logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ 
Имсол мо ба қатори ҷашнҳои дигари кишварамон боз як ҷашнро зам намудем. Ин Рӯзи Президент мебошад, ки онро 16 ноябр бори нахуст ботантана таҷлил менамоем. Он аз арҷгузории мардуми кишвар ба хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.  Дар қатори  мо дигар давлатҳо низ Рӯзи Президентро ҷашн мегиранд. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Қазоқистон 10 декабри соли 2011 дар ҷаласаи пленарии сенатии парлумонии Ҷумҳурии Қазоқистон  Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон  «Дар бораи идҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистон» қабул  карда шуд. Тибқи он аввали моҳи  декабр Рӯзи Президенти Қазоқистон эълон шуда, он ба қатори рӯзҳои истироҳатӣ ворид шудааст. Дар асл ин идро се рӯз ҷашн мегиранд. Ин рӯз мардум метавонад ройгон ба толорҳои варзишӣ раванд. Барои он ин рӯзро Рӯзи Президент  интихоб намуданд, ки 1 декабри соли 1991 бори нахуст Президенти ин кишвар тариқи раъйпурсии  умумӣ интихоб гардидааст.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
АСРОРИ ДАРОЗУМРӢ
• Умри одаме, ки ҳар рӯз дар ҳавои кушод ним соат сайр мекунад, ба ҳисоби миёна 1,6 сол зиёд мешавад.
• Касоне, ки ҳар рӯз ним соат машғули меҳнати ҷисмонӣ мешавад, умрашон 1,7 сол дароз мегардад.
• Шахсе, ки ҳар рӯз як дона помидор хӯрад, ба умраш 1,4 сол илова менамояд. Агар мардҳо ҳар рӯз помидор хӯранд, 1,9 сол ҷавон мешаванд. Моҳӣ фоида дорад, онро хоҳ бирён, хоҳ дампухт, ё буғпаз карда хӯред. Пайваста хӯрдани моҳӣ ба умратон 3 сол илова мекунад. 
• Фарде, ки ҳамеша механдад, аз одами тундфеъл 8 сол зиёдтар зиндагӣ мекунад. Истеъмоли маҳсулоти дар таркибаш калтсий фаровондошта ба умр ним сол илова мекунад. Бароҳат хобидан (барои занҳо 7 соат ва барои мардҳо 8 соат) имкони 3 сол бештар зиндагӣ намуданро фароҳам меорад. 
• Вазни бадан мувофиқи меъёр бошад, ба умр 6 сол зам мешавад. 
Таҳияи Холназар КАСИРОВ
 
ВИЛЯМ ҶЕЙМС САЙДИС
Вилям Ҷеймс дар оилаи муҳоҷирони яҳудитабори Бердичеви Украина (1898 - он солҳо қисмати империяи Русия) зода шудааст.
Волидайн мехостанд аз ӯ нобиғае ба воя расонанд. Уилям дар 18 - моҳагӣ рӯзномаи «Ню – Йорк Таймс» - ро хонда метавонист. Дар 6 - солагӣ ӯ даҳрӣ (атеист) шуда, то синни 8 – солагӣ  4 китоб навиштааст. 
Уилям дар 11 - солагӣ  ба шуъбаи таҷрибавӣ барои кӯдакони боистеъдоди  Донишгоҳи Гарвард дохил шуд. Оғози соли 1910  фаҳмишу дониши математикаи олии ӯ ончунон амиқ гашт, ки ӯро барои хондани лексия доир ба фазои чорченака ба клуби математикҳои Донишгоҳи Гарвард даъват намуданд. Баъдан Уилям ба мактаби олии санъат ва илми Гарвард дохил мегардад.
Ӯ донандаи забонҳои лотинӣ, юнонӣ, ибрӣ, олмонӣ, русӣ ва фаронсавӣ буд. Ҳамзамон, Уилям Сайдис дар асоси забонҳои муосири гурӯҳи романӣ - германӣ забони Vendergood – ро ихтироъ намудааст. 
Уилям моҳи декабри соли 1915 ба ҳайси ёрдамчии муаллими математикаи Донишгоҳи Райси Ҳюстон  (Техас), дар 17 - солагӣ  ба фаъолият пардохт. Вай аз геометрияи евклидӣ, геометрияи ғайриевклидӣ ва тригонометрия дарс мегуфт…
Коршиносон ӯро аз ҳама шахси донотарини олам мешуморанд. Дараҷаи  IQ - и (қобилияти зеҳнӣ) ӯ байни 250 – 300 дараҷа мебошад. (Барои қиёс, агар қобилияти зеҳнии кас ба 136 дараҷа баробар бошад, вай метавонад худро нобиға ҳисобад. Зеҳни фарди маъмулии дорои қобилияти миёна дар ҳудуди аз 85 то 115 дараҷа муайян гаштааст).  
Таҳияи Умари ШЕРХОН
 
ДЖО ФРОСТ – МУРАББИИ КАЛОНСОЛОН
Қаҳрамони  барномаи британии  «Суперняня» Джо Фростро падару модарони зиёде аз кишварҳои гуногуни олам эътироф мекунанд.  Ӯ аз рӯи ихтисос равоншинос аст. Аҷиб ин ки Джо на худи кӯдакон, балки волидайни онҳоро меомӯзонад, ки чӣ гуна бо ғаши тифлакон муносибат карда, дар оила фазои солимро таъмин созанд. Джо бар ин андеша аст, ки маҳз дар фазои солим кӯдак хушбахт ба камол мерасад. Бо истифода аз саҳифаи «Шоми шанбе» мехоҳем чанд маслиҳати Джо Фростро чун дастури таълимӣ барои оилаҳои ҷавон пешниҳод намоем, ки ба андешаи мо аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Инак… 
1. СИТОИШ
Кӯдакон ҳама вақт бояд донанд, ки волидайн аз онҳо розиянд. Кӯдаконро на танҳо бо ҳар гуна бозичаҳо, балки бо чанд сухани хуб - ӯ «офарин», «донояки ман», «ифтихори ман» ва амсоли инҳо низ ҳавасманд кардан мумкин аст. Барои кӯдак эҳсос намудани гармии оғӯши волидайн бисёр муҳим аст, аз ин рӯ онҳоро бештар ба оғӯш гиред ва навозиш кунед. 
Дар баробари ин, агар шумо кӯдакатонро барои ин ё он дастовардаш бо нишон ё чизи дигари ба ин монанд сарфароз гардонед, ниҳоят таъсирбахш хоҳад буд. Мукофотҳо дар яхдон ё ҷойи дигари чашмрас бояд овезон карда шаванд, то ҳама вақт пеши назари кӯдак намудор бошанд. Охир ин беҳтарин далел барои худро намуна нишон додани кӯдак хоҳад шуд... 
Таҳияи Лола РИЗОЕВА

СМАРТФОНИ РӮЙИ ДАСТ
Бо гузашти ҳар сол ихтироъкорон таҷҳизоти электронии муосир - соату даспонаҳои «оқил» - ро истеҳсол мекунанд, ки яке аз дигар бартарият дорад.
Барои ҷалби бештари ҳаводорони дастгоҳҳои замонавии электронӣ ширкати “Cicret” даспонаеро ихтироъ кардааст, ки бо ёрии «мини-проектор» ва чанд барномаи сенсорӣ экрани смартфонро болои пӯсти даст рӯнамо мекунад. Фаъолияти ин низоми корӣ  ба алоқаи бесим монанд аст. Яъне, истифодабарандагон бо зер кардани ангушт болои нуқтаҳои рӯйи дасташон намоёншуда тамоми фармоишотро ба смартфон медиҳанд. Фармоишот бошанд, бе ягон мушкилот иҷро мешавад.
Дар ин даспона барномаи акселерометр низ ҷойгир шудааст, ки ҳар қадами соҳибашро сабт ва ҳисоб мекунад. Фаъолияти ин низоми корӣ дар дохили об низ кафолат дода мешавад. Даспона афканандаи 10 ранг буда, барномаи USB ҳам дорад.
Таҳияи Р. КАРИМОВ
 
ФЛЕШКАРТАИ  1 ТБ 
Ширкати маъруфи истеҳсолкунандаи ҷиҳози нигоҳдории маълумот, «SanDisk», ба тозагӣ таҷҳизоти нави худро пешкаш намуд. 
«SanDisk» бори аввал соли 2014 чунин ҷиҳоз истеҳсол намуда буд, ки дар риштаи ҷиҳози нигоҳдории маълумот аз ҷиҳати ҳаҷм барои намуди SD - картҳо рекордӣ ба шумор мерафт. 
Модели нав ихтироъкардаашон дорои қобилияти нигоҳдории то 1 терабайт маълумот аст. Аммо то ҳанӯз ширкат дар мавриди маҳсулоти нави худ маълумоти назаррасе надодааст.  Замони аниқи ба бозор ворид шудани он низ гуфта нашудааст. Бо сабабҳои маълум конфигуратсияи технологӣ ва технологияи коркарди SD - картҳо ҳам ошкор нашудааст. Ягона чизе, ки дар ҳақиқат муҳим мебошад, ин аст, ки ҷиҳози мазкур қадами нави технологӣ дар ин қисмати бозор ба шумор меравад.
Таҳияи Зафари АКРАМ
 
«БАЛАБОЛ»
Соли 2004 Луис Коллет барои дарозтарин «суханронӣ»  дохили китоби «Рекордҳои Гиннес» гардид. Ӯ ду шабонарӯз, яъне 48 соат сухан гуфтааст. Баъдтар шахсе аз Ҳиндустон  беист 120 соат сухан гуфта, рекорди нав нишон дод. Луис барои аз ҳарифаш пеш гузаштан 124 соат сухан гуфтанро машқ кард. Ӯ 62 сола бошад ҳам, дар ҳузури шоҳидону нотариусҳо панҷ рӯз ва чор шаб бетанаффус сухан гуфт ва шуҳрати худро бозпас соҳиб шуд.
Таҳия Зебо НАЗАРОВА
 
ПОЙАФЗОЛ
Мард дар кӯча кӯдаки побараҳнаеро, ки дар дасташ як пойафзол дошт, дида пурсид:
- Бачаҷон, як попӯшатро гум кардӣ, магар?
Кӯдак, ки сархам роҳ мерафт, дар ҷой истод ва оромона ҷавоб дод:
- Не, амак, танҳо яктояшро ёфтам.
***
ҲАҚИҚАТИ ЗИНДАГӢ
Муаллим ба талаба хитоб кард:
- Писарам, назди тахтаи синф баро ва ба саволҳо ҷавоб деҳ!
- Хуб, муаллим.
- Ҷондорҳо ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд?
- Чор гурӯҳ.
- Ман ин ҷавобро нав мешунавам, ку, ҳисоб кун.
- Рустаниҳо, ҳайвонҳо, инсонҳо ва кӯдакон.
- Кӯдакон инсон нестанд магар?
- Бале, муаллим, дар ин ҳол ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд.
- Ку аз сари нав ҳисоб кун.
- Рустаниҳо, ҳайвонҳо ва кӯдакон.
-Инсонҳоро чӣ шуд?
- Он инсонҳое, ки дар қалбҳошон муҳаббат парвариданд, кӯдак монданд ва боқимондаҳо ҳама ҳайвон шуданд...
 
 
ОДАМОНИ ҚАДБАЛАНД НИСБАТ БА ҚАДПАСТОН ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАНД?
Олимони Амрико бартарии одамони қадбаландро дар назди нафарони қадпаст тавсиф карданд. Тадқиқот дар маҷаллаи «Science Advances» нашр шудааст.
Одамони қадбаланд қобилияти нисбатан дуруст муайян кардани масоҳат то ашёҳо, ҳамчунин бо аниқияти баланд баҳогузории масоҳати байни  онҳоро доранд. Барои фаҳмидани ин таҳқиқгарон дарки фазои 24 нафарро (12 – тои онҳо қади аз 175 сантиметр паст доштанд) таҳлил намуданд.  
Аз иштирокдорони озмоиш хоҳиш карданд, ки масоҳатро дар се ҳолат муайян намоянд: вақте ки дохили бино пурра равшан аст, вақте рӯшноӣ хомӯш шудааст ва дар торикии том.
Дар натиҷа одамони қадбаланд масоҳат то ашёро дақиқ муайян карда тавонистанд. Рақамҳо ҳатто ҳангоми нишастан тағйир намеёфтанд. Қадпастон бошанд, баръакс ба рӯйи курсӣ мебаромаданд.
Мутахассисон инро ба он вобаста медонанд, ки малакаҳои ба ин монанд дар рафти ҳаёт ташаккул меёбанд. Шояд бо ин метавон муваффақияти баъзе варзишгаронро шарҳ дод. 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
КӢ ВА БАРОИ ЧӢ ВАСИЛИЙ СТАЛИНРО ҚАТЛ КАРД?
(Идома аз "Шоми шанбе" - и гузашта)
Тобистони соли 1953 «дӯстони ҳизбӣ» Лаврентий Берияро аз байн бардоштанд. Моҳи август шефи нави амнияти давлатӣ Круглов ба президиуми Комитети Марказии ҳизби коммунист хатчае ирсол намуд, ки дар он Василий Сталин барои 20 миллион рубл камомад карданаш, ҳамчунин барои туҳмат заданаш дар ҳақи роҳбарони имрӯзаи давлату ҳукумат ва ҳизб гунаҳкор дониста мешуд. 
Василий Сталинро баъди гузаштани 2 сол – 2 сентябри соли 1955 гунаҳкор донистанд. Душвор аст гуфтани он ки ин танаффус  аз барои чӣ буд. Шояд бо кадом як сабабҳои сиёсати дохилӣ бошад? Барои тарғибу ташвиқи зиддишӯравӣ ва суистифода аз мансаби хизматӣ (ба бод додани 20 миллион рубл исботи худро наёфт) вай ба муҳлати 8 сол зиндонӣ шуд. Ду сол, то баромадани ҳукм, Василий дар Лефортов паси панҷара нишаст, ному насабаш дар ягон ҷо сабт нашуда буд, ӯро аз рӯи рақамаш ном мегирифтанд. Танҳо сардори маҳбас медонист, ки вай фарзанди Сталин аст. Баъди суд ӯро дар зиндони машҳури Владимирск, ки дар давраи шоҳигарии рус сохта буданд, ҷой намуданд. Дар ин ҷо Василий қариб 6 солро паси сар гузошт.    
5 январи соли 1960 прокурори генералӣ Руденко ва сардори амнияти давлатӣ Шелепин боз ба Кремл коғазеро сиёҳ намуда, мефиристанд. Дар кишвар дигаргунии сиёсӣ шӯру шарар дошт, аз ин рӯ, нома низ дар ҳамин рӯҳия мураттаб ёфта буд: аз КМ хоҳиш дорем, ки барои рафтори намунавӣ ва бо сабаби бемориаш ба В. И. Сталин авфи шахсӣ эълон гардад; ба Шӯрои Маскав (Моссовет) супориш дода шавад, ки барои ӯ ҳуҷраи сехонагӣ ҷудо намояд, Вазорати мудофиаи СССР ба В. Сталин нафақа таъйин кунад ва барои 3 моҳ дар санатория муолиҷа гирифтан роҳхат диҳад ва ҳамаи дороии шахсии мусодирашудаашро баргардонад; барои зист 30 ҳазор рубл ёрии яквақта расонад. Бо қарори Президиуми КМ КПСС аз 8 январи соли 1960 пешниҳоди А. Шелепин ва Р. Руденко қабул шуд. Чунин ба назар мерасид, ки ҳама ӯро хуш омадӣ ба озодӣ, мегӯяд. Вале дар ин ҳангом чизе рӯй дод… 
Дар ҳуҷҷатҳои ғайрисирришуда 12 саҳифа намерасад, ҳамонҳое, ки шояд санадҳои зери рақами 121-ро ташкил медоданд, онҳо то ҳол махфианд. Эҳтимол дар ҳамон варақҳо ҷавоби асрори он чизе, ки дар солҳои минбаъда бо Василий Сталин рух дод, ниҳон бошад. 
Мутобиқи ҳуҷҷати дигар, аз 7 апрели соли 1961 Василий Сталин ба шаҳри Қазон ба муҳлати 5 сол бо ному насаби мустаор бадарға шуд. Ба вай дар кӯчаи Гагарин, 105 ҳуҷраи якхонагӣ доданд ва 150 рубл нафақа таъйин намуданд. 
Адиб Николай Непомняший ва журналист Д. Лиханова дар очеркҳояшон оид ба ин қазия зикр намудаанд, ки Василий Сталинро аниқтараш моҳи марти соли 1961 ба Қазон оварданд. Аз вай ҳама чизро гирифтанд, ҳатто дӯстону кор ва ному насабашро. Дар Қазон ҳамагӣ як сол зист. Аз рӯи гуфтаи Мария Николаевна, завҷаи охирини Василий, Мария Нузберг ба Қазон омад ва ӯ барои нигоҳубини Василий парастор таъйин гашт. Маҳз баъди пайдо шудани Нузберг Василий ба бемории аҷоибе печид, ки касе чӣ буданашро намедонист. Вай аз ҳамин беморӣ бо азоби алим ин дунёи барояш номеҳрубонро падруд гуфт. 
Завҷааш гуфтааст: «17 март Василийро ба куҷое бурданд, баъди ду рӯзаш писари Сталин дар синни 41 мурд. Аҷоибаш ҳамин ки нуҳ сол дар зиндонҳои Лефортов ва Владимир зиндаву солим монду ин марди пурқувват дар бадарғаи яксолаи Қазон ба таври ногаҳонӣ ва пурасрор худ ба худ «об» шуд». 
Ва охирин далел. Вақте ки дар қабристони Арск тобутро барои видоъ кушоданд, Мария Николаевна Василийро нашинохт. Рухсораҳои ӯ аз зарбаҳои сахт варамида, кабудранг метофтанд, биниаш маҷақ шуда буд. Вай аз дил гузаронд: «Шояд лӯхтак бошад». Тобутро ба гӯр монданд. Ба болои хоктеппа лавҳаи фанерии сурхи ситорадор гузоштанд. Ба ҷои ному насаб рақамҳо сабт шуда буданду ба мусибатзадаҳо нигоҳи пурасрор доштанд. Ду сол баъд дӯстони марҳум дар паҳлуи қабр ёдгорие аз санги хоро бо акси Василий гузоштанд бо матни «Ба шахси беҳамто аз М. Ҷугашвили».  Вале баъди чанд рӯзе касе ба сурати марҳум аз тапонча чанд тир задааст… 
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ 
 
ДАСТМОЛ ПАҲНКУНАНДАИ БАКТЕРИЯҲО 
Олимони амрикоӣ аз Донишгоҳи Аризона зимни гузарондани тадқиқоти минбаъда, ба хулосае омаданд, ки дар хона ҳаҷми зиёди бактерияро метавон дар дастмол дарёфт. Зеро дар он баъд аз поккунии дастон ва бадан микробҳои зиёд ҷамъ мешаванд. Аз ҳама  нигаронкунандааш он аст, ки сачоқ дар худ намнокиро нигоҳ медорад, ки боиси афзоишии бештари бактерияҳо мегардад.
Чун дастмол ҳамеша дар хона дар ҷойҳои бактериядошта (ҳаммом, дастшӯ) ҷойгир аст.
Олимон чанд ҳазор дастмолро аз озмоиш гузаронданд, ки бактерияҳои дохилашон ба 90 дарсад заҳролудкунии узвҳои ҳозима мусоидат мекунанд. Бактерияҳое, ки дар худ чӯбчамикробҳо доранд, 26 дарсади дастмолҳоро ташкил медиҳанд.
Коршиносони соҳаи санитарию гигиенӣ бар онанд, ки бактерияҳо метавонанд ба осонӣ аз дастмоли истифодашуда ба одам гузаранд ва ба бемории микоз (кафи пой) оварда расонанд.
Ба андешаи мутахассисон беҳтарин воситаи бартараф намудани бактерияҳо ин дар ҳарорати 90 дараҷаи Со шустани он мебошад.
Таҳияи Р. КАРИМОВ
 
83 СОЛ БЕ ҒИЗО
Яке аз масоили ҷолиб, ки олимони ҷаҳон ва коршиносони соҳаи тибро ба ҳайрат овардааст, ин истеъмол накардани ғизо аз ҷониби шаҳрванди Ҳиндустон Прахлад Ҷани мебошад. Ӯ то синни 7- солагӣ мисли ҳамсолонаш ҳаёти солимро пеш мебурд. Вале, бо гузашти вақт ӯ аз истеъмоли ғизо ва нӯшидан пурра даст кашид. Прахлад Ҷани мегӯяд, ки «Барои ман ин ҳолати муқаррарӣ мебошад. Худро солиму бардам ҳис мекунам. 90 сол дорам. Чизе, ки ба ман неру ва тавоноӣ мебахшад, малҳами Илоҳист». Табибон лаёқати бузурги марди ҳиндиро ба инобат гирифта, ӯро аз ташхис гузаронданд. Натиҷаи ташхис муайян кард, ки ягон узви бадани Прахлад Ҷани осеб надидааст ва ӯ худро солиму неруманд ҳис мекунад. 
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА 
 
ЧАРОҒАКИ ҒАЙРИОДӢ
Ширкати  «Айра» - и  Тотористон чароғакеро истеҳсол намуд, ки бехатарии аҳолиро кафолат медиҳад. Чароғаки истеҳсолкардаи ин ширкат муқаррарӣ набуда, дар гузаргоҳҳои  марказӣ рӯйи асфалт хобонда шудааст. Чароғаки заминӣ бо ду ранг - сабз ва сурх роҳгузаронро ишора карда, бо калимаҳои «Ист!» ва «Рав!» онҳоро роҳнамоӣ мекунад. Ин кашфиёти наҷиб махсус барои ашхосе, ки бештар ба бозиҳои телефонӣ  ва истифодаи бемаҳдуди интернет банданд, инчунин кӯдакон ва нафароне, ки рангро фарқ карда наметавонанд  пешбинӣ шудааст. Чароғаки заминӣ бехатарии ронандагонро низ кафолат медиҳад. Онҳо чашм аз роҳ наканда ҳаракат хоҳанд кард. 
Таҳияи С. АЛИМОВА 
 
МАСЛИҲАТ
Агар телефони мобилиро ба низоми парвоз гузоред, неругирияш ду маротиба тезтар мегардад.
***
Агар ба харошҳои хурди мебел чормағз бимолед, онҳо номаълум мешаванд.
***
Агар теғи кундгаштаи ришгиракро ба матои куҳнаи ҷинс молиш диҳед, онро тез мекунад. 
***
Агар қошуқи чӯбиро рӯи деги хӯрок гузоред,  оби ҷӯшида нахоҳад рехт, зеро қошуқ ҳубобҳои дамандаро мекафонад.
***
Агар ҳангоми ҷӯшондани тухм як қошуқча сода андозед, вақти тоза кардани тухм пучоқаш осон ҷудо мешавад.
***
Агар пойафзол бӯи нохуш дошта бошад, ба он пакетчаи чой гузоред, рафъ месозад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД
 
АВВАЛИН ТРОЛЛЕЙБУС
Аввалин троллейбусро муҳандиси олмонӣ Вернер фон Сименс бо бародараш Вилям Сименс, ки маскуни Англия буданд, ҳанӯз 134 сол пеш ихтироъ карданд. Мошини сохтаи худро онҳо «Электромот» ном гузоштанд. Нахустнамоиши он 29 апрели соли 1882 дар маҳали Галензеи Берлин баргузор гардида, масофаи тайнамудааш 540 метрро аз рӯи 12 километр соат ташкил дод. Хусусияти фавқулодаи ин мошин дар он буд, ки барои ҳаракаташ на бензин ва дизели маъмулӣ, балки танҳо қувваи барқ истифода мешуд. Шакли аввалаи он низ аз троллейбуси кунунӣ фарқ мекард. Он дар шакли аробаи рӯкушодаи ҳаштчарха сохта шуда, матори барқиаш дар зери нишастгоҳи ронанда насб гардида буд.
Аввалин маротиба хатсайри троллейбус дар шаҳри Маскав  соли 1933 кушода шуд, ки он замон берун аз шаҳр ҳаракат мекард. Дар аввал мардум онро бо номи Лазар Каганович, ки ӯ роҳбалади троллейбус буд, ҳамчун «ЛК» шинохтанд. Дар маркази шаҳр бошад, моҳи ноябри соли 1933 аввалин троллейбус дар масофаи 7,5 километр ба ҳаракат даромад.   Заводи «Динамо» то соли 1938 даҳ троллейбусро ба истифода дод.
Таҳияи ГУЛНИСО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2016    №: 224    Мутолиа карданд: 1968

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед