logo

сиёсат

ДОСТОНИ ҶАВОНМАРДӢ. (Баъзе андешаҳо оид ба манзумаи Ниҳонӣ «Дар ситоиши Пешвои миллат», ҳафтаномаи «Тоҷикистон», № 45 (1191), аз 9 ноябри соли 2016)

Ҳар кас, ки надорад ба ҷаҳон меҳри  ту дар дил,
Ҳаққо, ки бувад тоати  ӯ  зоеъу ботил.
(Ҳофиз)
Адабиёт воситаи муҳимтарини инъикоси воқеият мебошад. Тавассути ин абзори аҳамиятнок, ки инсоният дар давоми ҳаёти бошууронаи худ рӯйи кор овардааст, асрҳои аср онро сайқал додааст, мукаммал гардондааст, паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ тадқиқ, таҳқиқоти таърихӣ амиқ баҳогузорӣ ва пешкаши ҷомеа мегарданд. Ҳамзамон, тафаккури адабӣ воситаи маънавие мебошад, ки ба ҳақиқат аз нуқтаи назари истилоҳ ва мафҳумҳои бадеӣ наздик мешавад. Замоне ки воситаҳои дигари тадқиқу тафсир дар арҷгузории воқеият, ҷараёни дарки ҳастӣ, инъикоси паҳлуҳои гуногуни реалият мушкилӣ  мекашанд, сухани бадеӣ онро ба уҳдаи худ мегирад. Маҳз ба ҳамин  хотир, хаёли бадеӣ «воситаи мукаммали дарки воқеият» (В. Шеллинг) номида шудааст. 
Беҳтарин асаре, ки инсон офаридааст, дар бораи худи Инсон аст. Дар он кӯшишҳо, бурду бохтҳо, саранҷом дастовардҳо - фаъолияти Инсон, манзалати ин бузургтарин, мукаммалтарин офаридаи табиат дар ҷойи аввал меистад. Ба андешаи Арасту, «Ҳаёт - амал (enerjeia) аст. Амал ҳаёт аст» (Аристотель. Сочинения в четырех томах. Том 4, М., «Мысль», 1983, с. 31). Берун аз фаъолият, Арасту наметавонад таъйиноти одамро тасаввур кунад. «Олитарин таъйиноти инсон, хушбахтӣ овардан, некӣ офаридан аст» (ниг. ҳамон ҷо, саҳ. 31). Вақте ки Арасту дар бораи шахсияти бузург андеша меронад, мунтазам нисбат ба ҳамин ду истилоҳ таваҷҷуҳи хонандаро сидқан ҷалб карданӣ мешавад: «фаъолият» ва «накукорӣ». Маълум аст, ки бани Одам аз нафаси аввал то охир банди амал аст. Аммо Арасту мафтуни Инсонест, ки амалаш бо некӣ, накукорӣ, судмандӣ барои Инсон ва Инсоният тавъам мебошад: «Олитарин накуӣ, агар он бо олитарин шакли фаъолият - накукорӣ мутаносиб бошад,   камоли қаноатмандӣ ва хушбахтӣ аст» (ҳамон ҷо, саҳ. 32). 
Адабиёти тоҷик ҳамчун далели муътамад, яке аз қадимтарин халқҳо будани миллати моро нишон медиҳад. Анъана, урфу одат, ҷаҳонбинӣ, тарзи тафаккур, муносибат ба Ватан, ҷомеа, оламу оламиён ва ҳаводис, навъи муассири таърихнигори ин миллати қадимӣ мебошанд. Беҳтарин рӯйдодҳои таърихи миллати тоҷик дар адабиёти илмӣ ва албатта, бадеии хаттию шифоҳӣ, аз аср ба аср гузашта, то ба мо расидаанд. Ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, шуури миллии мо ва ҳамчун натиҷа, ба муайянкунии мавқеъ ва тасмимгириҳои сиёсии миллат таъсиргузор будаанд. Ҳамин тариқ, адабиёт яке аз муҳимтарин омилҳои хештаншиносӣ, шаклгирии шуури сиёсӣ, истиқлолияти давлати миллии мо маҳсуб мегардад. Маҳз тавассути каломи бадеӣ, миллат аз ватанхоҳӣ, қаҳрамонӣ, ҷонфидоии бузургтарин фарзандони хеш огоҳ шудааст. Спитамен, Деваштич, Абумуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Темурмалик, Восеъ ва даҳҳо абармардони дигар тавассути таҳқиқи таърихнависон, образҳои офаридаи шоирон ва худи мардум дар ёдҳо нақш бастаанд. Миллати куҳанбунёдро дар муқобили селоб ва офатҳои таърих, ҳамчун кохи бегазанд ҳифз кардаанд. 
Накукориро Арасту бо истилоҳи «eydaimonia» ифода кардааст, ки «ey» -  «некӣ» ва  «daimon» маънои «худовандӣ» - ро дорад. Чун Худованд ҳама вақт пуштибони амали нек ва шахсиятҳои нексиришт аст, ба ёди онҳост. Инсон ҳам дар фикри Худованди Бузург аст. Аммо «Онон, ки талабгори Худоед, Худоед, Берун зи шумо нест, Шумоед, Шумоед» (Ҷалолуддини Балхӣ). Тафаккури Инсон доимо ба он дакка мехӯрад, ки Инсони нек беҳтарин сифатҳои Худовандиро дорост. Худованд барои Инсон аст. Яъне Осмон ба хотири Замин арзи вуҷуд мекунад.  Ин андешаи малакутиро таҷрибаи инсонӣ дар номгузории фарзанди хеш ва топонимика ҳам барҷаста инъикос кардааст. 
Достони «Дар ситоиши Пешвои Миллат» (Ҳафтаномаи «Тоҷикистон», № 45 (1191) аз 9 ноябри соли 2016, саҳ.13)  аз ҷумлаи  манзумаҳоест, ки ба фаъолияти яке аз бузургтарин абармардони асри ХХI, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. 
Асар қисмате аз корнамоиҳои ин шахсияти воқеан таърихиро тавассути имконоти бадеӣ тасвир намудааст. Роҳи тайкардаи ӯро тӯли 25 соли давлатдорӣ, ба тарзи муъҷаз, дар доираи 55 байт, ба риштаи назм кашидааст. Достон бо матлаи 
Агар гӯем шоҳаншоҳи давронӣ, ту меарзӣ,
Барои тоҷикон пайғоми Яздонӣ, ту меарзӣ.
оғоз мегардад.
Дастоварде, ки аз ҳама бештар таваҷҷуҳи шоирро ҷалб намудааст, муносибати қаҳрамони ӯ ба тақдири таърихии миллати тоҷик мебошад. Таҳлили сарнавишти басо мураккаб ва фоҷиабори Тоҷикистон, муаллифро муътақид сохтааст, ки яке аз сабабҳои аслии парешонии онро - омили хориҷӣ шуморад. Ва раҳоӣ бахшидани давлатро аз мақсади нопоки аҷнабиён, хизмати ҷонфидоёнаи Сарвари муаззами миллат медонад: 
Парешон халқи тоҷик буд зи дасти аҷнабӣ,  аммо,
Раҳо кардӣ Ватанро аз парешонӣ, ту меарзӣ. 
 
Ҳамзамон, муаллиф эҳсос мекунад, ки хурофотпарастӣ ва ҳамчун натиҷаи он гумроҳшавии як қишри ҷомеа, аз таҳдидҳои ҷиддӣ дар муқобили амну осоиши мардум мебошад. Ин тоифа бештар рӯҳияи бегонапарастӣ дорад. Душманони дохилу хориҷи давлати миллӣ аз онҳо ҳадафмандона, ба манфиати худ суиистифода мекунанд. Амали эшон ҳамчун «қасди бадхоҳона» ва «нияти фаъолона сабаби амалкардест тавассути роҳу восита, ки қисман субъективӣ аст... мустақиман ба воқеияти мавҷуда муассир мебошад. Аз байн бурдани чунин сабаб, мунҷар ба маҳсули воқеияти ғайримустақим хоҳад буд» (В.Ф. Гегель. Работы разных лет в двух томах. Том 2. М., 1973, с. 167). 
Дар ин амал, шоир таъкиди он нуктаро ба инобат гирифтааст, ки қаҳрамони ӯ, ҳамзамон барои ҳифзи эътиқоди анъанавӣ заҳамот ва ҷидду ҷаҳди зиёд ба харҷ додааст:
Хурофотӣ кунад тарғиби дину мазҳаби дигар,
Зи реша қасди бадхоҳон бисӯзонӣ, ту меарзӣ.
 
Муаллиф талошҳои шабонарӯзии қаҳрамони достонро дар хусуси даъват ба рафтори ватанхоҳона,  ҳамчун шахсияти барҷастае бо «дили ҳамдард ва ёри маслиҳатбин», ки «истеҳзори ҳар аҳли диле ҳаст» (таъбирҳо аз Ҳофиз) ва падарона ба ислоҳи рафтори ҳар фарди мувоҷеҳ ба мушкилот  мекӯшад, арҷгузорӣ менамояд:
Бигӯӣ даъвати ифротиён хавфу хатар дорад,
Хатокории гумроҳон бифаҳмонӣ, ту меарзӣ.
 
Дар ин замина, муаллиф таъкиди сиёсати давлатро, ки мақсад аз он тарбия ва комил сохтани шахс, аз гумроҳӣ раҳондани қишрҳои осебпазири ҷомеа, махсусан ҷавононро мадди назар дорад, таҷассум кардааст. 
Дар манзума тараннуми озодиву ободӣ ва хурсандиву шодӣ, барҳақ натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии қаҳрамони асар - дараҷаи олии тавоноӣ, умқи фаҳм, идрок ва андешаи ин шахсияти бузурги таърихӣ ба қалам дода мешавад. Чунин арҷгузорӣ, муҳраҳои андешаи шоирро дар кулли манзума, бо ифодаҳои бадеӣ ва шево, бо ҳам мепайвандад. Дониши андӯхта ва фитрии ӯ нисбат ба қонунияти равандҳои ҷамъиятӣ, таҷрибаи пурмашаққати мактаби зиндагӣ дар роҳи миллатофаринӣ ва давлатсозӣ, ҳамакнун ба ӯ имкон медиҳад, бисёре аз ҳодисаҳои таҳдидомези ҷомеаро амиқ пешбинӣ кунад. Ба хотири эмин нигоҳ доштани кишвар аз хатарҳо,  арсаи вақт чораҷӯӣ намояд:
Бувад як хислатат дарки ҳама рафтори номатлуб, 
Аз ин ашхоси номатлуб Меҳанро нигаҳбонӣ, 
ту меарзӣ. 
 
Ҳамзамон, шоир саъю талоши ҷонфидоёнаи қаҳрамонашро барои ҳимояи марзу буми кишвар ёдрас месозад. Ҳамчун асосгузори Артиши миллӣ ӯро васф менамояд. Сипари дар замони мушкилӣ сохтаашро кафили сулҳ, комронии Меҳану миллат ба қалам медиҳад:
Ба вақти мушкилӣ кардӣ ту ташкил Артиши миллӣ,
Ба кишвар шуд кафили сулҳу армонӣ, ту меарзӣ. 
 
Аз барҷастатарин аркони манзума, тасвири фидокории қаҳрамони асар дар раҳоӣ бахшидани миллат аз бесарусомонӣ, фақру дармондагӣ, зиллату гуруснагӣ ва хавфи бандагӣ мебошад. Бар асари ҷанги хонумонсӯз, ки онро дӯсткушони душманпарвар бо сад маккорӣ ва ҷилваю ҳилагарӣ рӯйи кор оварданд ва имрӯз ҳам аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ надоранд, садҳо ҳазор хона вайрон, сағиру кабир ҳайрон, мардум саргардон  шуданд. Сарвари давлат - сарвару сарпарасти бепарасторон гашт. Ба хотири осудагӣ бо оне, ки фиреби ҷанг дошт, ҷон коҳонд, сулҳ ангошт:
Ятиму бекасу бесарпарастонро падар гаштӣ,
Парастори сағирону кабиронӣ, ту меарзӣ.
 
Барои нишон додани симои барҷастаи қаҳрамони худ муаллиф самтҳои барои давлатдории миллӣ ҳаётан муҳими фаъолияти ӯро  тараннум мекунад. «Ҷисму ҷон»-и ҷамъияти сохтаи ин шахсияти бузурги таърихиро, то ҳадди имкон ба хонанда тафсир менамояд. Таваҷҷуҳи шоирро, пеш аз ҳама, қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ ҷалб менамоянд. Илми шинохти ҷамъият исбот кардааст, вобаста ба он ки  ҳукумати ҳар ҷомеа, дар сиёсати рӯзмарра ва амали хеш некуаҳволии кадом табақаро беҳтару хубтар таъмин мекунад, маҳз ва фақат дар пайвастагӣ бо ҳамин омил, дараҷаи мардумӣ будани он ҳукумат арҷгузорӣ мешавад. Муаллифи асар ба ин суол зина ба зина, дар муносибат ба ҳар қисмати ҷомеа посух  медиҳад. Чун ҳафтод дарсади мардуми мо дар деҳот рӯзгор мебаранд ва зиндагии эшон аз замин вобастагӣ дорад, дар манзума ба тарзи мантиқӣ, шоирона, ишораи дақиқ ба эҳёи кишоварзӣ мегардад, ки ба хотири дар рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ аз чанги гуруснагиву марг раҳондани мардум равона шуда буд:
Гурусна мондани халқат ҳама буда зи наҳси ҷанг,
Кунун шуд сер мардум, ғалла арзонӣ, ту меарзӣ. 
 
Аммо Қаҳрамони асар чун ҷавонмарди асил, марди кордон, ки бозуяш дар хидмати халқ мустаҳкам шудааст, бо ин қаноат намекунад, доимо мекӯшад, ки давра ба давра аҳволи мардумашро беҳтар кунад. Ба ислоҳот мекӯшад. Ин нуқтаро шоир ба риштаи назм мекашад:
Чу ислоҳот андар киштгардони заминҳо шуд,
Фузун гардид файзи кори деҳқонӣ, ту меарзӣ.
 
Ҳар он ки «лофи ақл мезанад», ҷавҳари адлу инсоф дар вуҷудаш   эҳсоси бартарият дорад ва аз «аҳли риёву ҳарифони дағо» фосила мегирад, бояд «даст рӯйи дили пок бигзорад» (Ҳофиз) ва эътироф намояд: ақл на ба он қодир буд, то тасаввур намояд: лаҳзае мерасад, ки мардуми мотамзадаи тоҷик аз: «сӯзи дил, ашки равон, оҳи саҳар, нолаи шаб» (Ҳофиз) раҳоӣ ёбад, дар пайи созандагӣ афтад, ҷода созад, нақб кобад, барқ офарад. Шоир ба ишора аз ин менигорад:
Хати барномаат шуд барқу нақбу роҳу озуқа, 
Ба кишвар аз ту шуд файзу фаровонӣ, ту меарзӣ.
 
Муаллифи нуктасанҷ ба коргоҳи ҳастии имрӯзу фардои диёраш маҳз тавассути дидгоҳи қаҳрамони атобахши  миллаташ менигарад, барҳақ, бо дили пур, ӯро наққош ва меъмори даврони созандагии кишвараш ном мебарад.  Чун Пешвои бузурги миллат бо сухани саршор аз бӯйи вафо,  мужда ва навиде аз ояндаи дурахшони кишвар мерасонад, ки «Тоҷикистони азиз саноатӣ хоҳад шуд!»,  ба оламиён эълом медорад:
Саноат нақшаи ояндаи созандагӣ бошад,
Ба он наққош ё меъмор ё ҳам ину ҳам онӣ, ту меарзӣ.
Замони истиқлолият, сарфи назар аз мушкилоти ниҳоят сангини ба таври сунъӣ эҷодгашта, бо кӯшишу эҳтимоми бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давраи воқеан таърихии рушди мактабу маориф, мукаммалгардонии инфрасохтори соҳа маҳсуб мегардад.  Замони шӯравӣ бо ҳазорон афзалияти воқеӣ дар риштаи маориф, чунин собиқаи тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои давлатдории миллиро дар дохил ва хориҷи мамлакат надошт. Дошта ҳам наметавонист. Таъкиди ҳамарӯзаи Сарвари давлат, ки илм, маориф, касбомӯзӣ, ягона воситаи раҳоии миллати тоҷик аз мушкилоти рӯзмарраи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии имрӯзу оянда мебошанд, ба дилу дидаи мардум ҷо гаштааст. Қаҳрамони достон тавоноии миллатро аз доноии ӯ вобаста медонад:
Ба рушди мактабу илму маориф тақвият додӣ,
Тавонбахшандаи фарҳангу ирфонӣ, ту меарзӣ.
 
Муаллифи асар, ки ҷуръати тасвири корномаи қаҳрамони бузурги миллатро кардааст, бо масъулияти том зарур мешуморад, симои қаҳрамонашро тавассути ниҳоят амиқ омӯхтан, фаҳмида гирифтан, аз бар намудан, таҳлил ва баҳогузорӣ кардани  таърихи халқи куҳанбунёдаш, боз ҳам эътиқодмандона тафсир намояд. Маҳз дар ҳамин асно, аз ҷониби Пешвои бузурги миллат офаридани асарҳои ниҳоят арзишманди таърихӣ ёдоварӣ  карда мешавад. Тавре ба назар мерасад, методи таърихии тадқиқ, ки муҳимтарин раванд ва зуҳуроти воқеоти даврони пешин, қонунияти пайдоиш, тазод ва инкишофи онро муайян месозад ва барои фаҳмидани моҳияти ҳодисоти имрӯз, экстраполятсияи он дар замони оянда роҳнамоӣ мекунад, яке аз рукнҳои фаъолияти қаҳрамони асар мебошад.  
Бишуд осори некат аз ниёгон шоҳиди зинда,
Кафили ҳастии ояндадавронӣ, ту меарзӣ.
 
Муаллиф тавассути каломи бадеӣ тасвири он маъниро пешкаши хонандагон кардааст, ки чӣ тавр қаҳрамони ӯ нақши шахсро дар таърих аз муҳимтарин омил  мешуморад. Дарк менамояд,  шахсияте, ки ҳастиашро аз тақдири миллат ва Ватани хеш ногусастанӣ  медонад, баръакс худро дар назди таърих масъул меҳисобад, барои истиқлолият ва рушди миллӣ хидматҳои фаромӯшнашаванда карда метавонад. Тавассути номвар ва абадӣ гардондани чунин шахсиятҳо, миллате, ки маҳз бо ҷонбозиҳои   онон ба рӯзи  нек, некномӣ ва соҳибдавлатӣ расидааст, бо кӯшиш ва эҳтимоми Сарвари давлат ҷовидон гардонда шудаанд. Бо назардошти чунин ва аз ин ҳам зиёдтар қаҳрамониҳо ба маъраз гузоштан, халқи намаксипоси кишвараш худи ӯро аз қаҳрамонони даврони навин ва Пешвои абадии хеш интихоб кардааст:
Бузургонро бузургон зинда медоранд, мегӯянд,
Шарафманде миёни ин бузургонӣ, ту меарзӣ. 
 
Муаллифи асар саҳфаеро аз таърихи фоҷиабори давлати мо ёдовар шудан мехоҳад: сарфи назар аз он ки дар минтақаи бузург забону адаби мардуми тоҷик мавриди эътирофу истифода қарор гирифта буд,  номбар кардан, ҳамчун намунаи волои рафтори ҷамъиятӣ ҷилвагар намудани қаҳрамонони миллии тоҷик ба манфиати доираҳои сиёсии роҳбарони давру замон набуд. Пешвои бузурги миллат эҳёгари корномаи миллати хеш, ба хотири намунагузории рафтори ватанпарастонаи ин бузургон дар назди халқу миллат мебошад. Чунин рафтори ҷавонмардона, зодаи истиқлолияти сиёсии миллату Ватани мост, ки қаҳрамони асар аз асосгузорони он аст:
Шуҷоатманд фарзандони миллатро набуд қисмат, 
Зи сидқ эҳёнамои қаҳрамононӣ,  ту меарзӣ.
 
Ҳамчунон, дар асар заҳматҳои қаҳрамони достон оид ба эҳё намудани иду анъанаҳои миллӣ, ки аз арзишҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ мебошанд, бо ифтихор васф карда мешавад. 
Қаҳрамонӣ, мусаллам аст, корномаи шахсони бузурге мебошад, ки барои миллату Ватани худ ҷонфидоиҳо кардаанд. Ин азхудгузаштанҳо ба ҳазорҳо достон меарзад. «Халқе, ки қаҳрамон надорад, қатъан бадбахт хоҳад буд». Аммо «қаҳрамонӣ» мафҳуми ҷамъбастшуда, хулосавӣ мебошад. Ба тафсири мантиқии сохторӣ (структуравӣ) ниёз дорад.  Муаллифи асар, то ҳадди имкон, чунин талошро низ ба харҷ додааст. Тавассути васфи сифатҳои олии шахсияти бузурги таърихӣ, ки дар қаҳрамониҳои   бемислу монанди ӯ - дар ҳар як амали садоқатмандонааш нисбат ба миллат ва Ватани азизаш тӯли чоряк аср таҷассум ёфтаанд, кӯшидааст нигоштаҳои худро тақвият бахшад.   
Таваҷҷуҳи муаллиф ба ин мавзӯъ одӣ нест. Сифати шахсият, ки онро характер (тинат, сират, ирода) гуфтаанд, аз муҳимтарин масъалаҳоест, ки дар тамоми давру замон таваҷҷуҳи олимони бузурги дунёро ба худ ҷалб кардааст. Зеро таърих чизе нест, ба ғайр аз амали мақсаднок роҳандозикардаи одамон. Омӯзиши Инсон - омӯзиши характери ӯст. «Ба характер, пеш аз ҳама, ҳамон қисмати шаклии неру, ки инсонро дар масири интихобкардааш мустаҳкам нигоҳ медорад, намегузорад, ки ӯ дар ин ҷода бозистад, мақсаду мароми худро амалӣ месозад ва дар ҳама ҳолат бо худаш маслиҳат мекунад, мансуб мебошад» (В.Ф. Гегель, «Энциклопедия философских наук». Том 3, Философия духа. М., 1977, с. 7).  Сифати шахсони таърихӣ, қаҳрамонони асил ҳамчун офтобест, ки бо фидокорию ҷоннисорӣ намунаи олии рафторҳои ватанхоҳонаро дар ҳолатҳои барои Ватану Миллат фавқулода хатарнок, аммо ҳаётан муҳим, ба намоиш мегузорад. Амали қаҳрамонона, мардумро низ ба ваҳдат, ягонагӣ, ҳифзи якпорчагии марзу буми аҷдодӣ сафарбар менамояд: «Инсони соҳиби характер ба дигарон таъсири хуб мерасонад. Онҳо ба ӯ эътиқодманд мешаванд, зеро медонанд, ки бо  кӣ сару кор доранд.» (В.Ф. Гегель, «Энциклопедия философских наук». Том 3, Философия духа. М., 1977, с. 8). 
Албатта, бузургии характер, аз ҷиҳати муҳтаво ва мундариҷа, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ зуҳур меёбад. Мақсадҳои барои давлату миллат тақдирсоз, ҳаргиз имкони амалӣ шуданро надоранд, агар ин нақшаҳо дар ихтиёри сифатҳои олии ҷавонмардонаи шахсиятҳои бузурги таърихӣ набошанд. Ва сифати шахсияти бузург он аст, ки воқеан, дар амал  тасдиқи худро ба намоиш мегузорад, ошкор месозад, исбот менамояд. Ба тасдиқи ин назария, яке аз бузургтарин мутафаккирони асри XIX Ғарб, В.Ф. Гегел, ки афкораш сардафтари фалсафаи дунё гаштааст, таъкид месозад: «Фақат тавассути амалӣ кардани мақсадҳои олӣ, Инсон дар худаш характери бузургро кашф мекунад, ки ӯро барои дигарон ҳамчун машъал, роҳнамо муаррифӣ менамояд» (В.Ф. Гегель, «Энциклопедия философских наук». Том 3, Философия духа. М., 1977, с. 8). Ба ҳамин хотир шоир таъкид месозад:
Далериву шуҷоат хоса мансуби ҷавонмардист, 
Қавидил, боҷасорат марди майдонӣ, ту меарзӣ.
 
Ё ин ки:
Фидои ин Ватан, ин сарзамин гуфтӣ шудан бояд, 
Ҳалолат бод худ аз ҷонфидоёнӣ, ту меарзӣ.
 
Дар манзума сухандонӣ ва суханварии  қаҳрамони асар бо эҳсоси  баланди ҳақиқатнигорӣ  тараннум карда мешаванд. «Ман нобиғаро аз он мешиносам ва эътироф мекунам, ки ӯ чӣ тавр бо лафзи модарӣ афкорашро баён месозад» (Б. Наполлеон). Воқеан, сухандонӣ,  суханшиносӣ, суханварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат барои ҳар нафаре, ки тоҷик аст, ба лафзи дарӣ, форсӣ ҳарф мезанад, худро тахассусманди соҳаи забоншиносии тоҷик ва донишманди меъёрҳои забони адабии ҳозираи тоҷик мешуморад, ибратомӯз ва намунаи олӣ аст. Суҳбати қаҳрамони асар бо табақаҳои гуногуни ҷомеа - кӯдакон, наврасон, куҳансолон, ҷавонон, кишоварзон, коргарон, аҳли фарҳанг, илму адаб, сиёсатмадорон ва муҳофизони Ватан, бо интихоби мавзӯъ, мазмун, мундариҷа, муҳтаво, тарзи масъалагузорӣ, ҳидоят ва маслиҳат оид ба ҳаллу фасли онҳо, аз якдигар фарқ мекунанд. Захираи бойи луғавӣ, донистани рӯҳияи қишрҳои гуногун - аъзо ва авзои ҷомеа,  шароити воқеии зисту зиндагӣ, кору фаъолият, муваффақият ва мушкилоти онон, ҳисси ниҳоят баланди масъулият, сидқу сафо, ҳусни ният нисбат ба имрӯзу фардои халқу миллати сипосгузораш, мададгори аслии фаъолияти рӯзмарраи ӯ бо мардуми кишвараш мебошад. Ба қаҳрамони асар муяссар мегардад, ки дар ҳар маърака барқосо чун «муродбахши дили беқарори мардум», «аниси хотири умедворон»  ва «ғамгусори» (таъбирҳо аз Ҳофиз) миллати дар роҳи маслакаш мисли ӯ ва дар пайравии ӯ ҷонфидо, ҳамчун гӯшту нохун дар тамос ва дарки маънавӣ бошад.  
Воқеан, ба иловаи қаҳрамониҳое, ки Пешвои миллат дар роҳи Сулҳу Ваҳдат, таъмини амнияту осоиши мардуми азиятдидаи хеш кардааст, ҳамчунон тавонистааст бо истеъдоди фавқулодаи фитрӣ ва тавони сухан ҳазорҳо мушкилро осон намояд. Ин корро дар тӯли таърих ва рӯзгори носозгори имрӯзи ҷаҳон, ҳазорон «лашкари даъвои гетиситонидошта»-и олам ҳам натавонист кардан. Суханварии Пешвои бузурги миллати пурифтихор лоиқи ҳамду сано аст:  
Шоир ҷаҳон гирифту ба теғи забон   гирифт,
Оре, ҷаҳон ба теғи забон метавон гирифт.                                             
Бигрифт бо тавони сухан он чӣ подшоҳ,
Бо теғи тезу лашкари гетиситон гирифт. 
                                                        (М. Иқбол). 
Муаллифи манзума таърихи фоҷиабори миллатро хуб аз бар кардааст. Дастовард, бурду бохти шоҳони гузаштаро мунсифона мавриди омӯзиш, таҳлил ва арзёбӣ қарор додааст. Маълум аст, аз дастовардҳои онон меболад. Аммо аз бохташон, ки ба фоҷиаҳои зиёди миллӣ анҷом ёфтааст, нороҳат мегардад. Ба қиёси фаъолияти чорякасраи ҷонфидоиву корнамоии қаҳрамони худ нисбат ба он замон мепардозад: ӯро ҳисси баланди ифтихор, қаноатмандӣ фаро мегирад, ки маҳз бо ҳузури ӯ «навиди фатҳу башорат ба меҳр», «ҷаҳон ба коми дил, миллат ба авҷи моҳ расид» (таъбирҳо аз Ҳофиз). Бо забони хеш эътиқодмандона мегӯяд:
Барои тоҷикони рӯи олам такягоҳ гаштӣ,
Аз ин гӯем шоҳаншоҳи шоҳонӣ, ту меарзӣ. 
 
Шоири забардаст Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр (1906-1988)  даҳсолаҳо гаштаву баргашта, бо диди амиқи илм, фаҳми дақиқи назм ва мантиқи замони Фирдавсии поксиришт, ба омӯзиши «Шоҳнома»-и безавол шуғл меварзад.  Назди шоире,  ки баъди заҳматҳои ҷонкоҳона ба тӯли зиёда аз сӣ сол, ба ҷаҳониён навид додааст: «Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!», сари таъзим фуруд меорад. Бо диди фалсафӣ, шоирона, ба асли масъалаи шоҳасар назари хешро ҳамчун хулосаи таҳқиқи анҷомдодааш, бо ғурури мутантани ватанхоҳона аз фарзанди барӯманди миллаташ, эълом медорад:
Аё Фирдавсиё, сеҳрофарино, эй бузургустод,
Чу ту устоди маъниофарин кас надорад ёд.
Надонам Рустаму рӯинтане будаст худ ё на.
Ту будӣ, ҳарчи будӣ Рустаму рӯинтан афсона,
Аҷам то зинда бошад, номи ту вирди забон дорад.
Ба ҷон миннатпазири туст, эй ҷон, то ки ҷон дорад.
 
Воқеият шаҳодат аз он медиҳад, ки дар муқоиса бо дигар роҳнавардони сиёсӣ, ки таърих ёд дорад,  рӯинтани аслии   миллат ва давлатофарини тоҷикон дар ҳазор соли ахир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар байни бузургтарин қаҳрамонони асарҳои илмӣ - таърихӣ,   симои Пешвои миллат ифтихори ҳамасрони ӯст. Ҳамчунон, намунаи пайравӣ ва   меҳроби давлатдории миллӣ барои ҳазорсолаҳост.
Дарки амиқи амалӣ намудани рукнҳои маънавиёти миллӣ  дар партави корномаи Пешвои миллат, аз аркони  ниҳоят аҳамиятноки худшиносии миллӣ мебошад. Мағз андар мағзи онро садоқат ба Ватан, манфиатҳои миллӣ, ташаккули тафаккури илмӣ нисбат ба воқеоти олам, минтақа ва ҷомеаи мо ташкил мекунад. Моҳияти чунин муносиботро мақсадҳои воқеан ҳаётӣ - зарурати ногузири ба инобат гирифтани таносуби вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва он вазифаҳои ҳаётан муҳиме, ки барои сохтани давлати миллӣ, рушди иқтисодиёт, таъмини амнияти миллӣ хос мебошанд, дар бар мегирад.  
Муаллифи достони «Дар ситоиши Пешвои миллат» бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ, хонандаро ба дарки масъулияти бузурги ватандорӣ ба хотири имрӯз ва фардои пурсаодати миллат даъват мекунад. Мантиқи васфи Пешвои бузурги миллат дар манзума, бо садои дили ҳазорон пиру ҷавони кишвари саодатмандаш ҳамовоз аст:  
Басо таҳлил ҳар иқдоми арзишманди ту кардем,
Сазовори ҳазорон шеъру достонӣ, ту меарзӣ.
С. ЯТИМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2016    №: 226    Мутолиа карданд: 1922

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед