logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ, ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МУҲОФИЗАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Қонуни конститутсионии мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба кафолатҳои иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва таъмини амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои самаранок амалӣ намудани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, танзим менамояд. 
 
Моддаи 1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.
2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Таъминоти давлатии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Хароҷот вобаста ба таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
2. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои самаранок амалӣ намудани ваколатҳояш таъминоти давлатии зерин муқаррар карда мешавад:
- музди меҳнат, рухсатии меҳнатӣ ва нафақа;
- қароргоҳ, бӯстонсарои давлатӣ ва бинои истиқоматии хизматӣ;
- хизматрасонии нақлиётӣ; 
- хизматрасонии тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ;
- суғуртаи давлатии ҳаёт ва саломатӣ;
- хизматрасонии алоқа;
- муҳофизати давлатӣ;
- таъмини хароҷот вобаста ба намояндагӣ ва ташриф ба давлатҳои хориҷӣ;
- дигар намудҳои хизматрасонӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. 

Моддаи 4. Музди меҳнат, рухсатии меҳнатӣ ва нафақаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Музди меҳнати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
2. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар вақти барои ӯ мувофиқ ба муддати 45 рӯзи тақвимӣ рухсатии меҳнатии пардохтшаванда дода мешавад, ки он мумкин аст қисм ба қисм истифода шавад.
3. Ҳангоми ба рухсатии меҳнатӣ баромадан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулии яквақта ба андозаи музди меҳнати думоҳаи ӯ пардохт карда мешавад.
4. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба охир расидани муҳлати ваколаташ ба таъмини нафақа, ки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷоя таъйин менамоянд, ҳуқуқ дорад. 
 
Моддаи 5. Қароргоҳ, бӯстонсарои давлатӣ ва бинои истиқоматии хизматии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати иҷрои ваколаташ бо қароргоҳи давлатӣ, бӯстонсарои давлатӣ ва бинои истиқоматии хизматӣ таъмин карда мешавад.
2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба охир расидани ваколаташ ройгон бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин карда мешавад.
3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ дар давраи ваколаташ аз пардохти ҳаққи истифодаи манзили истиқоматӣ ва хизматрасонии коммуналӣ озод мебошанд.
 
Моддаи 6. Хизматрасонии нақлиётӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматрасонии нақлиётии махсус таъмин карда мешавад.
2. Хизматрасонии нақлиётӣ ба аъзои оилаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи протоколи чорабиниҳои давлатӣ ҳуқуқ дорад аз тамоми намудҳои хизматрасонии нақлиётӣ ройгон истифода барад.
 
Моддаи 7. Хизматрасонии тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматрасонии тиббӣ, табобатию истироҳатӣ, табиби шахсӣ ва маводи доруворӣ ройгон таъмин карда мешавад. 
2. Аъзои оилаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматрасонии тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ истифода мебаранд. 
3. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз қатъи ваколати президентиаш якумра хизматрасонии ройгони тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ таъмин карда мешавад.
 
Моддаи 8. Суғуртаи давлатии ҳаёт ва саломатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳаёт ва саломатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи музди меҳнати солонаи ӯ суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешавад. Дар сурати вафот ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё дар давоми як соли баъди ба охир расидани ваколаташ ба аъзои оилаи ӯ кумакпулии яквақта ба андозаи музди меҳнати понздаҳсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шуда, ба онҳо бинобар бесаробон мондан нафақа муқаррар карда мешавад.
2. Хароҷот вобаста ба дафни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби давлат пардохт карда мешаванд.
 
Моддаи 9. Таъмини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳои алоқа 
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ваколатҳояш бо воситаҳои алоқаи махсус ва дигар намудҳои алоқа таъмин карда мешавад. Хизматрасониҳои алоқа дар доираи хизматрасониҳои ҳукуматӣ амалӣ карда мешаванд.
2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ дар давраи ваколаташ аз пардохти ҳаққи хизматрасониҳои алоқа озод мебошанд.
 
Моддаи 10. Хароҷот вобаста ба намояндагӣ ва ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ 
1. Хароҷот вобаста ба намояндагӣ ва ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешаванд.
2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар намудҳои хизматрасонӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, истифода мебарад.  
 
Моддаи 11. Таъмини амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи ӯ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суиқасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ваколаташ дар ҷойи зисти доимӣ ва будубоши муваққатӣ аз ҷониби мақомоти давлатии амнияти миллӣ таъмин карда мешавад. Дар давраи иҷрои ваколати президентӣ амнияти аъзои оилаи Президент таъмин карда мешавад. 
3. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи иҷрои ваколаташ ҳуқуқ надорад, ки аз таъмини амнияти давлатӣ даст кашад. 
4. Пас аз қатъи ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти ӯ якумра таъмин карда мешавад. 

Моддаи 12. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 

Моддаи 13. Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи таъминот, адои хизмат ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 23 - 24, мод. 362; с. 2003, № 4, мод. 140; с. 2007, № 3, мод.156) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни  соли 1991 «Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1991, № 15, мод. 266) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Моддаи 14. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур
Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии 
Тоҷикистон                                                                     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 ноябри соли 2016, №1357
 
 
ҚАРОРИ  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Оид ба қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
 
1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995, № 205 «Дар хусуси тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминот, адои хизмат ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 23 – 24, мод. 363), қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 1, мод. 6; с. 2007, № 1, мод.5) ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 1991, № 365 «Дар бораи тартиби истифода ва амалӣ гардондани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1991, № 15, мод. 267) аз эътибор соқит дониста шаванд.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 26 октябри соли 2016, № 582
 
 
ҚАРОРИ   Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
 
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии 
Тоҷикистон                                                                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 8 ноябри соли 2016, № 291


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2016    №: 225    Мутолиа карданд: 6229

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед