logo

сиёсат

МАРДИ ҚАВЛУ АМАЛ

Бо тақозои тақдир ва лутфу эҳсони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароям муяссар гаштааст, ки бо ин марди шариф ва фарзонасират якҷоя кору фаъолият намоям. Ҳар як сухан, дастуру супориш ва кору фаъолияташонро бароям мактаби бузурги ибрат, сабақомӯзӣ ва эҷод медонам. Дар тӯли зиёда аз бисту панҷ соли кор ин марди қавлу амал ҷавонмардию фидокориҳояшонро ба манфиати халқу Ватан ва ободии диёр нишон доданд.
 
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шудан дар Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд барпо гардид, бо вуҷуди нооромиҳо ва ҷангҳои ҳамватанӣ қотеона иброз доштанд, ки “тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷони худро нисор мекунам”. Ва мо дидему шоҳид гаштем, ки Пешвои миллат ҷони худро дар хатар гузошта, ба ин аҳди худ устуворона гом бардоштанд. Мардумро ба сулҳу ваҳдат оварданд, гурезаҳоро баргардонданд, иқтисодро аз буҳрон наҷот доданд ва имрӯз кишварро ободу сатҳи зиндагиро беҳбуд бахшидаанд. 
Аз ҷумла, бо ёдоварӣ аз нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҳафт соли охир гуфтан мумкин аст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, сарфи назар аз буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, аз 9,3 миллиарди соли 2006 дар соли 2016 ба 44 миллиард сомонӣ расид ва суръати миёнаи афзоиши солонаи он қариб 6 фоизро ташкил дод. Дар ин давра даромадҳои пулии аҳолӣ 4,2 баробар, ҳаҷми пасандозҳои бонкӣ 4,5 ва маоши миёнаи воқеӣ 5,5 баробар зиёд шуд.
Дар робита ба сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон, ки бо ҳидоятҳои Сарвари давлат ташаккул ёфтааст, тазаккур додан лозим аст, ки сиёсати хориҷии мо ҳамчун сиёсати маъруфи “дарҳои кушода” ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон равона шудааст, ки он барои касб намудани ҷойгоҳи муносиби кишвар дар арсаи ҷаҳон беш аз пеш мусоидат менамояд. Президенти муҳтарами кишвар таъкид намудаанд, ки: “Мо бо тамоми кишварҳои ба мо хайрхоҳ робитаҳои дӯстона ва ҳамкориро идома дода, дар навбати аввал муносибатҳоямонро бо ҳамсояҳои наздики худ дар асоси усулҳои эътирофгардида ва пазируфташудаи эҳтироми мутақобил ва ҳусни ҳамсоягӣ тавсеа ва тақвият мебахшем”.
Истиқлолияти давлати мустақили тоҷикон, ки бо номи мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии зич дорад, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад, ки бисту панҷ сол инҷониб номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст.
Сарвари давлат бори дигар ҳини ба мансаби Президенти Тоҷикистон интихоб шуданашон “ба номи поки Худованди мутаол, ба номи неку муқаддаси Тоҷикистон, ба кӯҳҳои пурганҷ ва осмонбӯси он, ба водиҳои зарнисору боғу бӯстонҳои хуррами он, ба хотири эҳтироми падарону модарон, наврасону ҷавонон, тифлакони гаҳвора ва умуман ба ҷони беш аз 8 миллион шаҳрванди кишвар” савганд ёд карда, таъкид доштанд, ки: “тамоми ҳаётамро, орзую андешаҳоямро ва фикру зикрамро фидои имрӯзу фардои неки халқи азизам ва Тоҷикистони маҳбубам месозам”.
Ҳамин аст, ки бо ҳидояту роҳнамоии Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, дар тӯли чаҳоряк асри соҳибистиқлолӣ ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди неругоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт. Дар баробари ин, Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки муҳаббат ба Ватани аҷдодӣ, таърихи пурифтихори миллат ва ниёгони фарҳангдӯсту тамаддунпарварамон моро барои ҳарчи бештар аз худ кардани дастовардҳои ҷаҳони муосир, пешрафти илму техника ва тараққиёти рӯзафзуни давлатҳои мутамаддини олам, яъне баробар бо ҷомеаи пешрафта қадам бардоштан ҳидоят ва водор менамояд. Яъне, мо ҳар қадар Ватанамонро дӯст дорем, бояд ҳамон андоза кӯшиш намоем, ки аз ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ пешраванда қафо намонем, ҳамкориҳои худро бо кишварҳои тараққикардаи олам густариш диҳем, арзишҳои илму фарҳанги умумибашарӣ, дастовардҳои техникаву технологияи муосир ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омӯзем ва кӯшиш кунем, ки мисли ниёгони некноми худ ба тамаддуни башарӣ ҳиссаи арзишманди худро гузорем.
Ба таъкиди Пешвои миллат, нақшаҳои азими созандагиву бунёдкорие, ки мо барои даҳ - понздаҳ соли оянда пешбинӣ кардаем, маҳз ба хотири рушди бонизоми иқтисодиёти мамлакат, густариши фаъолияти соҳибкорӣ, ҳарчи бештар муҳайё намудани ҷойҳои кории нав, афзун гардондани даромади аҳолӣ, ободии Ватан ва беҳтар намудани некуаҳволии мардуми кишварамон равона шудаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба гӯшаву канори Тоҷикистони азиз сафар намуда, ба мулоқоти мардум мешитобанд, то бо розу ниёзашон аз наздик ошно гарданд, садои дилашонро бишнаванд. Дар аснои роҳ ба қуллаҳои кӯҳсорони Бадахшону Зарафшон, Ҳисору Рашту Хатлон, ки аз партави хуршеди саҳаргоҳон арғувонӣ мегарданд, дида медӯзанд, андешаҳояшон ба умқи таърих фурӯ мераванд ва ҳодисоти замона ба ҳам омехта гардида, пеши чашмонашон ҷилвагар мешаванд. Чунин мепиндоранд, ки қуллаҳо аз афкори оливу бегазанд, аз ҷавҳари андешаҳои лоязолии фарзандони бузурги миллат, аз хуни поку муқаддаси қаҳрамонон, ки ҳаёти худро нисори озодиву истиқлоли Ватан намудаанд, медурахшанд ва ҷило медиҳанд. Сарвари давлат дар хусуси он меандешанд, ки тоҷикон дар сайри таърихӣ, дар гирудор ва фоҷиаҳои хунини рӯзгор такя ба забону фарҳанги нотакрор ва ҷавҳари маънавиёти воло намуда, умри ҷовидон ёфтаанд.
Сарвари давлат пирамардеро пеши назар меоранд, ки сар то по ғарқи нур буда, хомаашро дар анвори дурахшони офтоб тар намуда, дар қуллаҳои осмонбӯс се ҷавҳари поки рӯзгори башар - пиндори нек, гуфтори нек, кирдори некро сабт менамояд, то ки онҳо ба назари ҷаҳониён ҳамеша тобон бошанд ва роҳнамои рӯзгори онон гарданд. 
Саидмурод ФАТТОҲЗОДА, 
муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 
доктори илми фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.11.2016    №: 225    Мутолиа карданд: 1331

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед