logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 303; с. 2006,  №4, мод. 196;  с. 2008, №3, мод. 201; с. 2010, №7, мод. 546; с. 2011, №3, мод. 177, №12, мод. 855; с. 2013, №3, мод. 195;  с. 2015, №11, мод. 960; с. 2016, №3, мод.143) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Ба қисми 5 моддаи 1 пас аз калимаи «динӣ» калимаҳои «, инчунин таҳсил ва молумулк» илова карда шаванд.
2. Аз матни моддаи 3 калимаи (Сарқонуни) хориҷ карда шавад.
3. Дар ном ва матни моддаи 5 калимаҳои «Шабоҳати» ва «шабоҳати» ба калимаҳои «Қиёси» ва «қиёси» иваз карда шаванд.
4. Ба қисми 1 моддаи 8 пас аз калимаи «давлатӣ» калимаҳои «, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» илова карда шаванд.
5. Ба номи боби 3 пас аз калимаи «ТАРТИБИ» калимаи «БАСТАНИ» илова карда шавад.
6. Ба номи моддаи 11 пас аз калимаи «Тартиби» калимаи «бастани» илова карда шавад.
7. Дар моддаи 14:
- ба номи модда пас аз калимаи «монеаи» калимаи «бастани» илова карда шавад;
- сархати даҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- байни шахсоне, ки суд қобилияти амали яке аз онҳоро бо сабаби суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда маҳдуд намудааст.».
8. Дар қисми 2 моддаи 15 калимаи «танзими» ба калимаи «банақшагирии» иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 17:
- матни модда қисми 1 ҳисобида шавад;
- ба модда қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Маҳдудияти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида нисбат ба шавҳар татбиқ намегардад, агар дар мӯҳлати зикршуда зан аз тарбияи фарзанд даст кашида, шавҳар бевосита ба тарбияи фарзанд машғул бошад, ё зан ташаббускори бекор кардани ақди никоҳ бошад.».
10. Моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 23. Бо тартиби судӣ бекор кардани ақди никоҳ ҳангоми розигии зану шавҳар
1. Агар зану шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ розӣ бошанд, суд ҳуқуқ дорад ақди никоҳро бекор намояд. Дар ин ҳолат ақди никоҳ дар давоми як моҳи баъди ариза додани зану шавҳар бекор карда мешавад.
2. Ба зану шавҳари дорои фарзандони ноболиғ, новобаста ба розигии муштараки онҳо барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштӣ додани онҳо тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ мӯҳлат диҳад.».
11. Қисми 4 моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Ақди никоҳи хилофи талаботи қисми 1 моддаи мазкур баста шуда   аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор аст.».
12. Дар қисми 1 моддаи 29 сархатҳо бо аломати дефис «-» ишора карда шаванд.
13. Дар қисми 2 моддаи 31 калимаи «Шартномаи» ба калимаи «Аҳдномаи» иваз карда шавад.
14. Дар моддаи 32:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои «дар интихоби шуғл,» калимаи «таҳсилот,» илова карда шавад;
- дар қисми 2 калимаҳои «тарбияи фарзанд, маълумотноккунӣ» ба калимаҳои «таълиму тарбияи фарзандон» иваз карда шаванд.
15. Ба қисми 1 моддаи 33  пас аз калимаи «ҳангоми» калимаи «бастани» илова карда шавад.
16. Дар қисми 2 моддаи 34 калимаи «чизҳои» ба калимаи «ашёҳои» иваз карда шавад.
17. Дар моддаи 39:
- дар қисми 1 калимаҳои «аҳдномаи байни онҳо» ба калимаҳои «аҳдномаи никоҳ» иваз карда шаванд;
- ба қисми 2 пас аз калимаҳои «фарзандони ноболиғ» калимаҳои «,инчунин фарзандони болиғи корношоями эҳтиёҷманд» илова карда шаванд.
18. Дар қисми 1 моддаи 44 калимаи «муоҳидаҳо» ба калимаи «аҳдҳо» иваз карда шавад.
19. Дар ном ва матни моддаи 45 калимаҳои «Аҳдномаҳои», «аҳдномаи», «аҳдномаҳои» ва «аҳдномаҳо» мувофиқан ба калимаҳои «Шартномаҳои», «шартномаи»,  «шартномаҳои» ва «шартномаҳо»  иваз карда шаванд.
20. Қисми 3 моддаи 46 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Агар бо ҳукми суд муқаррар гардад, ки молу мулки умумии зану шавҳар аз ҳисоби маблағи бо роҳи ҷиноят бадастовардаи зан ё шавҳар харида шудааст ё афзун гардидааст, маблағ мувофиқан аз молу мулки умумии зану шавҳар ё як қисми он ситонида мешавад.».
21. Моддаи 47 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 47.  Кафолати ҳуқуқи кредиторон ҳангоми бастан, тағйир додан ва бекор кардани аҳдномаи никоҳ
1. Ҳамсар ӯҳдадор аст, ки кредитори (кредиторони) худро дар хусуси бастан, тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ огоҳ созад. Дар сурати иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ, ҳамсар аз рӯи ӯҳдадориҳои худ, новобаста ба мӯҳтавои аҳдномаи никоҳ, масъул мебошад. 
2. Кредитори (кредиторони) ҳамсари қарздор ҳуқуқ дорад бинобар моҳиятан тағйир ёфтани вазъият бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир додани шартҳо ё бекор кардани аҳдномаи никоҳи байни ҳамсарон басташударо талаб намояд.».
22. Дар қисми 3 моддаи 57 ва қисми 2 моддаи 79 калимаи «милиция» ба калимаҳои «корҳои дохилӣ» иваз карда шавад.
23. Дар моддаи 571 қисмҳо бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ шуда, қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Муассисаҳои таълимии томактабӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва падару модар бояд барои озодона изҳор намудани фикри кӯдак дар ҷомеа ва оила шароит фароҳам оваранд.». 
24. Ба моддаи 63 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзандони худ дорои дигар ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва масъулияте мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.».
25. Ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 64 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Падару модар намояндагони қонунии фарзандони худ буда, ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, судӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, бе ваколатҳои махсус ҳимоя менамоянд.».
26. Дар сархати якуми моддаи 93 калимаҳои «суиистеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, маводи нашъадор» ба калимаҳои «суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда» иваз карда шаванд.
27. Дар сархати сеюми қисми 2 моддаи 121 калимаҳои «маълумоти миёна ё олӣ» ба калимаҳои «таҳсилоти миёна ё олии касбӣ» иваз карда шаванд.
28. Дар қисми 2 моддаи 122 калимаҳои «ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
29. Дар қисми 1 моддаи 123 калимаи «маълумоти» ба калимаҳои «таълимии таҳсилоти» иваз карда шавад.
30. Ба қисми 1 моддаи 124 пас аз калимаҳои «чунин имконият» калимаҳои «тибқи шартнома барои тарбия ба оилаҳои (мураббии) парастор дода шаванд ё» илова карда шаванд.
31. Дар қисми 1 моддаи 155 калимаи «маълумоти» ба калимаи «таҳсилоти» иваз карда шавад. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ РАҲМОН 
ш. Душанбе, 14 ноябри соли 2016, № 1365

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 октябри соли 2016, № 558
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           М. УБАЙДУЛЛОЕВ 
ш. Душанбе, 8 ноябри соли 2016,  № 299


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2016    №: 227-228    Мутолиа карданд: 6045

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед