logo

сиёсат

«АРБОБ» ВА ХИЗМАТИ ЯК РӮЗНОМА

16 ноябри соли 1992 шаҳри Хуҷанд, бахусус атрофи Қасри «Арбоб» манзарае дошт бо ҳавои тирамоҳӣ, тираву намнок ва сард. Одамон дар кӯчаҳо муҳофизони тартиботу сарбозони мусаллаҳро дида, ба гирдоби ваҳму воҳима, тарсу ҳарос ғӯтавар мешуданд. Бузургсолон дасти дуо бардошта мегуфтанд, ки Ватани моро аз шикасту порашавӣ Худованд дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад. 
 
Дар бораи оғозу анҷом ва баҳсҳои дохили Қасри «Арбоб» бо самти Иҷлосияи пурумед ман чизе намегӯям. Фақат гуфтаниам, ки дар қатори тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон журналистони рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») дар инъикоси воқеъбинонаи рӯзҳои баргузории иҷлосия бо масъулияти касбӣ, тафаккури солим хизмати бемисл карданд. 
Дар солҳои 1989 - 1994 дар вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» адои хизмат менамудам. Хуб дар ёд дорам, ки дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати таҳририя бо маслиҳату машварат дар маҷлиси корӣ аз ҳисоби журналистон ва бо фармони сармуҳаррир «Мухбирони парлумонӣ» таъсис дод. Ба ин ҳайат журналистони рӯзнома Ҳадиятилло Тӯйчизода, Ғафур Нарзулло, Мазбути Воҳид, Исроили Рабизод, Шарифи Муҳаммадҷон, Ҳасани Порсо, Ғайрат Ҳаким, Ҳасан Шариф шомил буданд. Рӯзномаи мо он вақт ҳафтае се маротиба нашр мешуд. Мухбирони парлумонии мо дар ҳар шумора аз Қасри «Арбоб»  маводи оҷилӣ омода менамуданд ва навиштаҳои онҳо ҳамон замон дар саҳифаҳои якуму дуюми рӯзнома ҷой мегирифтанд. 
Рӯзнома тасмим гирифта буд, ки дар болои шиносномааш чунин гуфтор дар он рӯзҳо сабт ёфта бошад: «Сессияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рӯзи аввал»… ва ҳамин тавр рӯзи дуюм, рӯзи сеюм… ва ниҳоят то рӯзи анҷоми сессия идома ёфт. Ин нишоне буд аз Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайғому умеде буд барои мардумон.
Дар саҳифаи аввали шумораи 19 ноябри соли 1992 - и рӯзнома маводе чоп гардид, ки «Арбоб бо ҷаҳон гап мезанад» ном дошт. Зикр мешуд: «Бо мақсади инъикоси рафти Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри маданияти Арбоб, колхози ба номи Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд сурат мегирад, аз бисёр оҷонсӣ, рӯзномаҳо, садою симо журналистон омадаанд». Мақолаи мухбири рӯзнома Ғафур Нарзулло «Раҳобахши Тоҷикистон кист?» ва ё баргузидагони мардумӣ роҳи наҷот меҷӯянд», дар шумораи 20 ноябри соли 1992 дарҷ шуда буд, албатта, бо сурати вакилони мардумӣ.
Ва дар шумораи 28 ноябри соли 1992 бо ҳарфҳои калон чунин навишта гардида буд: «Иҷлосияи таърихӣ дар шаҳри Хуҷанд вазифаи асосиашро иҷро кард. Бигзор, дар Тоҷикистони мустақил сулҳу ризоияти миллӣ пойдор бимонад!».
Саҳифаҳои рӯзномаро  варақгардон мекунам. Дар болои шиносномаи рӯзнома, аз 5 декабри соли 1992, чунин навишта шуда буд: «Сессияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт». 
Дар лаҳзаҳои хотирмону таърихӣ - рӯзи оши оштӣ ҳам, ки аз анҷомёбии муваффақонаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастёб гардидан ба сулҳу салоҳ мужда  расонд, хабарнигорони рӯзномаи мо хизмати шоистаи эҷодӣ ва касбӣ карданд. 
Солҳо гузаштанд. Ҳоло қарорҳои Иҷлосия, амалҳои бунёдкорӣ ва созандагие, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз карда шудаанд, муттасил ба иҷро расида, баҳри зиндагии хушу гуворои мардуми кишвар ҳама чиз фароҳам оварда шудааст. Кунун ёди айёми муноқишаҳои бемаънии шаҳрвандӣ, силоҳбадастиву роҳгумии мардум чун хоби парешон аз миён рафтааст. 
Файзулло АТОХОҶАЕВ, 
собиқадори матбуот 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2016    №: 226    Мутолиа карданд: 1309

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед