logo

сиёсат

ПЕШВОӢ ХЕШРО БАР ХАЛҚИ ХУД БАХШИДАН АСТ

Таърихи давлатҳо ва тамаддунҳои гузашта собит месозанд, ки шахсиятҳо дар густариш ва пойдории онҳо нақши ҳалкунанда дошта, қудрати роҳнамоӣ ва идоракунии онҳо тавонистааст башарро ба дараҷаи камолот расонда, тамаддуни инсониро ҷавҳар ва асолати офарандагӣ ато намояд. Маҳз ҳамин вижагиро банӣ - одам дарк намуда, доимо дар раванди зиндагӣ ва фаъолияти ҷамъиятии худ ниёз ба роҳбаладии шахсе дорад, ки қодир аст инсонҳоро ба соҳили мурод расонад.
Аз ҳамин нуқтаи назар, миллатҳо ва давлатҳо доимо ба мавҷудият ва фаъолияти шахсиятҳое ниёз доранд, ки дар масири таърих ҳастӣ ва тамоми вуҷуди худро ба ин шахс бовар карда, аз қафои ӯ дилпурона мераванд. Чунин шахсият дар таърихи давлатдории тоҷик Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Фаъолияти Пешвои миллат дар давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ ин 25 соли камолоти сиёсию таърихӣ ва худсозии шахсиятест, ки ҳастии худро ба ҳифзи ягонагии давлат ва ҳувияти миллии мардуми худ дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ бахшида, аз шахсияти роҳбар то Пешвои миллат омада расидааст.
Роҳ ба сӯйи сиёсати калон хусусиятҳои хоси худро дорад, ки ба он нишондиҳандаҳои замонӣ ва маконӣ метавонанд таъсири худро расонанд. Аз ин нуқтаи назар, замони зимоми давлатдориро ба уҳда гирифтани Пешвои миллат замони хунрезию даргирӣ буда,  аз роҳбар истеъдоди махсуси корбарӣ ва идоракуниро тақозо менамуд. Пешвои мо аз уҳдаи ин кор бо сарбаландӣ баромад.
Ӯ тавонист сохтори фалаҷгаштаи  ҳокимияти давлатиро барқарор ва низоми сиёсии мазмунан ва шаклан навро пойдор созад, тавонист шамшери хунафкани ҷангро ба қалами созандаи имзои Созишномаи сулҳ иваз намояд.
Ӯ тавонист миллати парешонгаштаро аз панҷаи хорию гушнагӣ раҳо бахшида, бо муҳаббат ва садоқату самимият ва адолатпешагии худ ҳазорҳо қалбҳои аз кинаю хусумати ҷанг торикгаштаро равшанию меҳр бахшад ва бо ҳамин роҳ бегонагии мардумро аз ҳокимият хотима бахшад.
Ӯ тавонист кишвари харобгаштаро ба гулзор, ба манбаи нуру сафо, макони амну осоиш табдил дода,  муаррифгари миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг гардад.
Таҳлили воқеияти иҷтимоию сиёсӣ ва таърихӣ нишон медиҳад, ки масири Пешвоӣ ин масири мушкилу пурпечутоб буда, фақат он нафаре ба ин унвони олӣ ва эътимоди мардум ноил мегардад, ки аз сари сидқу вафо хизмати халқи худро мекунаду худро дар роҳи ҳастии ӯ мебахшад.
Махфират ХИДИРЗОДА, 
муовини раиси вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2016    №: 226    Мутолиа карданд: 1529

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед