logo

сиёсат

ТО ГУЗАШТАРО БА ЁД НАОРЕМ.

Бузурге фармудааст: “То гузаштаро ба ёд наорем, ба қадри ҳаёти имрӯза нахоҳем расид”. Ҳарчанд гузаштаро ба хотир овардан ҳузнангез аст, барои сабақ гирифтани насли имрӯза шарт аст он рӯзҳоро бори дигар пеши назар биоварем. 
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кунҷу канорҳои он муноқишаву ҷангу ҷидолҳо ба амал омаданд. Дар ҷумҳурии азизи мо низ бенизомӣ амал мекард. Сохторҳои давлатӣ фалаҷ шуда буданд. Мо, ки шоҳиди он солҳо ҳастем, ба хубӣ дарк менамудем, ки кишварро аз ин вартаи фалокатбор танҳо як дасти пурқувват, марди шуҷову матин ва баҳодуру нотарс раҳонда метавонад. 
Соли 1992. Ин сол ҳеҷ аз ёд намеравад. Мо, омӯзгорон, ҳамагӣ як ҳафта машғули таълим будем. Якбора фазои Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Бохтару Вахшро дуди ғализи тиру борут иҳота намуд. Муассисаҳои таълимӣ баста шуданд. Мардум фавҷ – фавҷ,  рӯ ба гурез меоварданд. Аҳли хонаводаамро ба як мошини боркаши шиносе шинонда, ба тарафи Вахш, ба як хоҷагии аз маркази ноҳия дур равона намудам. Ман ва боз се - чор нафар мардони ҳамсоя дар шаҳраки Октябр (имрӯза Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтар) чун посбони молу амвол мондем. 
Манзараи ашкрезии модари ҳафтодусесолаам, ки бемор буд ва қадам зада наметавонист, ҳеҷ аз ёдам намеравад. Модарамро рӯйи дастонам бардошта, то дари мошин бурдам. Ӯ боисрор мегуфт, ки вай бояд ин ҷо монаду ман равам. Ашк мерехт ва ба низоандозон лаънату нафрин мехонд. Бо азобе модарро бо суханҳои нарм розӣ кунонда, гусел кардам.
Баъд камчинии озуқа, пеш аз ҳама, нон ҳис шуд. Назди нонвойхонаҳо навбатпоии тӯлонӣ то ҳол аз хаёламон дур нашудааст. Аммо халқи мо ба ояндаи нек умед мебаст. Дар ҳамин шабу рӯз фаъолон, меҳтарони ҷангу меҳнат, зиёиён мардумро рӯҳбаланд мекарданд.
Моҳи ноябри соли 1992  дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯро интихоб шуд. Ин дар ҳоле буд, ки  шумораи зиёди сокинон ба Афғонистону дигар мамлакатҳои собиқ шӯравӣ фирор намуда буданд. Гурезаҳоро баргардондан, миллати парешонгаштаро сарҷамъ намудан, дар мамлакат сулҳу субот ва оромӣ барқарор намудан кори осон набуд. Ин амал қаҳрамонӣ, ҷасорати бемислу монанд ва ҳайратовар менамуд. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин корҳоро бомуваффақият ба анҷом расонд. 
Мо, мардуми тоҷик, бояд ҳамеша шукри сулҳу субот кунем. Шукр аз он кунем, ки як Сарвари хирадманду дурандеш, ободкору фарҳангдӯст дорем. Халқ аз қафои он роҳбаре меравад ва дар ҳаққаш ҷон нисор менамояд, ки ба маънои томаш раиятпарвар бошад, баҳри мардумаш накукориро дареғ надорад, аз мушкилоту зиндагии одамон огоҳӣ дошта бошад. 
Мо, пиру барнои Тоҷикистон, аз Президенти маҳбуби худ Эмомалӣ Раҳмон ҳазорҳо маротиба миннатдорем. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, муассисаҳои табобатию тандурустӣ, интернат – парваришгоҳҳо баҳри ятимон, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ... ин ҳама ба туфайли хиради азалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта истодаанд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як амри воқеист. Ман фикр мекунам, ки он чун рӯзи саид, рӯзи соҳибистиқлолии воқеӣ ва сулҳу ваҳдати сартосарӣ ҷашн гирифта мешавад. 
Ҳотам ҲОҶӢ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2016    №: 226    Мутолиа карданд: 1381

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед