logo

ҳуқуқ

МОЛУ МАҲСУЛОТИ ҚОЧОҚӢ АФЗОИШИ ҶАРИМА ВА МУСОДИРАИ ОН ҲУКМИ ҚОНУНӢ ГИРИФТ

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури ҷилавгирӣ аз қочоқи молу маҳсулоти воридотӣ тарҳи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро таҳия ва барои тасдиқ ба порлумони кишвар ирсол намуд.
 
Лоиҳаи қонуни мазкур, ки бо вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, молия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Прокуратураи генералӣ мувофиқа шудааст, рӯзи 10 ноябр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум аз ҷониби вакилон баррасӣ ва қабул гардид.  
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни тавзеҳи лоиҳа  гуфт, ки ҳадаф аз ин иқдом пешгирии қочоқи молу маҳсулот, таҳким бахшидан ба рақобати солим дар бозор, баланд намудани иқтидори истеҳсолоти ватанӣ, пешгирии муфлисшавии истеҳсолкунандагони ватанӣ, мувофиқ намудани ҷазо ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрук, инчунин зиёд намудани воридоти маблағҳо ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҷаримаҳо ба ҳисоб меравад. 
Бар асоси ин тағйирот минбаъд ҷаримаҳо барои воридоти маҳсулоти қочоқӣ аз нисф то 2 баробар афзоиш хоҳад ёфт, ки то кунун ҳаҷми ҷарима аз нисф то 1 карати арзиши молро ташкил медод. Ба бовари Абдуфаттоҳи Ғоиб ин тасмим такрори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукиро пешгирӣ намуда, ҳамзамон дар татбиқи ҷазои сазовор мусоидат менамояд. Ҳамчунин, лоиҳаи қонун мусодираи молу воситаҳои нақлиёти махсус муҷаҳҳазшуда, ки ашё ё олоти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошанд, пешбинӣ менамояд.
Танзими қонунии мусодираи молу воситаҳои нақлиёти махсус муҷаҳҳазшуда дар ҳоле ба миён омад, ки ба гуфтаи раиси Хадамоти гумрук, дар аксар маврид қарорҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеши роҳи қочоқи молу маҳсулотро нагирифта, баръакс дар баъзе мавридҳо ба ҳолатҳои қочоқ тобиши қонунӣ дода мешавад. «Молу маҳсулоти ҳабсшуда баъд аз супурдани пардохтҳои гумрукӣ ба қочоқчиён бозпас гардонда мешаванд. Барои мисол, аз тарафи мақомоти гумруки вилояти Суғд соли ҷорӣ 210 ҳолати қочоқи молу маҳсулот ба маблағи зиёда аз 303 миллион сомонӣ ошкор шудааст. Аз тамоми парвандаҳои баррасинамуда, судҳо танҳо дар 13 ҳолат ба маблағи зиёда аз 29 ҳазор сомонӣ дар баробари таъйини ҷарима молу маҳсулоти ба таври қочоқ воридшударо мусодира намуданду халос. Дар дигар мавридҳо баъди ба расмияти гумрукӣ даровардан молу маҳсулот бо қарорҳои судӣ ба қочоқчиён бозпас гардонда шудааст». 
Зимни шарҳи лоиҳаи қонуни мавриди назар иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар давоми як моҳ аз ҷониби гурӯҳи вижаи кории кормандони мақомоти прокуратура ва гумрук 201 ҳолати қочоқи молу воситаҳои нақлиёт ба маблағи умумии зиёда аз 4 миллиону 330 ҳазор сомонӣ ошкор шудааст. Дар ин робита, нисбат ба 175 нафар шахси воқеӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 5 парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои ҷиноятии дар моддаи 289 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда оғоз гардидааст. 
- Ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи гумрук аз ҷониби шахсони воқеӣ афзоиш ёфта, вазъи бавуҷудомада ба буҷети ҷумҳурӣ зарари калон мерасонад. Маҳз ҳамин гуна ҳолатҳо мақомоти гумрукро водор сохт, ки ба бархе аз моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйиру иловаҳо таҳия ва пешниҳод намояд, - изҳор дошт Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2016    №: 224    Мутолиа карданд: 2303

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед