logo

ҳуқуқ

МАСЪУЛИЯТ НУФУЗИ МИЛИТСИЯРО БАЛАНД МЕКУНАД

Мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали ба фаъолият оғоз намудан барои таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои хилофи қонун дар сафи пеши муборизаҳо қарор дорад. Дарки баланди масъулият, самимият ба касби пешакарда ва далерию мардонагӣ дар солҳое, ки вазниниву мушкилиҳо пешорӯи кормандони милитсия буданд,  натавонист азму иродаи онҳоро шиканад. Ба ин душвориҳо нигоҳ накарда, кормандони милитсия масъулияти баланди касбиро бо сарбаландӣ ба ҷой меоварданд.
Ин матлабро Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилӣ, генерал - лейтенанти милитсия, дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи милитсия, ки 10 ноябр  дар Кохи Ваҳдат доир гардид, ироа дошт. Ба гуфтаи ӯ, тӯли 25 сол мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимод, кафили амнияти  кишвар, посдори сулҳу субот ва фаъолтарин сохтори қудратии давлат мубаддал гардид. Он дар муқовиматҳои шадиди ҷанги шаҳрвандӣ ва мубориза ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, террористон, қочоқчиёни маводи нашъаовар ва яроқу аслиҳа обутоб ёфта, таҷрибаи баланди касбӣ пайдо намуд. 
Вазири корҳои дохилии кишвар зикр кард, ки дар ҷавоби ғамхорию таваҷҷуҳи Сарвари давлат, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ҷидду ҷаҳд ва талошу кӯшиши худро барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амнияту осоиштагии сокинони мамлакат равона менамоянд. Танҳо бо дарки баланди масъулият, эҳсоси садоқат ба Ватану миллат ва Сарвари давлат мо метавонем, сулҳу субот ва амнияту осоиштагиро, ки асоси зиндагии арзандаю шоиста ва рӯзгори пурсаодати сокинони кишвар ба ҳисоб мераванд, таъмин намоем.
Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров номаи шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ба ифтихори ҷашни Рӯзи милитсия манзур намуд. Дар номаи шодбоши Пешвои миллат гуфта мешавад, ки дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад. Иҷрои ин вазифаҳои муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст. Кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезутунд гардидани вазъияти сиёсиву ҷиноятӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои таъмини ояндаи дурахшон ва зиндагии орому осудаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон талошҳои зиёд намуданд.
Таърихи мақомоти корҳои дохилӣ дар он давра пур аз саҳифаҳои корнамоӣ ва шуҷоату далерӣ мебошад, ки аз содиқ будани хизматчиёни он ба савганди касбии худ гувоҳӣ медиҳад. Маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Метавон садҳо нафар кормандони ба касби хеш содиқро ёдовар шуд, ки ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар ҷони худро нисор кардаанд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамаи сохторҳои онҳо барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ бо таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, иншооти замонавӣ ва мутахассисони касбӣ мунтазам таҳким бахшида мешавад. Ҳамасола таҷлил гардидани Рӯзи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба ин ниҳоди муҳими давлатӣ буда, ҳар яки шуморо водор месозад, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоед. Зеро мардум дар симои шумо намояндаи давлатро мебинад ва ба шумо бо умеди ҳалли мушкилоти худ муроҷиат менамояд. Барои ин, пеш аз ҳама, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида бошанд, сатҳи касбии худро мунтазам такмил диҳанд ва хусусан дар шароити ноорому печидаи ҷаҳони муосир Ватани маҳбубу халқи худро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дошта тавонанд, яъне кафили зиндагии осудаву ороми мардум бошанд.
Ҳунармандони шинохта Абдулхайри Мумин, Ҷафар Ҷалолов, Толиб Абдуллоев, Амрохон Раҳимов, Садриддини Наҷмиддин, Ғизоли Иноят, Тобиш Ҳилолӣ ва гурӯҳҳои рақсии «Базморо», «Падида», «Лола», «Маҳастӣ», Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо барномаҳои ҷолиби  консертӣ хотири иштирокдорони чорабинии идонаро шод гардонданд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2016    №: 224    Мутолиа карданд: 2377

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед