logo

сиёсат

ПРЕЗИДЕНТ - ВА ЭҲЁИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Ҳанӯз дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон таъкид намуда буданд:  «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ  зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст». 
 
Таҷлили  «Соли тамаддуни ориёӣ» (2006),  «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» (2009), «2700 - солагии Кӯлоб» (2006), «2500 - солагии Истаравшан» (2002), 100 - солагии Б. Ғафуров, 110 - солагии шоир ва ҳофиз Сайдалӣ Вализода, 130 - солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, эълон гардидани соли «Эстрада», соли «Маориф ва фарҳанги техникӣ», инчунин ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид намудан ва ҷашн гирифтани «1150 - солагии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ», «100 - солагии Қаҳрамони  халқи тоҷик Мирзо Турсунзода» (2009), «100 - солагии композитор Зиёдулло Шаҳидӣ» (2014), «600 - солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ» (2014), «3000 - солагии Ҳисор»  ва «700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» дар соли 2015 ва эълон гардидани шаҳри Кӯлоб ҳамчун пойтахти фарҳангии ИДМ ба эҳёи фарҳанги асили миллати тоҷик  равона карда шуда, аҳамияти тарбиявии чорабиниҳои мазкур дар ташаккули ҳофизаи таърихии миллат ва худшиносии миллӣ хеле бузург аст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи муттаҳидаи ҷумҳуриявии таърихӣ - кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи  Камолиддин  Беҳзод мақоми миллӣ  дода  шуд. Ин иқдом барои тарғиби дастовардҳои халқи тоҷик, ки дорои таърихи қадима ва арзишҳои фарҳангии чандинасра аст, роҳи васеъ кушод. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои беш аз 2020 ёдгориҳои таърихиву фарҳангист, тайи солҳои истиқлолият бо ҳидояту дастгирии Сарвари давлат 36 ёдгориҳои нодир дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо тармиму барқарор карда шуданд. 
Дар давраи мазкур шумораи толибилмони дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷ таҳсилкунанда хеле афзуда, шумораи чунин донишҷӯён ба 124 кас расид. 
Президенти мамлакат аз ҳисоби фонди захиравии хеш баҳри мукаммалгардонии фонди Китобхонаи миллӣ, бо адабиёти тозанашри ватанию хориҷӣ таъмин намудани он, истифода аз пойгоҳҳои иттилоотии хориҷӣ беш аз 543 586 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Ба ин маблағ Китобхонаи миллӣ 9615  нусха китобро аз Русия, Англия, Олмон ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, немисӣ, арабӣ харид.  
Таҳти сарварӣ ва бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар бинои Театри  давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба маблағи 11 миллиону 835 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президент таъмир карда шуд. 
Саҳми бевоситаи Президент дар рушд ва васеъ кардани фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои телевизионӣ низ бузург аст.  Дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон танҳо 1 шабакаи радиоӣ ва 1 шабакаи телевизионӣ мавҷуд буд, ки бо вақти маҳдуд ба эфир мебаромаданд. Ҳоло дар кишвари соҳибистиқлоли мо 46 шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки аз ин миқдор 28 шабакааш хусусӣ аст. Ҳамчунин, вақти эфирӣ барои шабакаҳои телевизионӣ 12 - 18 соат ва барои шабакаҳои радиоӣ шабонарӯзӣ шудааст. Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина”, телевизионҳои “Варзиш” ва “Синамо” ҳам аз ташаббусҳои Президент аст. 
Шамсиддин ОРУМБЕКЗОДА,
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2016    №: 226    Мутолиа карданд: 1751

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед