logo

маориф

МАОРИФ ТАҚДИРИ НАСЛИ ОЯНДАСОЗ ДАР ДАСТИ ОМӮЗГОР АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон 18 ноябри соли 2006 зимни маросими савгандёдкунӣ дар мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа доштанд, ки «мақсаду мароми аслии мо аз тамоми чорабиниҳо ва барномаҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани  сифат ва сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон аст. Расидан ба ин ҳадафҳои инсонпарварона ва олӣ бевосита ба рушди соҳаи илм, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг вобаста мебошад. Чунки кадрҳои донишманд ва мутахассисони варзидаи  ватанпараст ба ҳалли проблемаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ қодир ҳастанд».
Ҳамин аст, ки Сарвари давлат аз оғози фаъолияти пурсамараш соҳаи маорифро соҳаи афзалиятнок донистанд ва он ҳамеша таҳти назорат ва таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифт. Ба хотири пешрафти соҳа силсилаи қонунҳо ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар  бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва чандин консепсия ва барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд. Албатта, ин ҳама дар такмилу  рушди соҳа нақши муҳим ва чашмрас гузоштанд. Ба сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ, ки зинаи нахустини таҳсилоти  шаҳрвандон маҳсуб меёбад, аҳамияти махсус дода шуд. «Барномаи давлатии рушди соҳаи  томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2006 – 2010» қабул гардид. Зимни амалӣ намудани Барномаи  мазкур ҳуқуқи ҳифзи кӯдак мустаҳкам, мазмуну шаклу усулҳои тарбияи томактабӣ муайян, заминаи моддӣ - техникӣ ва таълимию методии муассисаҳо беҳтар гардонда шуд.
Сарвари давлат, ҳамчунин, дастур доданд, ки ба рушди маорифи миллӣ, ки пешрафти кишвар ба он вобастагӣ дорад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир бигардад. Ба ин хотир, беҳдошти заминаи таълимро ногузир мешуморанд.
Тавре маълум аст, дар баробари ба вуҷуд овардани шароиту имкониятҳои беҳтару бештари таҳсил ба тайёр кардани омӯзгорони ҷавобгӯи талаботи  давр тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.Чунки ба фармудаи Президенти мамлакат «маҳз омӯзгорони соҳибмаърифату бофарҳанг ва устодони донишманду ватанпараст савияи таълиму дониши хонандагонро баланд бардошта, онҳоро ба забондонӣ, илмомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд». Ба ин хотир, барои беҳдошти кору зиндагии омӯзгорон шароит ва имтиёзҳо муқаррар гардиданд. Чандин маротиба маоши онҳо зиёд карда шуд. Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон  дар соҳаи маориф таъсис ёфт.
Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маърифат вобастагии зиёд дорад. Алҳол аз 170 ҳазор донишҷӯёни кишвар 50 ҳазор нафарашон бо ихтисосҳои омӯзгорӣ таҳсил доранд. Талаботи солона ба кадрҳои омӯзгорӣ бошад, 3600 нафарро ташкил медиҳад.
Омӯзгорон ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат ва дарки масъулияти касбию шаҳрвандӣ барои боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия тамоми тадбирҳоро меандешанд. Дастовардҳо дар ин соҳа чашмрас ва нисбати солҳои пеш аз истиқлоли кишвар  фарқкунанда мебошанд.
Сарвари давлат соли гузашта бори дигар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бо таъкиду зикри масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ҷорӣ кардани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон изҳор дошт, ки он таваҷҷуҳи боз ҳам бештари масъулонро тақозо менамояд. Чаро? Чунки ба фармудаи Пешвои миллат «омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Ба ҷуз ин, соли равон зимни ироаи Паём, аз ҷумла, ба мо – ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ супориш доданд, ки дар муддати чор соли оянда масъалаи пурра бо омӯзгорон, дар навбати аввал, бо омӯзгорони забонҳои русиву англисӣ таъмин намуданро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳал намоем. Вобаста ба ин, маъмурияти донишкада нақшаи чорабиниҳоро дар асоси ин дастуру супоришҳо тартиб дод. Тибқи талаботи давр мутахассисони оянда на танҳо ба бозори меҳнат ҷавобгӯ бошанду соҳаҳои худро дар ин замина дар сатҳи баланд бояд бидонанд, балки онҳо бо дарки масъулият насли  наврасро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи сарзамини аҷдодӣ, дӯстдории Ватан тарбия карда тавонанд.
Маҳмадулло РАҶАБОВ,
ректори Донишкадаи давлатии 
забонҳои ба номи С. Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2016    №: 225    Мутолиа карданд: 6580
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед