logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1998, № 9, мод. 68,  мод. 69, № 22, мод. 306; с.1999, № 12, мод.316; с.2001, № 4, мод.149, мод. 167; с. 2002, № 11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, № 5, мод. 346, № 7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, № 3, мод.126, № 7, мод. 399, № 12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с.2008, № 1, қ. 1, мод. 3, № 6, мод. 444, мод. 447, № 10, мод. 803, № 12, қ. 1, мод. 986, № 12, қ. 2, мод. 992; с.2009, № 3, мод. 80, № 7 - 8, мод. 501; с. 2010, № 3, мод.155, № 7, мод. 550; с. 2011, № 3, мод. 161, № 7 - 8, мод. 605; с. 2012, № 4, мод. 258, № 7, мод. 694; с.2013, № 6, мод. 403, мод. 404, № 11, мод.785, №12, мод. 881; с. 2014, № 3, мод.141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, № 3, мод.198, мод.199, № 11, мод. 949, № 12, қ.1, мод. 1107; с.2016, № 3, мод. 127, № 5, мод. 355, мод. 356, № 7, мод. 608, мод. 609), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 15:
- қисми 4) бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«4) Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматкунанда барои ҷинояти дар ҳудуди давлати хориҷӣ содиркардааш мутобиқи Кодекси мазкур дар ҳолате низ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ки мутобиқи моддаҳои мушаххаси Қисми махсуси Кодекси мазкур ҷавобгарии ҷиноятӣ маҳз барои дар ҳудуди давлати хориҷӣ содир намудани ҷиноят пешбинӣ гардида бошад. Дар ин маврид ҳолатҳои дар қисми 1 (ба истиснои маҳкум шудан) ҳамин модда пешбинигардида ба инобат гирифта намешаванд.»;
- қисми 4) қисми 5) ҳисобида шавад.
2. Аз қисми 6) моддаи 49 рақамҳои «291, 292, 293,» хориҷ карда шаванд.
3. Аз қисми 2) моддаи 72 калимаҳои «дар ҳолати мавҷуд будани шартҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинигардида,» хориҷ карда шаванд.
4. Дар моддаи 179:
- ба қисми 1) пас аз калимаҳои «амнияти ҷамъиятӣ,» калимаҳои «фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ,» илова карда шаванд;
- дар қисми 2):
- дар банди «б)» калимаҳо ва аломатҳои «содир шуда бошад,-» ба аломати нуқта вергул «;» иваз карда шаванд;
- бандҳои «в)», «г)», «д)» ва «е)» бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«в) аз ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ;
г) аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ;
д) аз ҷониби шахси мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ;
е) дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шуда бошад, -».
5. Дар моддаи 1791:
- қисми 2) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ;
в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.»;
- қисми 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3) Кирдорҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошанд, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул  шудан ба  фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.».
6. Дар моддаи 1793:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 1793. Даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ»;
- ба қисми 1) пас аз калимаҳои «ҳамин Кодекс» калимаҳои   «, инчунин сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ» илова карда шаванд;
- ба модда эзоҳ бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи терроризм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад.».
7. Эзоҳи моддаи 291 Кодекси мазкур хориҷ карда шавад.
  8. Эзоҳи моддаи 292 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«Эзоҳ: 1) Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо, ки дар моддаҳои 291, 292 ва 293 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, танҳо дар ҳолате ба миён меояд, ки агар шахс бори аввал ин кирдорҳоро содир намуда, дар давоми чилу ҳашт рӯзи бонкӣ аз рӯзи қабули қарори дахлдори мақомоти гумрук, андоз ва (ё) дигар мақомоти дахлдор, маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра насупорад, инчунин кирдорҳои мазкурро такроран содир намуда, дар давоми бисту чор рӯзи бонкӣ аз рӯзи қабули қарори дахлдори мақомоти гумрук, андоз ва (ё) дигар мақомоти дахлдор маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра насупорида бошад.
2) Агар нисбати шахс бо моддаҳои 291, 292 ё 293 Кодекси мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҳангоми тафтиши пешакӣ ва ё баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ шахс маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра супорад, дар асоси моддаи 72 ҳамин Кодекс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
3) Дар мавриди пас аз баровардани ҳукми суд маҳкумшуда маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳоро бо ҷарима ва фоизҳояш пурра супорад, бо қарори суде, ки ҳукм баровардааст, ё суди маҳалли иҷрои ҷазо ва ё суди болоӣ, аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешавад. 
4) Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо, ки дар моддаҳои 291, 292 ва 293 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, ҳангоме ба миқдори калон содиршуда ҳисобида мешавад, ки агар маблағи пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо ва (ё) пардохтҳои супориданашуда аз бист ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба миқдори махсусан калон, аз сию ҳафт ҳазору панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад.». 
9. Эзоҳи моддаи 293 Кодекси мазкур хориҷ карда шавад.
10. Дар моддаи 305:
- матни модда қисми якум ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- қисми 2) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ;
в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг;
д) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад.».
11. Дар моддаи 306:
- матни модда қисми якум ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- қисми 2) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2) Ҳамин кирдор, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ;
в) бо истифода аз мақоми хизматӣ;
г) дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг;
д) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир шуда бошад, - 
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бисту панҷ сол ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад.».
12. Ба қисми 1) моддаи 307 пас аз калимаҳои «Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «, инчунин мусоидат кардан ба содиркунии чунин кирдорҳо» илова карда шаванд.
13. Моддаи 3071 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 3071. Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм
1) Даъвати оммавӣ  барои  амалӣ  намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва (ё) сафедкунии оммавии экстремизм, - 
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
2) Ҳамин кирдор, агар бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет содир шуда бошад, - 
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда, агар:
а) такроран; 
б) дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва ё махсусан хавфнок содир шуда бошад, -
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад. 
Эзоҳ: Зери мафҳуми сафедкунии оммавии экстремизм тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии мафкура ва таҷрибаи экстремизм, таклифи тақлид ва дастгирии он фаҳмида мешавад.».
14. Ба қисми 2) моддаи 3073 пас аз калимаҳои «қабул шудааст,» калимаҳои «инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар,» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии 
Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 ноябри соли 2016, № 1359
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 19 октябри соли 2016, № 561
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ 
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
 
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:    
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 8 ноябри соли 2016, № 293


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2016    №: 227-228    Мутолиа карданд: 6091

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед