logo

сиёсат

РӮЗИ МИЛИТСИЯ ВА ИҚДОМҲОИ ҶАШНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба истифода доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии бунёдшуда моҳи июни соли 2013 оғоз гардида, имрӯз он бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Барои бунёди бинои истиқоматӣ, ки дар маҷмӯъ аз 40 хона иборат аст, 8 миллиону 330 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст. Масоҳати умумии майдони иншоот 3 ҳазору 362 метри мураббаъ буда, он аз  хонаҳои  1 ва 2 - ҳуҷрагӣ иборат мебошад.
Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ ва пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2 - и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба чанд оилаи хуштолеи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва оилаҳои кормандони ҳангоми адои вазифа ҳалокгардида калиди хонаҳоро тақдим карданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як бинои нави истиқоматӣ санги асос гузошта, ба корҳои сохтмонӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Сарвари давлат барои бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талабот бунёд кардани бинои нави истиқоматӣ ба сохтмончиён дастуру супоришҳо доданд. 
Баъди гузоштани санги асос дар вазъияти тантанавӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани рутбаҳои махсуси генерал - майори милитсия барои хизматҳои содиқона аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба чор нафар аз роҳбарияти мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ ин рутбаҳо супурда шуданд. Ба рутбаҳои махсуси навбатии генерал - майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо, Шарифзода Файзулло Раҳмоналӣ, Қунғуротзода Фотеҳ ва Мирализода Рустам Азиз сарфароз гардиданд.
Зимни суҳбати самимӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амният ҳидоят намуданд.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола барои беҳдошти шароити иҷтимоии оилаҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва бо манзили зист таъмин кардани онҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо манзилҳои хуштарҳу замонавии истиқоматӣ бунёду ба истифода дода шуданд. Баҳри таъмини шароити мусоиди кору хизмат аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар идораҳои маъмурӣ, омӯзишгоҳҳо, майдонҳои муосири машқу тамрин бо тамоми таҷҳизоти низомию варзишӣ, ҳамчунин осоишгоҳҳои замонавӣ бунёд ёфтаанд, ки кормандон аз онҳо ба таври васеъ истифода мебаранд.
Ифтитоҳи ин бинои истиқоматӣ низ идомаи мантиқии сиёсати иҷтимоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои коргарони мақомот пешкаш гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2016    №: 223    Мутолиа карданд: 1042

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед