ МАҲОРАТИ ОЛИИ ВАРЗИШӢ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин боздид ба амал оварданд.
Маҷмааи варзишӣ аз толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишии баскетбол, гӯштин, волейбол, футболи хурд, ҷойи либосовезӣ, ҳуҷраҳои корӣ, ҳаммом ва шабакаи гармидиҳӣ иборат буда, баъди аз таъмири асосӣ баровардан, имкон фароҳам омад, ки дар он мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронда шаванд. 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароиту имкониятҳои толори барҳавои маҷмааи варзишӣ шинос шуда, ба масъулини соҳаи варзиш барои рушди ин бахш, ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.
Бинои муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии  маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин аз тарафи корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2 - и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст давоми қариб як сол бо сарфи беш аз 3 миллион сомонӣ аз таъмир бароварда шуд.
Маврди зикр аст, ки ба хотири рушди соҳаи варзиш дар саросари ҷумҳурӣ бо дастгирии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон майдону толорҳои зиёди муосири варзишӣ бо ҳазорҳо ҷойи нишаст, ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар иншоот бунёд шудаанд, ки аз таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат нисбат ба ин соҳа мебошад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба таҳияи лоиҳаи муосири бунёди иншооти варзишӣ дар заминаи муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин ва ба як маҷмааи бузурги варзишӣ табдил додани он ба масъулини соҳаи варзиши кишвар супоришҳои мушаххас доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2016    №: 223    Мутолиа карданд: 924

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед