logo

иқтисод

РОҲҲО МОРО БА СӮИ САОДАТ МЕБАРАНД

Нақши  меъмори воқеии  давлатдории навини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар таъмини Истиқлолияти давлатӣ ва ҳастию бақои миллати тоҷик баҳснопазир мебошад. Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири ӯ барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноку сарнавиштсози миллату давлат зоҳир мегардад. Ин гуфтаҳоро дастовардҳои тайи солҳои охир дар ҳамаи соҳаҳо  собит месозанд.

Махсусан, саҳми беназири Президенти кишвар дар самти расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар - аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат муассир аст. 

Бино ба иттилои Исмоил Раҳимзода, сардори Раёсати сохтмон ва хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёт, дар ин давра танҳо аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ва ҳиссагузориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ наздики 1937 км роҳ,  31 км нақб ва зиёда аз 200 адад пул сохта, мавриди истифода қарор дода шудаанд.  

Сохтмони 5 пул  аз болои дарёи Панҷ,  миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, дар ноҳияҳои Ишкошим, Ванҷ, Шамсиддини Шоҳин, деҳаи Теми шаҳри Хоруғ, деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвозро зикр кардан ҷоиз аст, ки мушкилоти мардуми ду  кишварро бениҳоят осон намуд. 

- Сол аз сол афзудани роҳҳои сифатан наву ҷавобгӯ ба  талаботи замони муосир дар ҷумҳурӣ  пешбурди низоми нави нигоҳдории онҳоро пеш меорад. Новобаста аз маҳдудиятҳои молиявӣ  маблағгузорӣ аз буҷети давлат ба соҳаи нигоҳдории роҳҳо ҳамасола тамоюли болоравиро нишон медиҳанд. Соли 2015 ин маблағ нисбат ба соли 2008-ум 29,1 миллион  сомонӣ (2,4 маротиба) афзудааст. Тамоюли солонаи миёна дар солҳои 2008 - 2015 тақрибан 13 фоизро ташкил медиҳад. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 барои дарёфти механизми нави нигоҳдории роҳҳо дар асоси созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба лоиҳаи хариди техника ва таҷҳизоти нигоҳдории роҳҳо барои минтақаи Ҳисор ва Қӯрғонтеппа 118 адад техника ва механизмҳои роҳсозӣ харидорӣ шуда, барои нигоҳдории роҳҳо тибқи технологияи ҳозиразамон вобаста шуданд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2016    №: 225    Мутолиа карданд: 1360

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед