logo

сиёсат

ИФТИХОРИ БЕАНДОЗА. Ё ЛАҲЗАҲОИ ХОТИРМОН

Моҳи октябри соли 2005  Рӯзҳои Тоҷикистон дар қароргоҳи  ЮНЕСКО - шаҳри Париж баргузор гардид. Дар бораи гузарондани ин чорабинии фарҳангӣ қаблан дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо директори генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура дар шаҳри Душанбе мувофиқа ҳосил шуда буд. Вақте ки омодагиҳо барои баргузории Рӯзҳои Тоҷикистон оғоз ёфтанд, Сарвари давлат барои таҳияи корҳои муқаддамотӣ маро ба Фаронса фиристоданд. 
Ҳангоми мулоқот бо ҷаноби Матсуура ӯ, пеш аз ҳама, аз саломатию корҳои муҳтарам Президент пурсон шуда, таассуроташро аз сафараш ба Душанбе ва меҳмоннавозии Сарвари давлат бо камоли қаноатмандию хушнудӣ баён намуд. Таъкид кард, ки тоҷикон хушбахтанд, ки чунин шахси ватандӯст, ташаббускор  ва сулҳпарвар  доранд. 
- Маҳз бо ташаббуси  Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон, - гуфт Коичиро Матсуура, соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шуд, ки ин барои  инсоният ниҳоят муҳим аст. Ӯ хотироташро чунон бо эҳсос ва хушнудӣ баён медошт, ки беандоза фахр мекардам. 
Рӯзҳои Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси генералии он диққати ҳайатҳои кишварҳои зиёди аъзои ин созмони бонуфузро, ки дар толори беш аз ҳазорнафара ҷойи нишастан набуд, ҷалб карда, борҳо боиси кафкӯбиҳо гардид.
Барои саҳми бузург дар татбиқи идеалҳои ин созмон ва хидмати барҷаста дар устувор кардани сулҳ дар Тоҷикистон директори генералӣ Президенти Тоҷикистонро бо медали тиллоии ЮНЕСКО сарфароз намуд. Ин аз обрӯю эътибори Сарвари давлати тоҷикон ва эътирофи байналмилалии хидматҳои  ин шахси наҷиб  гувоҳӣ медод. Зиёфати тоҷикона, дастархони пурнозу неъмате, ки Президент дар долони бузурги ЮНЕСКО тартиб дода буданд, чунон ғанӣ, рангоранг ва болаззат буд, ки меҳмонони зиёд (беш аз ҳазор нафар) аз кишварҳои гуногуни олам мафтуни он гардиданд. Мо, тоҷикони дар он чорабинӣ ҳозирбударо ҳисси хушнудии беандоза ва ифтихор аз фарҳангпарварию муаррифӣ кардани давлати соҳибистиқлоламон фаро гирифта буд. Он лаҳзаҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. 
Кароматулло ОЛИМОВ,
академик, собиқ раиси Комиссияи миллии
Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2016    №: 225    Мутолиа карданд: 1104

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед